Ин ширкат мегӯяд, ки бо дархости раиси ҷумҳурии ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон тайи се соли охир дар додгоҳ манфиатҳои ҳукумати Тоҷикистонро ҳимоя кардааст. Муаллифи ин матлаб Ҷон Ҳелмер, хабарнигори ғарбие аст, ки аз соли 1989 дар Маскав фаъолият мекунад ва қазияҳои додгоҳии ширкати алюминии Тоҷикистонро дар Лондон тавассути гузоришҳои додгоҳӣ, санадҳои муассисаҳои молии бонуфуз мавриди омӯзиш қарор додааст.
Дар гузориши ахири худ дар сомонаи интернетии «Asia Times» мегӯяд, қазия соли 2005 шурӯъ шуд. Ширкати алюминии «ТадАЗ»-и Тоҷикистон ва гурӯҳи русии «Русал» аз болои Аваз Назаров, ва ширкати "Ансол"-и вай ба додгоҳи Лондон шикоят бурданд. Баъдан Назаров даъвои ҷавобӣ ба додгоҳ бурд ва додгоҳ «Русал» ва «ТадАЗ»-ро дар фасод муттаҳам кард. «ТадАЗ», ки имрӯз чун «Талко» ёд мешавад, корхонаи тавлидкунандаи алюминиум, муҳимтарин моли содиротии Тоҷикистон мебошад. Ҷон Ҳелмер менависад, дар давоми ҷанг ва бӯҳронҳои иқтисодии кишвар ин ширкат тавони муомиларо бо пули нақд аз даст дод, баъдан гурӯҳи таҳти раҳбарии Назаров дубора фаъолияти «ТадАЗ»-ро зинда карданд, ва мизони тавлиди алюминиумро дар ин корхона ба чандсад ҳазор тонна дар сол боло бурданд.
Дар декабри соли 2004 Эмомалӣ Раҳмон раҳбарияти ширкати Тадазро аз кор дур кард ва ширкати "Руский Алюминий"-ро ба раҳбарии Олег Дерипаска ба ин кор ҷалб намуд. Онҳо шеваи кори «ТадАЗ»-ро иваз карда, қарордоди толлингро ба роҳ монданд, ки вуруди гилхокро ба ивази алюминии тавлидшуда дар назар мегирад. Аммо ин тарзи кор хеле гаронқимат буд. Тибқи баёнияҳои додгоҳии намояндаҳои ширкат, «ТадАЗ» барои ҳар 1 тонна алюминий 27 доллар аз даст медод. Даромади ин ҳама дар ҷазираҳои Вирҷиния дар суратҳисобҳои ширкати «CDH» ва дигар гурӯҳҳо ҷамъоварӣ мешуд.
Хабарнигор Ҷон Ҳелмер мегӯяд, "тавре додгоҳ муайян кард, ширкати «CDH» ва ширкати наве, ки соли гузашта арзи ҳастӣ кард, бо исми «Talco management limited» - дорандаҳои саҳмияҳои ин ду ширкат шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки ба назар мерасад, ба раиси ҷумҳурӣ Раҳмон ва хонаводаи вай марбут мебошад".
Ҷон Ҳелмер меафзояд, масъала ин аст ки ширкати «Талко» мустақиман аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ назорат мешавад. "Дар гузоришҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, сохторҳое, ки ба Тоҷикистон қарз медиҳанд, ба таври мушаххас ба чигунагии идораи корхонаи алюминиум эътироз шудааст. Ба ин ки ба таври мустақим аз тарафи президент назорат мешавад. Ҳисобҳояшро ба таври лозима мушаххас намекунад, ва муҳосиботаш тавре ба роҳ монда шудааст, ки аз ҳисобҳои он ҳеҷ кас пайгирӣ карда наметавонад".
Дар ҳоле ки тавлидкунандагони алюминиум сол то сол зиёд мешавад, даромади онро ширкатҳои оффшор дар ҷазираҳои Вирҷиния ба даст меоранд, мегӯяд хабарнигори ғарбӣ. То ҳол мегӯяд вай, новобаста ба идомаёбии ҷанҷолҳои додгоҳӣ, "иттиҳомоти алайҳи Назаров чандин бор аз ҷониби қозиҳо рад шудааст".
Ҷон Ҳелмер мегӯяд, ин ҷо даъвои дигар ҳам ҳаст, ки марбут ба шикояти додгоҳии ширкати алюминии Норвегия «North Hydro» ё «Hydro aluminum» аст. Дар як қазияи дигар «Hydro aluminum» соли 2005 «Талко»-ро барои нопадидшавии 80 ҳазор тонна алюминий ба маблағи 145 миллион доллар муттаҳам мекунад. Вай гуфт, додгоҳ ҳукм кард, ки маблағҳои мазкур ба сирқат бурда шудааст ва ҳукумати раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дуздӣ муттаҳам кард.
Декабри соли 2006 ҷониби норвежӣ бо Талко қарордоди нав баст аммо ҳоло ин қазия ҳам ба як дардисари дигар дар Осло табдил шудааст. Мунаққидони ин ҳама қазияҳо, аз ҷумла баъзе аъзои парлумон, ҳукумати Норвегияро барои он айбдор мекунанд, ки ба бахше аз ҷанҷолҳои коррупсионӣ дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё табдил шудааст.
