Раиси ҷумҳури Афғонистон ва ҳамсараш аз Шарбат Гул -- зани афғони қаҳрамони маҷаллаи National Geographic, ки дар Покистон барои сохтакории санадҳо боздошт ва ахиран ихроҷ шуд, дар қасри президентӣ истиқбол карданд.
Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, дар ин маросим, раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ калиди як хонаро ба ин зани машҳури афғон, таслим кардааст.
Оқои Ғанӣ дар ин маросим Шарбат Гулро дард, мазлумият ва тасвири орзуҳои Афғонистон дониста ва гуфтааст, ки ин зан дар солҳои муҳоҷират ва ҷанг, тасвири кишвари ҷангзада ва муҳоҷирро ба ҷаҳон ба намоиш гузошт.
НАВОР АЗ БАХШИ АФҒОНИСТОНИИ РАДИОИ ОЗОДӢ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шарбат Гул, зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ рӯйи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуда ва ӯро ба шӯҳрат расонда буд, баъди тақрибан ду ҳафтаи боздошт бо се духтару як писари хурдсолаш субҳи чоршанбеи 9 ноябяр аз Пешовар ба Афғонистон баргашт.
Мақомоти Покистон Шарбат Гулро дар гузаргоҳи марзии Турхам, ки дар марзи вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон ва Ҷалолободи Афғонистон воқеъ мебошад, ба мақомоти афғон таслим карданд. Дар аввал гуфта мешуд, ки Шарбат Гул рӯзи 7 ноябр ба Афғонистон меравад, вале ба сабаби беморӣ пулиси Покистон ҳузури вайро то рӯзи чоршанбе дар яке аз шифохонаҳои Пешовар тамдид карда буд.
Шарбат Гул тақрибан ду ҳафта пеш бо иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шуд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ин зан дар моҳи апрели соли равон бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешовар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд.
Дар аксе, ки рӯи санади шиносоии қалбакии ӯ қарор дорад, метавон ҳамон чашмони сабзранги Шарбат Гулро дид. Ҳамон чашмони сабзранге, ки дар акси Стив МакКарри рӯи маҷаллаи National Geographic тасвир ёфта буд. Ҳарчанд ҳоло каме пиртар ба назар мерасад. Акси аслӣ соли 1984 дар урдугоҳи паноҳандагон дар шимолу ғарби шаҳри Пешовар ва дар замони ишғоли Афғонистон аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифта шуд.
Аз соли 1979 ва ишғоли Афғонистон аз сӯи артиши Шӯравӣ, хоки Покистон ба муддати чиҳил сол паноҳгоҳи нисбатан амне барои миллионҳо муҳоҷирони афғон будааст. Тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди чаҳор миллион афғон дар Покистон сабти ном шудаанд ва ин кишвар аз назари қабули паноҳҷӯён дар сатҳи ҷаҳон дар рутбаи саввум қарор дорад. Ба тахмини СММ, ҳудуди як миллион муҳоҷири дигари афғон бидуни иҷозаи иқомат дар Покистон зиндагӣ мекунанд.
Ҳукумати Покистон аз соли 2009 мӯҳлати таъиншуда барои бозгашти афғонҳо ба кишварашонро борҳо ба таъхир андохтааст, вале ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Покистон баъд аз моҳи марти соли 2017, ҳузури муҳоҷирони афғонро дигар таҳаммул нахоҳад кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад