Раҳбари мухолифони Русия ба ҳабс маҳкум шуд

Додгоҳе дар шаҳри Маскав рӯзи 13-уми июн Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумати Русияро барои нақзи дигарбораи қонуни баргузории раҳпаймоӣ, ба 30 рӯз ҳабс, маҳкум кард. Додраси парванда талаби вакилони дифои Алексей Навалний барои лағви ин парвандаро рад кардааст. Алексей Навалний рӯзи душанбеи 12-уми июн ҳини хориҷ шудан аз манзилаш дар Маскав боздошт шуда буд.

Тибқи гузоришҳо, ҳудуди 1100 нафар аз эътирозгарони ҳамоишҳои зидди фасод, аз сӯи мақомоти интизомии Русия боздошт шудаанд. Шумораи зиёде аз тарафдорони Навалний рӯзи 1уми июн аз сӯи пулиси зидди ошӯб дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Владивосток, Благовешченск ва Қазон дастгир шуданд.

Тибқи гузоришҳо, ҳудуди 1100 нафар аз эътирозгарони ҳамоишҳои зидди фасод, аз сӯи мақомоти интизомии Русия боздошт шудаанд.

Созмони Афви байналмилал гуфтааст, ки боздоштҳо нишон доданд, ки мақомоти Русия ҳуқуқҳои бунёдии инсонро нақз карданд ва Иёлоти Муттаҳида аз Русия хостааст, ки боздоштшудаҳоро раҳо намояд. Иттиҳодияи Аврупо ҳам гуфтааст, ки боздошти эътирозгарони мусолиматомез "таҳдид ба асосҳои озодии баён" мебошад.

Пулис ҳудуди 650 нафар аз эътирозгаронро дар майдони Тверская дар маркази Маскав боздошт кард. Тибқи гузоришҳо, дар раҳпаймоии Маскав ҳудуди 5 ҳазор нафар ширкат доштанд. Дар тазоҳуроти мушобеҳ дар Санкт-Петербург тақрибан 3500 нафар ба хиёбонҳо рехтанд ва ба иттилои вазорати умури дохилии Русия, 500 нафари онҳо боздошт шудаанд. Бархе аз гузоришҳо, шумораи ширкаткунандагони тазоҳуроти зидди фасод дар Санкт-Петербургро 10 ҳазор тахмин задаанд.

Худи Алексей Навалний, раҳбари мухолифон чанд лаҳза қабл аз оғози эътирозҳои "зидди фасод", ҳангоми хуруҷ аз манзилаш дар Маскав, боздошт шуд. Юлия Навалная, ҳамсари ин сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия рӯзи 12-уми июн дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, ки Алексей Навалний аз тарафдоронаш хост, ки ба раҳпаймоӣ идома диҳанд.

Манобеъ дар Бунёди мубориза бо коррупсия, ки раҳбари он Алексей Навалний мебошад, хабар доданд, ки қабл аз зӯҳри рӯзи 12-июн нерӯи барқ ва интернети ҳамаи дафтарҳои онҳо қатъ карда шуд. Леонид Волков, яке аз ҳамкорони калидии Алексей Навалний гуфт, ки пахши мустақими канали "Ютуб"-и раҳбари мухолифон бинобар хомӯш шудани дар студияи онҳо, нотамом монд.

Тарафдорони Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумати Русия, дар беш аз 200 шаҳру ноҳияҳои он кишвар алайҳи "фасод" ба кӯчаҳо баромада ва эътироз карданд. Мақомоти пулис рӯзи 12-уми июн дар Шарқи Дур чандин нафарро, ки талоши роҳандозии чунин эътирозҳоро доштанд, боздошт карданд. Ҳадди ақал чаҳор нафар ба шумули ташкилкунандагони ин эътирозҳо, рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Благовешченск, аз сӯи пулис дастгир шуданд.

Ба гузориши матбуоти маҳаллӣ, пулиси зидди ошӯб дар шаҳри Владивосток бо эътирозгарон бархӯрд карда ва шумореро низ боздошт намудааст. Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки афсарони кулоҳпӯш ду марди эътирозгарро бо калтак ё "дубинка" мезананд ва эътирозгарон шарм бар шумо шиор медиҳанд.

Бар пояи гузоришҳо, мақомоти Маскав иҷозаи баргузории тазоҳуротро дар берун аз маркази шаҳр дода буданд, аммо рӯзи гузашта Алексей Навалний гуфт, ки ин раҳпаймоиро дар кӯчаи Тверская, ки ба Қасри Кремл мебарад, баргузор хоҳад кард. Баъд аз он, ки Навалний аз баргузории эътирозҳо дар маркази Маскав хабар дод, мақомоти додситонии Маскав ҳушдор донанд, ки бар ҳар гуна талоши баргузор кардани "раҳпаймоии ғайриқонунӣ", бархӯрд хоҳанд кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҳпаймоии "зидди фасод" дар Маскав

Давоми се моҳи ахир барои бори дувум аст, ки Алексей Навалний аз сӯи мақомоти Русия боздошт ва ба ҳабси маъмурӣ маҳкум мешавад. Рӯзи 26-уми март пеш аз онки ба тазоҳургарон дар Маскав бипайвандад, мақомоти ӯро дастгир карда буданд. Ӯ аз мардум хоста буд барои ширкат дар раҳпаймоӣ ба зидди фасод, ба кӯчаҳо бароянд.

Мақомоти Русия он замон низ ба Алексей Навалний иҷоза надода буданд, ки дар маркази Маскав тазоҳурот ташкил кунад, зеро ба гуфтаи онҳо, тазоҳурот метавонист, сабаби халалдор шудани низом дар маркази шаҳр шавад. Охирин тазоҳуроте, ки аз сӯи Навалний баргузор шуд, боиси боздошти садҳо нафар шуд. Дар он раҳпаймоиҳо ҳазорон нафар, аз ҷумла навҷавонон ба "коррупсия" дар кишварашон эътироз карданд.

Алексей Навалний тасмим дорад, ки соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок кунад, вале пешгӯӣ мешавад, ки президенти амалкунанда Владимир Путин ин навбат курсии аввал дар ҳукумати Русияро ҳифз хоҳад кард. Аз пешбарии номзадии Навалний садҳо ҳазор шаҳрванди Русия ҷонибдорӣ карда, даҳҳо ситоди интихоботияш дар саросари ин кишвар боз шудааст.

Муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия моҳи март натиҷаи таҳқиқоти худро дар робита ба дороиҳои сарвазир ва раиси ҳукумати Русия Димитрий Медведев, ки дар эъломия зикр нашудаанд, нашр кард. Дар натиҷа дар тамоми шаҳрҳои Русия тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ баргузор шуд.