Мушкилоти ҷаҳони ислом дар Дакар баррасӣ шуд

Парчамҳои кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ

Бӯҳрони Ховари Миёна, ҷанги Ироқ, Сомалӣ ва Дорфур, адоват ба ислом дар Аврупо – мавзӯъҳои аслии нишасти OIC дар пойтахти Сенегал буд.

Рӯзи ҷумъа дар нишаст раҳбарони Судон ва Чад зери созиши сулҳ имзо гузоштанд, ки бояд ба бархурдҳои қавмӣ дар марзи ду кишвар хотима гузорад. Мақомоти Судон ҳукумати Чадро дар пуштибонӣ аз ошубгарон дар минтақаи Дорфур муттаҳам мекарданд ва ҳамзамон Чад Судонро дар он айбдор медонист, ки моҳи гузашта ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба пойтахти ин кишварро тарҳрезӣ кардааст.

Коршиносон мегӯянд, имзои ин созиш гоми муҳимест дар роҳи хатми хушунат дар минтақаи Дорфури Судон, ки он ҷо бар асари задухурдҳои ҷонибҳои даргир садҳо нафар кушта ва беш аз миллион нафар бехонумон шудаанд.

Маҳмуди Аббос, раҳбари Фаластин зимни суханронии худ дар нишасти Дакар аз вожаи “поккориҳои қавмӣ” истифода кард. Ӯ гуфт, ки ин поккориҳо аз сӯи Исроил дар қисмати арабнишини Байтулмуқаддас ба роҳ монда шудааст. Маҳмуд Аббос афзуд, Исроил дар ин шаҳр аз сиёсате кор гирифтааст, ки арабҳоро барои тарки Байтулмуқаддас маҷбур месозад. Сарвари Фаластин аз раҳбарони кишварҳои исломӣ хост, ки аз раванди сулҳи Ховари Миёна пуштибонӣ кунанд.

Зимнан, Ховари Миёна ҳамеша аз мавзӯъҳои аслии нишастҳои Созмони Конфаронси исломӣ маҳсуб мешавад, зеро ин созмон соли 1969 дар вокуниш ба ҳамла ва ба оташсӯзӣ кашидани масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас таъсис шудааст.

Дар нишасти Дакар барномаи вижаи рушди қораи Африқо ва Барномаи даҳсолаи амали Созмон пазируфта шуд ва, тибқи санади ахирӣ, тиҷорат миёни кишварҳои исломӣ то соли 2015 бояд аз 13 дарсади феълӣ то 20 дарсад боло равад.

Дирӯз дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, таъсиси Бунёди рушди кишварҳои исломиро пешниҳод карда буд. Ӯ ҳамчунин хостори таъсиси Бунёди рушди илм ва технологияи навин ва Агентии муштараки иттилоотӣ ба хотири таъмини дастрасии мусулмонони ҷаҳон ба технологияҳои муосири иттилоотӣ шуда буд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ибтикори Арабистони Саудӣ барои ташкили Маркази байнулмилалии зиддитеррористӣ пуштибонӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки бархе аз ҳамоишҳои ояндаи Созмони Конфаронси Исломӣ дар Душанбе баргузор шаванд.