Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё 30-юми июл дар варзишгоҳи Гачибовлии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон бо мунтахаби Туркманистон бозӣ хоҳад кард.
Ин дидор соати 15-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Бозии дигари гурӯҳи «А» бегоҳи имрӯз байни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Афғонистон барпо мегардад.
Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «A» 1-уми август бо тими Ҳиндустон ва 3-юми август бо дастаи Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Бозиҳои даври аввали гурӯҳи «В» фардо - 31-уми июл - байни дастаҳои мунтахаби Куриёи шимолӣ ва Шри-Ланка, Мянмар ва Непал доир мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини ҳарду гурӯҳ ба бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 7-уми август барпо мегарданд, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 10-уми август баргузор хоҳад шуд.
Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2008 ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2011, ки дар Қатар доир мегардад, роҳхат мегирад.