Нигаронии Аврупо аз рафтори Минск

Гирдиҳамоии эътирозии мухолифин дар Минск аз сӯи полис саркуб шуд

Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз Белорус хост, ки саркӯбсозии расонаҳои хабарии мустақил ва мухолифини ҳукуматро хотима бахшад.

Вазорати хориҷаи Словения, раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо, дар як изҳорот ҳамчунин лату кӯби эътирозгаронро маҳкум кард ва хостори озод кардани афроде шуд, ки се рӯз пеш зимни саркӯбшавии гирдиҳамоии эътирозӣ боздошт шуда буданд. Ин гирдиҳамоӣ бегаҳи сешанбе бо ширкати ҳазорҳо нафар ба хотири таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии мардумии Белорус ташкил шуда буд. Миёни гирдиҳамомадагон ва гурӯҳи зудамали вазорати дохила бархурд ба вуқӯъ пайваст ва беш аз 80 нафар ҷонибдорони аҳзоби мухолифи ҳукумат дастгир шуданд.

Аз ин пеш вазорати хориҷаи Амрико аз таъқибу боздошти хабарнигорони мустақил дар Белорус изҳори нигаронӣ карда буд. Шон Маккормак, намояндаи вазорат гуфт, «амалиёти дирӯзаи кормандони милиса алайҳи хабарнигорони мустақил шаҳодат медиҳад, ки режими Александр Лукашенко режими мустабид аст ва рӯйирост ҳуқуқи башар ва озодиҳои аслиро поймол мекунад».

Гуфта мешавад, ки дирӯз кормандони ҳифзи тартибот дар 12 шаҳри Белорус тақрибан 30 хабарнигореро боздошт намуданд, ки барои расонаҳои Лаҳистон, Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида кор мекарданд. Гуфта мешавад, ки кормандони милиса, аз ҷумла, хабарнигорони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Радио Рация ва Радиои Аврупоиро, ки аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорӣ мешаванд ва ҳамчунин хабарнигорони радиои лаҳистонизабони Белсатро боздошт карда ё манозилашонро мавриди кофтукоб қарор додаанд.

Лех Качинский, раиси ҷумҳури Лаҳистон, аз ин таъқибу боздошт изҳори нигаронии амиқ кард ва гуфт, ки “вазъ дар Белорус рӯ ба самти манфӣ ниҳодааст”. Хабарнигори мустақил Анатол Ҳатохитс баъд аз кофтукоби манзилаш дар шаҳри Гомел ба Радиои Озодӣ гуфт, «ман 30 сол боз хабарнигори касбиям. Табиист, ки ман компутар дорам ва хонумам низ компутар дорад. Ман дастгоҳи сабти садо ва дискҳо дорам. Ҳамаи онҳо мусодира шуданд. Онҳо 31 асбобро мусодира карданд. Аслан ба ин иқдом аз он хотир кор гирифта шудааст, ки ба кори хабарнигорони расонаҳои ғайриҳукуматӣ латма ворид кунанд».

Дар ҳамин ҳол Мария Ваншина, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Белорус, рӯзи панҷшанбе гуфт, амалиёти кормандони милиса ба хотири ошкор сохтани хабарнигороне сурат гирифтааст, ки дар Белорус ғайриқонунӣ кор мекарданд. Ба гуфтаи муовини Додситони кулли Белорус Алексей Стук, дар амалиёт онҳое бозҷӯӣ мешуданд, ки дар таҳияи танзҳои таҳқиромези раисиҷумҳур Александр Лукашенко даст доштанд.

Имрӯз Анҷумани хабарнигорони Белорус аз Додситонии кулии кишвар хост, ки ба таъқиби хабарнигорон хотима гузошта шавад. Дар ин изҳорот Анҷуман алайҳи мусодираи таҷҳизоти видеоӣ ва сабти овоз шадидан эътироз кардааст.

Боздошти хабарнигорони мустақил як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки 17 дипломати амрикоӣ Мискро тарк гуфтанд. Мақомоти Белорус талаб карданд, ки теъдоди дипломатҳои амрикоӣ бо теъдоди дипломатҳои белоруси мустақар дар Амрико баробар бошад. Карен Стюарт, сафири Амрико дар Белорус ду ҳафта пеш Минскро тарк карда буд.