Тоҷикистон ва ҷаҳон дар ойинаи матбуоти кишвар

Мурофиаи соҳиби «Орима», дидори президент бо зиёиён, суиқасд ба ҷони Путин ва сафари Раҳмон ба Африқо мавзӯъҳои аслии нашрияҳои чопи имрӯз аст.

«Asia-Plus» дар гузориши худ аз ҷараёни мурофиаи додгоҳии Маъруф Орифов, соҳиби аслии фурӯшгоҳҳои «Орима», менависад, тайи даҳ соли фаъолияти ширкати вай дар бозори Тоҷикистон, Орифов беш аз 10 миллион доллар масраф кардааст. Бо вуҷуди ин ки замони оғоз ба кор кардан, тибқи қонун, ширкатҳои муштараки тозабунёд то 10 сол аз пардохти молиёт озод буданд, мақомот Маъруф Орифовро дар сарпечӣ аз пардохти 1 миллион сомонӣ молиёт муттаҳам мекунанд. Аммо ҷониби айбдоркунӣ иддао дорад, ки Маъруф Орифов дар ҷараёни кори ширкаташ аз меъёрҳои дугона истифода карда ва қасдан молиётро ба хазинаи давлат насупурдааст. Нашрия мегӯяд, ба гумони ғолиб, мурофиаи додгоҳии мазкур базудӣ анҷом нахоҳад ёфт, чун то имрӯз танҳо 6 нафар аз шоҳидон дар додгоҳ бозпурсӣ шуда ва то 20 март дар кори мурофиа танаффус эълон шудааст. Сергей Мирзоев, вакили мудофеъи нафари муттаҳам, дар мусоҳиба бо «Asia-Plus» гуфтааст, таҳқиқи парвандаи Орифов аз сӯйи мақомоти тафтишотӣ ғайримунсифона сурат гирифта, далелҳои бегуноҳии ӯ дар ҷараёни тафтишот ба инобат гирифта нашудаанд.

Дар саҳфаи аввали нашрияи «Фараж» таҳти сарлавҳаи саволдори «Тоҷик Путин ва Медведевро куштанӣ буд?» матлабе ҷо шуда, ки хабарҳои нашршуда дар матбуоти Русияро ҳангомаи навбатӣ алайҳи тоҷикон унвон кардааст. Рӯзнома суолеро матраҳ мекунад, ки «Оё тоҷик чӣ асосе барои қатли Путин дорад?». «Сарфи назар аз сардиҳо дар муносиботи Русияву Тоҷикистон, Путин рӯйи ин равобит хатти батлон накашидааст ва дар Душанбе қолин бо акси Путин, барои мисол, аз ҳама серхаридор аст», - ишора ба эҳтироми мардуми тоҷик ба русҳо мекунад «Фараж». Ба навиштаи ин нашрия, «тоҷик эълон кардани Усмонови доғистонӣ ба хотири афзудани шумори турбати тоҷикони Русия аст ва рӯзномаи русии «Твой день» - манбаъи аслии ин ҳама сару садоҳо, супориши кадом як шахс ё мақомоти бадхоҳи тоҷикро иҷро кардааст».

Дар ҳамин ҳол нашрияи иҷтимоиву фарҳангии «Озодагон» менависад, «шаҳрдори Маскав Юрий Лужков, ки ҳам ба меҳмоннавозии Душанбе сарафроз гашта буд ва ҳам ҳар сари чанд вақт аз ҳукуматдорони тоҷик ҳадяҳои гаронбаҳо мегирад, тоҷиконро таҳқир кард. Вай дар ҷаласае дар ҳузури аҳли фарҳанг ва ҳунари Маскав гуфт, «бояд дар Маскав ҳама чизи беҳтарин гирд оварда шавад, на балки фақат тоҷикон». Муаллифи матлаб дар идома мегӯяд, Лужков аввалан тоҷиконро «чиз» номид, яъне аз қатори инсонҳо берун гузошт ва сониян, тамоми ғаждию ифлосии Маскав ва ҳама нохушояндиҳои шаҳри худро дар вожаи «таджики» ҷой дода, онро бо кароҳати тамом талаффуз кард. «Озодагон» ин гуна баёнияҳои Лужков ва сиёсатмадорони дигари русҳо муҳаррики ҷавонони бегонаситези рус, ки ба ҳамлаҳо ба шаҳрвандони осиёӣ маъруфанд, унвон кардааст.

Ва нашрияи «Дунё» аз қавли коршиноси масоили энержӣ Алфия Аҳророва навиштааст, «раванди имрӯза нишон медиҳад, ки дар Узбакистону Қазоқистон саноат ба суръат рушд мекунад ва оянда дар ин кишварҳо эҳтимол дорад, амнияти энергетикӣ таҳти хатар бимонад. Аз имрӯз дар бахши саноати ин кишварҳо зиёдшавии сарборӣ дар муассисаҳои энергетикӣ мушоҳада мешавад, ки пайомадҳои нохуш ба думбол хоҳад дошт». Ба ин далел, профессор Аҳророва таъкид мекунад, ки бояд Узбакистону Қазоқистон ба эҳдоси нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ҳавасманд бошанд. «Дурандеш будан лозим», - хулоса мекунад «Дунё».