Андозҳои дандоншикан - садди роҳи соҳибкорӣ

Соддасозии системи андоз ва шаффофияти масрафи андозҳо аз сӯи давлат аз мавзуъоти асосии мизи гирди мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон дар Душанбе буд.

Дар ин мизи гирд таҳлили иқтисодӣ ва молии қонуни андоз ё молиёти ҷумҳурӣ баррасӣ шуд. Матлуба Улҷабоева, раиси Идораи асотсиатсияи миллии соҳибкорони миёна ва хурди Тоҷикистон, гуфт, дар қонуни феълии андоз норавшаниҳои зиёд аст, ки дар бархе аз мавридҳо кормандони кумитаи андоз онро ба нафъи худ барои бештар ситонидани андоз истифода мебаранд.

Гузашта аз ин, ба қавли ӯ, андозҳои дандоншикан боиси адами тавсеъа дар тиҷорат ва соҳибкорӣ шуда, ба дилсардӣ дар бахши хусусӣ сабаб мешавад. Вай гуфт, то замоне ки давлат фазои муносиб ва воҳиди андозро барои тамоми тоҷирон муҳайё накунад, иқтисод пеш нахоҳад рафт ва аз фасод ҷилавгирӣ нахоҳад шуд.

Баҳс сари он буд, ки давлат дар бархе аз фаъолиятҳои тоҷирон ва соҳибкорон, аз ҷумла коркарди пахта, дар пардохти андоз имтиёз қоил шудааст. Георгий Кошлаков аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистон гуфт, чаро давлат ба нонпаз имтиёз қоил намешаваду ба коркарди пахта имтиёз медиҳад? Ба эътиқоди Виктор Ким, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, чунин суолҳо дар мавриди қонуни норавшани андоз зиёд аст, ки ба ҳадсу гумони зиёде дар бораи контроли тиҷорат аз сӯи гурӯҳҳое дар Тоҷикистон сабабгор шудааст.

Ба эътиқоди тоҷирон ва соҳибкороне, ки дар ин мизи гирд ширкат доштанд, қонуни андози Тоҷикистон ё кодекси андоз ба таҷдиди назари ҷиддӣ ниёз дорад. Зеро, ба эътиқоди Виктор Ким, узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, кодекси андозе, ки Тоҷикистон дорад, барои кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ мувофиқ аст, на барои Тоҷикистон, ки ҳуқуқи моҳонаи ҳадди ақал беш аз 20 сомониро ташкил медиҳад. Вай мегуяд, «барои мисол, фонди ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ 25 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин барои Тоҷикистон хеле зиёд аст. Дар ҳоле, ки худи корхонаҳо тавони молии пардохти ҳуқуқи моҳонаи мардумро надоранд. Пешниҳоди мо ин аст, ки ин андоз коҳиш дода шавад».

Ба қавли ширкаткунандагони ин мизи гирд, аз 17 навъ андозе, ки давлат муқаррар кардааст, бо назардошти шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар коҳиш мехоҳад. Ба эътиқоди Фатҳиддини Ҳиммат, як тоҷир аз Душанбе, ин навъ андозҳо ба хараҷу мараҷ ва аксизҳо, ки ба ҳисоби евро, пули воҳиди Аврупо, аз мардум ситонида мешавад, ба болоравии нархҳо сабаб мегардад.

Ширкаткунандагони мизи гирд пас аз баҳсу баррасӣ ба хулосае расиданд, ки дар Тоҷикистон кодекс ё қонуни нави андоз зарур аст, то фазои мусоид барои тиҷоратро фароҳам биёрад ва шаффофияти масрафи андозҳои ҷамъшударо таъмин кунад.