Додгоҳи вилояти Хатлон баррасии парвандаи пурсарусадои муаллимаи мактаби шумораи 14-и ноҳияи Шаҳритузро хотима дода, ӯро ба 19 ва шавҳарашро ба 17 соли зиндон маҳкум кард.
Ман аз ҳукм розӣ ҳастам, шикоят надорам, ҳамсарамро куштанд, духтарамро захмӣ карданд, бояд ҷазояшонро бубинад. Барои замину дарахт одам куштанд
Ҳамсарон дар куштор ва сӯиқасд ба куштор гунаҳгор шуданд. Мурофиаи додгоҳии муаллимаву ҳамсараш рӯзи 14 сентябр дар бинои додгоҳи ноҳияи Шаҳритуз анҷом шуд.
Дилбар Мигнороваи 29-сола ва шавҳари ӯ Шафқат Норматови 30-сола, сокинони деҳаи Султонободи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Шаҳритуз дар қатли як нафар ва маҷруҳ кардани нафари дигар гунаҳгор дониста шуданд.
Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 17-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва ҳамсараш 10 рӯз фурсат ҳаст. Ҳамсарон аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ - “тайёрӣ ба ҷиноят”, “сӯиқасди ҷиноят” ва “куштор” маҳкум шуданд.
Вакил: аз болои ҳукм шикоят мекунем
Анвар Норматов, вакили дифои муаллима Дилбар Мигнорова ва шавҳари ӯ Шафқат Норматов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳкумшудаҳо аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба додгоҳи болоӣ шикоят мебаранд: "Ҳатман шикоят мебарем. Ин ҷо кирдори қасдан нобуд кардан нест, аз беэҳтиётӣ шудааст. Зан баъди 5 соат дар натиҷаи хунравии зиёд ҷон додааст."
Набӣ Мигноров, бародари муаллима гуфт, ки аз шунидани ҳукми додгоҳи хоҳар ва язнааш афсурда шудааст, чунки акнун се кӯдаки ноболиғи онҳо бепарастор мемонанд. Набӣ Мигноров, ки баъди боздошту шурӯи тафтишот масъулияти саробонии хоҳарзодаҳояшро ба ӯҳда дошт, мегӯяд, шароити иқтисодии нигоҳубини онҳо ва ҳам фарзандони худро надорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтааш: "Падару модар ҳам пир ҳастанд. Кӯдаконашон бепарастор мондаанд. Бояд ҷазои сабуктар медоданд."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муаллимаи мактаб барои қатли ҳамсоя дар додгоҳ посух медиҳад
Ҷабрдидаҳо: Аз ҳукм розӣ ҳастем
Дар ҳоле, ки наздикони муаллима ва шавҳари ӯ қотеона бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ин ҳукмро сангин арзёбӣ мекунанд, ҷабрдидаҳо мегӯяд, ки ҳукми одилона содир шудааст ва бо гузашти чанд моҳ аз ҳодисаи хунин тоза оромиш гирифтаанд.
Қосим Ҳусейнов, як сокини ноҳияи Шаҳритуз дар моҷарои 8 июл, ки миёни Мигнорова ва наздиконаш сар зад, ҳамсараш – Дилбар Ҳусейноваро аз даст дод ва духтараш Насиба Ҳусейнова захмӣ шуд. Қосим Ҳусейнов мегӯяд, ки баъди содир шудани ҳукм оромиш пайдо кардааст: "Ман аз ҳукм розӣ ҳастам, шикоят надорам, ҳамсарамро куштанд, духтарамро захмӣ карданд, бояд ҷазояшонро бубинад. Барои замину дарахт одам куштанд."
Моҷарои хунин миёни ҳамсояҳо дар деҳаи Султонободи ҷамоати Пахтакор баъди баҳси сесолаи замин сар зад.
Моҷаро чӣ гуна сар зад
Ҳамсояи муаллимаи мактаби рақами 14-и ноҳияи Шаҳритуз Насиба Ҳусейнова рӯзи 8 июл ҳамроҳ бо модараш Дилбар Ҳусейнова ва хоҳараш ба хонаи Дилбар Мигнорова рафтанд. Тафтишот мегӯяд, ки гӯё нияти муросо кардан бо ҳамсоя ба баҳсу моҷаро печид. Муаллима ба тани Насиба Ҳусейнова ва модараш чанд корд задааст. Дар натиҷа, модари ҳамсоя дар бемористон ҷон дод.
Ба иттилои наздикони ҳарду ҷониб, муаллима дар баробари кор дар мактаб ба умеди замини кишташ зиндагӣ мекард. Соҳиби 30 сотих замин буда, дар он памидор, картошка ва бодиринг парвариш мекард. Вале шохи дарахтони ҳамсоя болои кишти памидору сабзавоти ӯро соя карда, ҳосилашро осеб мерасонидааст. Дар ҷамоат ҳам гуфтанд, ки талоши Мигнорова барои буридани шохи дарахти ҳамсоя боиси моҷароҳои пайваста мешуд.
Аз ҷамоати деҳоти Пахтакор гуфтанд, ки ин фоҷеа баъди баҳси замин ва ҳамсоядорӣ сар задааст. Ҳарчанд онҳо талош карданд ҳасояҳоро ба созиш оваранд, вале бенатиҷа буд ва дар охир бо куштор анҷомид.
Дилбар Мигнорова собиқаи 8-солаи кор дар мактаби рақами 14-и деҳаи Султонободро дошт ва ба синфҳои ибтидоӣ дарс медод. Иброҳим Ниёзов, мудири мактаб гуфт, ки ҷинояти содиркардаи муаллима тамоми шогирдонро дар ҳайрат гузошт. Мудири мактаб дар замони боздошти муаллима ӯро танбеҳ дода сарзаниш кардааст.
Бархе дигар нафарон, ки аз фоҷеаи деҳаи Султонобод огоҳ ҳастанд, мегӯянд, агар муаллима даромади пулии кофӣ медошту ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ эҳтиёҷ надошт, эҳсоси хашму асабонияташ то ба дараҷаи куштор намерасид.
Таҳлилгарон мегӯяд, ки дар аксар баҳсҳо, ки ба моҷаро ва ҷинояту куштор анҷом мешавад, мушкили иҷтисодӣ ангезаи аслии хашму ғазаб дида мешавад. Мунаққидон мегӯянд, ки агар муаллима аз пули кори мактаб зиндагии хуб медошт, шояд вобаста ба замин намешуд ва ҷиноят сар намезад.
Баҳси ҳамсоядорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки асосан сари тақсимоти замин ва дарахту обкашонӣ сар мезанад, кам нест. Маъмултарини ин баҳсҳо, ки гоҳо ба додгоҳ мераванд, барои тақсими ноодилонаи замин сар мезананд.
Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дарсади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлигӣ, манзил ва замини корам, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.