Радован Караҷич дар бемористон паноҳ мебурд

Радован Караҷич солҳои ахир риши сафеди дароз монда, худро Драган Дабич муаррифӣ менамуд

Раҳбари дастгиршудаи сербҳои Босния, ки ба наслкушии мусулмонони боснӣ муттаҳам мешавад, ахиран дар як бемористони хусусии Белград кор мекардааст.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ӯ риши сафеди дароз дошт ва худро ҳамчун Драган Дабич муаррифӣ менамуд, аз ин рӯ боздошташ ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд.

Хабари боздошти Караҷич бегаҳи дирӯз паҳн шуд ва аммо баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки амалиёт барои дастгир кардани ӯ ҳанӯз рӯзи ҷумъа сурат гирифта буд.


Раҳбари боздоштшудаи сербҳои Боснӣ Радован Караҷич, ки ба қатли оми мусулмонони боснӣ муттаҳам мешавад, имрӯз мавриди бозпурсии додгоҳ қарор гирифт. Ин бозпурсӣ марҳалаи аввал дар истирдоди Караҷич ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг, ё Гаага, маҳсуб мешавад. Шаби гузашта мусулмонҳои Боснӣ ба хиёбонҳо рехта, боздошти раҳбари собиқи сербҳои кишварро, ки дар наслкӯшӣ ва дигар ҷиноёти сангини низомӣ муттаҳам мешавад, таҷлил карданд.

Аз боздошти Радован Караҷич Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг раҳбари собиқи сербҳои Босниро дар даст доштан дар куштори 12 ҳазор сокини осоиштаи шаҳри Сараево ҳангоми муҳосираи ин шаҳр ва ҳамчунин дар қатли тақрибан 8 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 муттаҳам медонад.

Додгоҳ чандин сол боз аз мақомоти Сербия боздошт ва истирдоди Караҷичро талаб мекард. Боздошту истирдоди Караҷич ва фармондеҳи собиқи артиши сербҳои Боснӣ Ратко Младич ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг аз шартҳои аслии музокироти Иттиҳодияи Аврупо ва Сербия барои вуруди ин кишвар ба узвияти Иттиҳодия арзёбӣ мешавад. Хадамоти кашфи Сербия ба дастгир кардани Ратко Младич ҳанӯз муваффақ нашудаанд.