Ва ҳоло дар робита бо изҳороти ширкати «Herbert Smith» Ҷон Ҳелмер мегӯяд, "он чи ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии моҳи феврали имсол илова шуд, ин буд, ки ширкати «Herbert Smith» «Талко»-ро моҳона ба маблағи 11 миллион доллар ҳисоббандӣ кардааст. Ва баъдан дар мурофиаи 15 апрели имсол, ки гузориши ман ҳам ба он ишора мекунад, ҳар як ҷониб, аз ҷумла «CDH» бояд ба додгоҳ мадорик ироа мекарданд, ки чӣ суратҳисобҳое фиристода шуда ва кадом яке пардохт шудааст ва боқимондаи ҳисоб аз ин парванда чӣ қадар аст.
Ва бо ҳамин сабаб ҳам ширкати «Herbert Smith» маҷбур шуд ифшо кунад, ки ин маблағ беш аз 100 миллион долларо ташкил медиҳад. Аммо ин марбут ба танҳо як қазия аст ки ҳоло дар нисбати Талко ва гурӯҳи Назаров баррасӣ мешавад. Қазияи дигар ба парвандаи «Herbert Smith» ва Талко дар муқобили ширкати норвежии «North Hydro» марбут аст, ки 2 сол тӯл кашид. «Талко» ин қазияро ҳам бохт ва натанҳо бохт балки аз назари қонунӣ пазируфт, ки аз рӯи ин қазия пардохти 115 миллион доллар ба иловаи хароҷоти иловагиро ба гардан бигирад, ки ҳади аққал 5 милллион доллари дигарро ташкил медиҳад".
Ҷон Ҳелмер, хабарнигори ғарбӣ ва муаллифи нашрияи интернетии «Эйша Таймз». Ин дар ҳолест, ки мақомоти ширкати Талко ҳарчанд аз баррасии иин мавзӯъ бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд, аммо ахиран дар як нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигорон Акбар Муродов, ҳуқуқшиноси ин ширкат дар робита бо даъвоҳои «Herbert Smith» гуфт, ки Тоҷикистон ҳар моҳ ҳисобҳои худро бо ин ширкат пардохт мекунад:
Дар ин замина Ҷон Ҳелмер чунин посух дод, ки "тарзе, ки ҳукумат ҳисобҳоро пардохт кардааст, як масъалаи ҷудогона мебошад. Аввал ин ки Сандуқи байналмилалии пул рӯзи 5 март гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки миллӣ дар бозпардохти вомҳое, ки ба онҳо дода шудааст, таъхир кардаанд. Илова ба ин, ҳафтаи гузашта таҳқиқоти ҷадиде тавассути Сандуқи байналмилалии пул сари қарзҳое ки барои пахтакорӣ дода шудааст, шурӯъ шуд. Ин қарзҳо беш аз 500 миллион долларо ташкил медиҳад. Ва инчунин таҳқиқот дар бораи ин ки Талко чӣ гуна миқдори ками пулро ки аз фурӯши алюминиай ба даст меорад, чӣ гуна масраф мекунад".
Мақомоти давлати Тоҷикистон бо тақозои ниҳодҳои байналмилалии молӣ билохира корхонаи алюминсозии Турсунзодаро дар радифи 37 корхонаи дигари бузурги кишвар ба феҳрасти корхонаҳое шомил карданд, ки бояд таҷдиди сохторӣ шаванд. Дар соли гузашта тағйироти сохторӣ дар ин корхона оғоз ёфт ва «ТадАЗ» ба ҷамъияти саҳҳомии мавсум ба «Талко» ё худ ширкати алюмунии Тоҷикистон табдили ном кард. Вале фаъолиятҳои ин корхона ҳамчунон начандон шаффоф боқӣ мемонанд, ки ахиран боиси тақозои аудити байналмилалӣ аз сӯи ниҳодҳои бонуфузи молӣ шудааст.
Тибқи изҳороте, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби Сандуқи байналмилалии пул нашр шуд ва дар ин бора дар мусоҳиба бо нашрияҳои Тоҷикистон сафири Амрико дар Душанбе изҳори назар кард, дар қадами аввал созмонҳои байналмилалии молӣ аудит ё худ таҳқиқи кори Бонки миллиро анҷом дода баъдан бояд ба аудити фаъолияти ду ширкати бузурги дигар – «Талко» ва «Барқи тоҷик» хоҳанд пардохт.
Бо дарназардошти печидагии ҳамаи ин ҷанҷолҳои додгоҳии ширкати алюминии Тоҷикистон, аз Ҷон Ҳелмер пурсидем, оё ин ҳама мурофиаҳо кай ба поён хоҳанд расид? Вай гуфт, "Ин парванда метавонад фардо ба итмом расад. Агар ширкати алюминий эътироф кунад, ки иштибоҳ карда иттиҳомоти тақаллубиро эҷод кардааст ". Аммо ҳоло, мегӯяд Ҷон Ҳелмер, қазияи додгоҳии ширкати алюминии Тоҷикистон аз лиҳози ба дарозо кашида шуданаш ва дахолати як кишвари нодору ширкатҳои хориҷӣ ба он дар таърихи додгоҳҳои Инглистон камназир арзёбӣ мешавад.