Ҳукумати ноҳияи Хуросон дар ҷануби Тоҷикистон ва идораи ҳифзи табиати ин минтақа пас аз нашри як гузориши Радиои Озодӣ дар мавриди зиёни хумдонҳо ё танӯрҳои оҳакпазӣ дар ҷамоати деҳоти "Қизилқалъа", фаъолияти оҳакпазиро дар ин макон манъ кардааст.
Як мақоми баландпоя дар ҳукумати ноҳияи Хуросон рӯзи 23 ноябр гуфт, гузорише, ки аз ҷониби Радиои Озодӣ нашр шуд ва назари коршиноси экологиву сокинони атрофи хумдонҳо дар ҷамоати деҳоти “Қизилқалъа”-
Ҳама маслиҳатҳо шудааст, қарори раиси ноҳия низ ҳаст. Ба наздикӣ кӯчонида мешаванд
и ноҳияи Хуросон дар мавриди дуди ғализ ва зарари онро мунташир карда буд, сабаб шуд, ки мақомот кори ин макони оҳакпазиро бисанҷанд. Дар натиҷа, кори хумдонҳо дар дар макони наздик ба зисти аҳолӣ манъ карда шуд.
Амирхон Тӯраев, як масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи корие бо ширкати мутахассисони онҳо ва намояндагони додситонӣ ба маҳалли танурҳои оҳакпазии деҳаи Хумдон сафар карда, фаъолияти хумдонҳоро назорат кардаанд ва ба хулосае омадаанд, ки бояд кори ин хумдонҳо қатъ шавад:
"Мо навиштаҳои шумо (Радиои Озодӣ) -ро хондем, ба мо кумак кард. Рафтем, назорат бурдем, ҳатто ҷарима кардем. Намояндагони додситонӣ низ назорат бурданд, худи роҳбарият аз танурҳо назорат бурданд ва пешниҳод карданд, ки фаъолияташон манъ карда шавад. Ҳоло дигар кор намекунанд ва ба дигар ҷо кучонида мешаванд."
Танурҳои оҳак ё хумдонҳои худсохт аз санг ба сурати ғорҳои азим аз Шӯравӣ дар деҳаи Хумдон фаъолият мекунанд. Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши аҳолӣ аз ин минтақа қитъаи замин тақсим карданд. Аммо хумдонҳо, ки ба хонаҳои мардум наздик ҳастанд, дуди ғализи оҳаксанг боис ба шикояти мардум шуд. Ин буд, ки шикояти мардум ва ёфтани роҳҳи ҳалли ин мушкил дар матлабе тариқи Радиои Озодӣ пахш шуд.
Дар ҳамин ҳол Сӯҳроб Асадуллоев, сардори идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросон мегӯяд, ҳама санадҳои лозим барои кучонидани хумдонҳо омода аст ва рӯзҳои наздик ширкатҳои оҳакпазӣ кӯчонида мешаванд.
Вай гуфт: "Ҳама маслиҳатҳо шудааст, қарори раиси ноҳия низ ҳаст. Ба наздикӣ кӯчонида мешаванд. Мувофиқи машваратҳои комиссияи махсус ин кор анҷом мешавад. Хумдонҳо ба кӯҳистон бурда мешавад, ба ҷое, ки ба аҳолӣ зарар нарасонад."
Дар гузориши Радиои Озодӣ аз 14 июни соли ҷорӣ ҳомиёни ҳифзи муҳити зист ва сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гуфтанд, ки хумдонҳои оҳак дар ин ноҳия муҳити зистро олуда бо дуди ғализ мекунанду нафас кашидан барои онҳо душвор мешавад. Ҳамакнун пас аз манъи фаъолияти хумдонҳо дар охирҳои моҳи июн сокинон мегӯяд, ки бидуни дуди ғализ зиндагӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол аз идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон гуфтанд, ки онҳо чанд моҳи пеш соҳибони хумдонҳоро барои зарар ба муҳити зист ва ворид кардани партобҳо ба рӯдхона ба миқдори 700 сомонӣ ҷарима кардаанд.
Танӯрҳо ё хумдонҳои оҳакпазӣ дар Хуросон 50 сол пеш дар мавзеи кӯҳҳое, ки аз он ҷо санги сафед барои оҳак ҷаъмоварӣ мешавад, ба истифода дода шудаанд. Дар чанд соли ахир аз 60 танӯри оҳакпазӣ дар даврони Шӯравӣ 30-тояш кор мекард. Вале бо сабаби бекорӣ сокинони ноҳияи Хуросон солҳо рӯзиашонро аз ин ҷо пайдо мекарданд. Ҳоло сокинон мегӯянд, ки бо кӯчонидани хумдонҳо макони кори онҳо ҳам тағйир меёбад