Дар ин бора Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, дар ҷаласаи Комиссиюни давлатии ин кишвар дар масъалаи иқтисод эълон намуд. Нахуствазир афзуд, ин омил аз болоравии нархи маводи нафтӣ дар бозори дохилӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Зеро моҳҳои ахир қимати маводи сӯхт дар кишвар боло рафтааст. Аз ҷумла моҳи апрели соли равон дар Қазоқистон қимати бензин 3 дарсад ва маводи сӯхти дизел ва ё солярка беш аз 6 дарсад афзуд.
Ҳамчунин тавре Соат Минбоев, вазири энержӣ ва захоири табиии кишвар, гуфтааст, дар семоҳаи аввали соли равон аз Қазоқистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар маводи сӯхт содир шудааст. Андрей Хон, корманди Пажӯҳишгоҳи пешгӯӣ ва иттилооти иқтисодиву иҷтимоии Қазоқистон, низ чанд омили дигари чунин тасмимгирии кишварашро баён мекунад. Иқтисодшинос таъкид мекунад, ки маводи нафтӣ чун гандум маҳсулоти стротежии кишвар аст ва онҳо барои муайян кардани нархи маҳсулоти гуногун таъсири амиқ мерасонанд. Аз ин хотир боло рафтани қимати маводи сӯхт, бешубҳа, қимати дигар маҳсулотро низ гарон хоҳад кард. Бар илова, алъон мавсими кишт фаро расида ва ҳамеша дар ин вақт камбуди маводи сӯхт ва болоравии қимати он эҳсос мегардад.
Ба андешаи оқои Хон, чунин вазъ ҳукуматро водор сохтааст, ки даст ба амалҳои шадиду фаврӣ занад. Иқтисодшинос мегӯяд, ҳарчанд ин қарори ҳукумат ба талаботи бозори озод дуруст намеояд, вале Қазоқистон дигар чораи ҷилавгирӣ аз болоравии қимати маводи нафтиро надошт. Зеро қимати он дар бозори дохилии кишвар назар ба хориҷа поин аст ва аз ин сабаб тавлидкунандагон маводи сухтро ғолибан ба хориҷа мефурӯшанд.
Пажуҳишгар Андрей Хон бар ин аст, ки ҳукумат бо ин роҳ қабл аз ҳама бозори дохилии хешро ҳимоя мекунад. Вале ин тасмим, ба андешаи оқои Хон, ба вазъи бозори дохилии кишварҳои минтақа ба вижа Тоҷикистону Қирғизистон таъсири номатлуб мегузорад. Зеро ин кишварҳо миқдори зиёди маводи сухти хешро аз Қазоқистон харидорӣ мекунанд. Масалан,Тоҷикистон, тавре дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон гуфта шуд, 40 дарсади маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон мехарад. Вале оё роҳи дигаре ҳаст то ин кишварҳо ин маводи заруриро минбаъд низ аз ин ҷо дарёфт намоянд?
Акрам Аъзамов, корманди намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Қазоқистон, гуфт, ки ин дафъа низ чун замони манъ кардани содироти гандум барои иҷро кардани қарордодҳои байнидавлатӣ даҳ рӯз вақт дода шудааст то тибқи қарордод кишварҳо маводи харидорӣ намоянд. Вале иқтисодшинос Андрей Хон мегӯяд, имкон дорад ин кишварҳо маводи сӯхти Қазоқистонро бо роҳҳои дигар, масалан, бо роҳи табодули маводи сӯхт ба ягон маҳсулоти ин кишварҳо минбаъд низ ба даст оваранд.
Дар ҳар сурат, манъи содироти маводи нафтӣ дар Қазоқистон, ба таъкиди коршиносон, аз ҷумла иктисодшинос Андрей Хон, вазъи бе ин ҳам душвори иқтисоди кишварҳои ҳамсоя, мисли Тоҷикистону Қирғизистонро сангинтар месозад. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи гузашта Қазоқистон содироти гандумро манъ карда буд ва дар натиҷа қимати орд дар Тоҷикистон басо боло рафт ва дар баъзе нуқоти кишвар як халта орд то ба 170 сомонӣ расид. Камбуди маводи сӯхт низ, ба гуфтаи коршиносон, на танҳо қимати маводи нафтӣ, балки дигар маҳсулотҳоро низ дар кишварҳои ҳамсоя боло хоҳад бурд.