Афғонистон дар аҳди Толибон
Тирамоҳи соли 1996. Ҷангиёни Толибон ба адои намоз дар дохили қасри Арги президент дар Кобул омода мешаванд. Моҳи сентябри он сол гурӯҳи тундрав назорат бар Кобулро ба даст овард. Муҷоҳидон, ки замон зидди таҷовузи Шӯравӣ ҷангидаанд, дар солҳои 1990 мухолифи аслии Толибон буданд
Собиқ президенти рӯ ба Шӯравии Афғонистон Муҳаммад Наҷибуллоҳ (аз чап) ва бародараш баъди он ки боздошту кушта шуданд, дар дохили сохтмони СММ дар Кобул дор овехта шуданд. Ин куштори сентябри соли 1996 яке аз аввалин қатлҳои ҷамъиятии Толибон буд, ки дар пойтахти Афғонистон рух дод
Як узви Толибон мардеро барои ҳифзи ним килограмм афюн латукӯб мекунад. Гурӯҳи тундрав таҳдид карда буд, ки дар ин кишвар назму тартибро ҷорӣ ва муборизаро бо фасод вусъат мебахшад.
Ин ду мард дар шимоли Афғонистон боқимондаҳои силоҳҳоро барои ашёи рӯзгор омода мекунанд. Бо ин ки дар саросари кишвар баъди омадани Толибон рӯёрӯиҳои ошкоро кам шуд, масъалаи маишӣ, даромад ва дарёфти нон барои аксар сокинон мушкили дараҷаи як боқӣ монд
Дар аҳди Толибон занон вазифадор буданд, ки сару рӯи худро баста ва танҳо ҳамроҳ бо як узви марди хона ба берун бароянд
Занони Кобул. Толибон занонро аз ҳақи таҳсилу кор маҳрум карданд.
Толибон бозии футбро дар яке аз варзишгоҳҳои Кобул назорат мекунанд. Футбол хеле маъруф буд ва бахусус баъди он ки Толибон бозиҳои бодбарак ва бузкаширо "ғайриисломӣ" номида манъ карданд, ин бозӣ яке аз камтарин варзишҳое буд, ки барояш иҷозаи фаъолият доданд
Толибон аъзои тими футболи Покистонро барои он ки бо эзори кӯтоҳ ҳунарнамоӣ карданд, муҷозот намуданд. Сарҳои онҳо тарошида шуд. Ба футболбозон дар ҳангоми бозӣ амр шуд, ки саропо баста бошанд. Варзишгарони дигар, ба мисли муштзанҳо, мебоист миёни қоидаҳои варзишии худ ва Толибон муомила мекарданд. Вақте ду муштзани афғон барои бозӣ ба Покистон рафтанд, доварон аз онҳо талаб карданд, ки ришҳои худро битарошанд. Аз тарси Толибон варзишгарон риши худро даст нарасониданд ва бо ҳамин, бидуни ширкат дар муҳорибаҳо ба ватан баргаштанд
Мусиқиву кино манъ буд. Дар ин сутун лентаи фиттаҳои мусиқӣ печонида шудааст
Писарбачае ба пораи навори филме тамошо мекунад. Толибон пеш аз ин чандин фитаву навори видеоиро оташ заданд.
Толибон қуттиҳои оҳанини оби ҷавро бо тонки бозмонда аз Шӯравӣ пахш мекунад. Истеъмоли машруботи спиртӣ шадидан манъ буд ва барои онҳое, ки ин муқарраротро нақз мекарданд, муҷозоти сангин дар баробари мардум таҳдид мекард
Ширин Хон мардеро ба қатл расонид, ки дар куштори фарзанди ӯ дар шаҳри Хост гунаҳгор мешавад. Ин куштор бо ҳукми додгоҳи шариатӣ дар соли 1998 содир шуд
Ин ҷавон барои дуздии панҷ қолӣ аз роҳи сиёҳ кардани чеҳрааш муҷозот шуд
Барои муҷозоти дуздонӣ Толибон ду дасти маҳкумшуда дар дуздиро дар сутуни барқ овехтанд. Дар аҳди Толибон барои дуздӣ дастони гумонбарон бурида мешуд
Муҷассамаи Буддо дар вилояти Бомиёни Афғонистон то таркиш ва баъди он. Толибон соли 2001 муҷассамаи 6-ҳазорсоларо нобуд карданд. Вазири фарҳанги Толибон баъдан гуфт, ки чунин тасмим "мувофиқ бо қавонини исломӣ" мебошад.
Вале каме баъдтар ҳамин вазир иддао кард, ки нобуд шудани муҷассамаи Буддо ба нишони эътироз аз пешниҳоди маблағ аз ҷониби Ғарб ба хотири ҳифзу нигаҳдории ин ёдгории таърихӣ карда шудааст, дар ҳоле, ки дар ин минтақа кӯдакон аз гуруснагӣ азият мешаванд
Эътирозҳои Кобул дар соли 2001. Каме баъди ин нирӯҳои байналмилалӣ барои мубориза бо Ал-Қоида вориди Афғонистон шуданд
Нирӯҳои амрикоӣ дар кӯҳистони Қандаҳор дар соли 2003 зидди Толибон меҷанганд. Баъди вуруди нирӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА, ҷангиён дар кӯҳҳову деҳот паноҳ бурданд ваё ба Покистон фирор карданд
Соли 2010. Мубориза бо Толибон идома дорад
Мошини нирӯҳои НАТО дар Ҷалолобод мавриди ҳадаф қарор гирифт. Имрӯз, баъди тахминан бист соли суқути ҳукумати Толибон, намояндагони ин гурӯҳ дар ду музокироти ҷудогона шароити сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Як шарти Толибон берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон аст