Хонум Майтдиннова, ки бо дастури ҳукумати шаҳри Душанбе аз манзилаш дар маркази пойтахт маҳрум шуд, аз иҷрои ҳукми додгоҳ барои тарки манзил худдорӣ кард ва аз тарафи додгоҳ ҷазо гирифт. Абдураҳмон Шарифов, вакили дифоъи Майтдинова, мегӯяд, агарчи зерҳимояташ аз ин қарори додгоҳ чандон норизо нест, аммо қасд дорад барои исботи бегуноҳии худ ба додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят барад.
Вай афзуд, муҳокимаи дубора беасос будани даъвоҳои пешинаи додситониро собит мекунад. Вакили дифоъи Майтдинова афзуд, «зерҳимояти ман бегуноҳ аст, дар таркиби ҳаракаташ гуноҳ нест, лекин дар тафтишоти пешакӣ дархостҳои моро ба назари эътибор нагирифтанд ва гузаронидани ташхисҳоеро, ки мо тақозо кардем, рад намуданд. Яъне, баръало ғайривоқеъӣ рафтор карданд».
Қаблан бар асоси ҳукми додгоҳ доктори улуми таърих, профессори Донишгоҳи тоҷикию славянӣ Гузал Майтдинова бо иттиҳоми мухолифат ба корманди додгоҳ ҳангоми иҷрои қарори додгоҳӣ муҷозот шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе аз шарҳи қазияи Гузал Майтдиннова худдорӣ варзид.
Аммо Сергей Романов, раҳбари гурӯҳи таҳқиқотии Дафтари ҳуқуқи башар дар пойтахти Тоҷикистон, бархурди мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ алайҳи Гузал Майтдиноваро ноодилона шуморид ва онро намунаи бармалои нақзи ҳуқуқи инсон дар кишвар арзёбӣ кард. Вай гуфт, «созмони мо аз аввал бо қарори додгоҳи шаҳрӣ мувофиқ набуд. Аз ин рӯ, то додгоҳи олии Тоҷикистон дар ин бора шикоят хоҳем бурд. Ин талоши мо то сафедшавии комили хонум Майтдинова идома хоҳад дошт».
Қиссаи додгоҳии Гузал Майтдинова аз ин ҷо шурӯъ шуд, ки 10 марти соли гузашта шаҳрдории Душанбе ба иҷрои қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи сохтмони Қасри ҷавонон дар ҷои собиқ қаҳвахонаи «Бадахшон» оғоз кард. Баъд аз ду моҳ ҳукумати пойтахти Тоҷикистон қарори тахриби 14 манзили маскунӣ дар маҳалли сохтмонро содир намуд. Тибқи ин қарор, то 11 июни соли 2007 ҳама сокинони ин 14 хона мебоист манозилашонро озод мекарданд.
Ба гуфтаи вакили дифоъи хонум Майтдиннова, додситонии шаҳри Душанбе бо нақзи қонун 17 октябри соли гузашта ба амалиёти ихроҷи хонаводаи профессор Майтдинова шурӯъ намуд. Миёни Майтдинова ва муҷриёни додгоҳӣ муноқиша сар зад, ки дар натиҷаи он амалҳои Майтдинова ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои истиқоматии худ аз ҷониби додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун ҷиноят арзёбӣ шуданд. Ва профессорро, ки мегӯяд, барои ҳифзи ҳуқуқи худ саъй мекард, барои қонуншиканӣ ба панҷ соли зиндон маҳкум намуданд.