Ин созмон беш аз 13 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва ба мушкилоти кудакон ва наврасони хонаводаҳои камбизоат расидагӣ мекунад. Давлат Сулаймонов аз вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, бар асоси шикояти чанд нафар сокинони шаҳри Кӯлоб, ки гӯё ин созмон ба тарғиби мазоҳиби ғайриисломӣ дар байни кудакон ва наврасон пардохтааст, дар рӯзҳои наздик мо далоили ҷамъовардаро ба додгоҳ ироа хоҳем кард.
Вай афзуд, созмони хайрияи «ОРА Интернешнл» ҳақи хориҷ аз шаҳри Душанбе фаъолият карданро надорад ва ташкили маркази наврасон дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи ин созмон ғайриқонунист. Мо ба ин сомзон огоҳӣ додем ва пас аз 21 март барои қатъи фаъолияти ин созмон ба додгоҳ муроҷиъат мекунем.
Аммо Катя Биттел, раиси созмони хайрияи «ОРА Интернешнл» дар шаҳри Душанбе, иддаоҳои сокинони шаҳри Кӯлоб ва ғайриқонунӣ будани фаъолияти ин созмон дар вилояти Хатлонро рад карда, гуфт, фаъолияти мо дар Кӯлоб дар чаҳорчуби қонун сурат гирифтааст. Вай афзуд, танҳо соли гузашта пас аз дубора номнавис кардан мо ба иштибоҳи ночизе роҳ дода будем ва дар ин маврид аснод таҷдиди назар шуд.
Ба гуфтаи Файзулло Бобоев, ки дар ин созмон 13 сол кор кардааст ва дар сафар ба Кӯлоб намояндаи вазорати адлияро ҳамроҳӣ кардааст, ҳич касе аз кормандони интернатҳо дар вилояти Хатлон, бахусус навоҳи Кӯлоб, тарғиби мазоҳиби мухталиф дар миёни кудакон ва наврасон аз сӯи кормандони ин созмонро таъйид накарданд.
Аз Катя Биттел, раиси созмони хайрияи «ОРА Интернешнл» дар шаҳри Душанбе, пурсидам, ки чи боис шуд, ки пас аз чанд соли фаъолият созмони шуморо дар тарғиби мазоҳиби ғайриисломӣ муттаҳам мекунанд? Хонум Биттел гуфт, бархе аз ҳамкорони мо масеҳианд ва шояд дар гуфтугу бо дустон дар бораи русуми мазоҳиби дигар суҳбат карда бошанд, ки ин тарғиби мазҳаби дигаре нест.
Ба гуфтаи кормандони ин созмон, дар тули чанд соли фаъолияти онҳо дар Кӯлоб ҳич як нафар бачаи кӯлобӣ аз мазҳаби худ рӯ нагардондааст. Ва онҳо умедворанд, ки додгоҳ дар ин мурофиа бархурди одилона хоҳад кард.