Умеди тозаи мактаби сирки кӯдакони афғон

Хокигоҳ ҳунари жонглёриро меомӯзад

Машқгоҳи кӯдакон - толорест, ки аз варақҳои рангаи азим оро дода шудааст 

Аз миёни 200 шогирди мактаби сиркбозӣ тахминан 50 нафарашон духтарҳо мебошанд

Сирки таълимии тарбиявии атфоли Афғонистонро соли 2002 як омӯзгори  даниягӣ Дейвид Мейсон соли 2002 таъсис дод. Маблағгузории ин сиркро созмонҳои хориҷӣ ба ӯҳда доранд 

Салмо ҳунари жонглёриро меомӯзад

Ин тифл ҳаракати болои тӯби бузургро ёд мегирад

Духтарҳо дар ҳунарнамоии худ либосҳои рангаро истифода мекунанд. Ин кӯдакон дар мактаби сирк бепул дарс хонда дар ҳамин ҷо ғизову либос дарёфт мекунанд 

Дар баробари дарси сирк, кӯдакон аз рӯи барномаи маъмулии мактабӣ ҳам мехонанд ва навиштану хонданро ба дариву англисӣ ҳам ёд мегиранд 

Баъди дарс барои онҳо маҳалли бозӣ ҳам фароҳам оварда шудааст 

Хайрулло Ҳамид ва шогирдонаш Рубина ва Самина. Ӯ аввалин омӯзгори ҳунари сиркбозӣ дар Афғонистон мебошад  

Дар 15 соли соли фаъолияташ сирк дар баробари беш аз 3 миллион кӯдак дар 25 минтақаи Афғонистон ҳунарнамоӣ кардааст

Мактаби сирке, ки барои кӯдакони афғон дар шаҳри Кобул бунёд шудааст, ба садҳо тифл дар раҳоӣ аз ғаму мушкилоти марбут ба нодориву фақр кӯмак мекунад. Сиркбозони хурдсол дар ин даргоҳ дорбозиву масхарабозӣ, чашмбандӣ ва ҳунарҳои дигари сиркро азхуд мекунанд.