Муаллифи навори боздошти занони ҳиҷобпӯш дастгир шуд

Дар Исфара алайҳи як сокини ин ноҳия, ки боздошти занони ҳиҷобпӯш аз ҷониби пулисро бо телефони ҳамроҳаш наворбардорӣ намудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Додситонии Исфара алайҳи як сокини ин ноҳия, ки аз боздошти занони ҳиҷобпӯш тавассути мақомоти пулис норизоӣ карда, ин манзараро бо телефони ҳамроҳаш наворбардорӣ намудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Оқил Шарипов, сокини 31-солаи ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара ба думболи пахши навораш аз боздошти занони ҳиҷобпӯш ба шабакаи Интернет рӯзи 20 феврали соли равон аз ҷониби пулиси Исфара дастгир шудааст.

Анвар Раҳмонзода додситони Исфара рӯзи 9-уми март дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Шарипов Оқил мутобиқи банди 189, қисми 2- и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” боз карда шудааст. Мо ӯро дастгир кардем, ҳоло дар боздошт аст. Корҳои тафтишотиро пеш бурда истодаем.”

Ҷаноби Раҳмонзода др посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё алайҳи Шарипов танҳо барои наворгириаш аз ҷараёни даъвати иҷбории занони ҳиҷобпӯш ба идораи пулис ва норизояташ аз ин кори пулис айбдор дониста шуд ё кадом гуноҳи дигаре низ содир кардааст, гуфт, "дар кирдори вай ҳамин ҷинояти мутобиқи банди 189 ҳаст. Лекин ҳоло ҳифзи сирри тафтишотӣ намегузорад, ҷузъиёти онро ошкор кунам.”

Дар ин навор, ки ҳоло дар шабакаи Интернет чарх мезанад, як корманди пулис ду зани ҳиҷобпӯшро зӯран ба сӯи микробуси сафеде мебарад. Як ҷавонзани дигар аз дохили микроавтобус дар посух ба саволи наворбардор мегӯяд, ки онҳоро ба хотири ҳиҷобпӯш буданашон ба идораи пулис мебаранд. Ва наворбардор мегӯяд, ки бубинед, аз назди беморхонаи Исфара занонеро, ки сатри аврат доранд, дошта мебаранд: “Аврат мумкин нест... Мана бинетон. Мана ин государство (ҳукумат) !”

Зоҳиран, ду-се ҷои садои ин навор, ки эҳтимол берун аз доираи ахлоқ аст ё ба далели дигар, “қайчӣ” зада шудааст.

Як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии Исфара-1 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз нашри ин навор дар интернет, Оқил Шарипов аз манзилаш дастгир шуд ва барои “барои итоат накардан ба пулис” алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз гардид. Додгоҳи Исфара Шариповро бо ин айб барои 7 рӯз “боздошти маъмурӣ” фармуд. Вале пас аз бозомӯзии қазия ва анҷоми замони боздошт, нисбат ба Оқил Шарифов бо иттиҳоми “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳоло таҳқиқи ин парвандаро додситонии Исфара пеш мебарад. Додгоҳ мӯҳлати боздошти Шариповро 2 моҳи дигар тамдид кардааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Оқил Шарипов, рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо зерҳимояаш мулоқот дошт ва дар кирдори вай “аломати ҷиноят”-ро намебинад: “Вай мегӯяд, ки дар ҳақиқат тасодуфан дар маркази шаҳри Исфара манзараи боздошти иҷбории занони ҳиҷобпӯшро дар давлати ҳуқуқбунёд ва демократии Тоҷикистон дида, ба ҳайрат афтод. Ва ба ҳаяҷон омада, норизо шуд ва бо мобилаш навор гирифт. Вале Шарипов мегӯяд, ки нисбат ба сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ягон норизоӣ надорад. Мегӯяд , дар ҳолати ҳаяҷонзадагӣ шояд гапҳои пасту баланд ҳам гуфта бошад. Вале зерҳимояам бо наворгирии боздошти занони ҳиҷобпӯшу норизоияш аз ин кори мақомоти пулис чӣ гуна адовати милливу динӣ барангехтаст?Ман дар кирдори зерҳимояам инро намебинам.”

Хонум Воҳидова афзуд, ки Оқил Шарипов замони таҳқиқи парванда аз Исфара ба боздоштгоҳи нигаҳдории муваққати Хуҷанд (СИЗО- и рақами 2) интиқол дода шуда, ҳоло дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Дидору сӯҳбати онҳо низ дар ҳамин муассиса ҷараён гирифтааст. Вай дар мавриди паҳн шудани навори зерҳимояаш дар шабакаи Интернет афзуд, ки зерҳимояаш наворро ба чанд рафиқаш тавассути барномаи “Вайбер”- и телефони ҳамроҳаш фиристода, кадоме аз онҳо ба интернет гузоштааст.

Оқил Шарипов, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, як ҷавони оддӣ ва ором буда, умдатан дар муҳоҷирати кории Русия қарор доштааст. Вай шаҳрвандии Русияро низ доштааст. Шарипов баъди 15 соли ҷудоӣ нав аз Русия ба зодгоҳаш, Исфара ба дидорбинии аҳли байташ баргашта, дар пайи қазияи наворгирии боздошти занони ҳиҷобпӯш аз ҷониби мақомоти пулис боздошт шудааст. Ҳасан Аҳмадзода, котиби ҷамоати Сурхи Исфара мегӯяд: “Оқил Шариповро чун як соҳибкори маҳаллӣ ва саҳмгузор дар корҳои ободонии ҷамоат мешиносем. Падараш вакили маҷлиси маҳаллӣ ҳастанд. Вай ба ягон ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳамроҳ нест. Хабари боздошташро шунидем, аммо ҷузъиёташро намедонем.

Ҳоҷимаҳмуд Шарипов, падари Оқил Шарипов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9 феврал гуфт, бемори фишории хун дорад ва намехоҳад дар бораи қазияи писараш ҳарф бизанад.

Баҳси боздошти Оқил Шарипов, сокини ноҳияи Исфара бо мақомоти пулиси ин маҳал ҳангоми наворгирӣ аз боздошти занони ҳиҷобпӯш, ки гӯё онҳоро ба идораи пулис барои гирифтани изи ангуштонашон мебурданд, дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон фишор болои мардони ришдор ва занони ҳиҷобпӯш дар моҳҳои охирро рад мекунанд. Мақомоти пулис мегӯянд, ки кормандони ин ниҳод танҳо ба “корҳои фаҳмондадиҳӣ” машғуланд ва боздоштҳои занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор ба хотири либоси исломӣ ва риши онҳо асос надорад.

Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, аз маркази матбуоти додситонии Суғд дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи парвандаи Оқил Шарипов гуфтанд, ки ба зудӣ дар бораи ҷараёни таҳқиқи парванда маълумоти бештарро ироа хоҳанд кард.