Бештари нашрияҳо кушта шудани Мулло Абдулло дар амалиёти вижаи нерӯҳои қудратиро баррасӣ кардаанд.
"Фараж" дар матлабе зери унвони "Қатли "Бен Лодин"-и тоҷик" навиштааст, ки "кушта шудани Абдулло Раҳимов, бо лақаби Мулло Абдулло, ва 14 зердасташ дубора дар зеҳни мардум номи Ризвон Содиров, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ва Тоҳир Юлдошев, собиқ раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистонро зинда кардааст."
"Пайкон" матлаберо бо номи "Бен Лодин"-и русӣ кушта шуд" чоп карда ва навиштааст, ки "қабл аз амалиёти ахир ҳатто дар бораи зинда будан ё набудани Мулло Абдулло шубҳаҳое вуҷуд дошт ва ӯро "Бен Лодин"-и русӣ унвон мекарданд. Ба хотири он ки ҳар вақт Русия барои ноором нишон додани вазъ аз ӯ ном мебурдааст. Аммо баъзе коршиносони хориҷӣ нооромии вазъро аз мавҷудияти "дасти ғарбӣ" маънидод мекарданд."
"ДАРД"-И ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ
"Имрӯз-нюс" равобити Тоҷикистон бо Узбакистонро дар матлаби "Истиқлолият муносибати Душанбе ва Тошкандро сард кард?" ба баррасӣ гирифтааст. Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъкид гуфта, ки "муносибатҳо бо Узбакистон мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи вазорати корҳои хориҷӣ қарор дорад ва Тоҷикистон хостори беҳбуди равобит бо ҳамсояи наздики худ мебошад. Беҳбуди муносибат, ҳам ба манфиати Душанбе ва ҳам ба Тошканд хоҳад буд." Аммо Муҳиддин Кабирӣ ба нашрия гуфтааст, "баъзе ҳамсоямиллатҳои мо дар минтақа бар он одат кардаанд, ки Тоҷикистон ва раҳбарияти онро ҳамеша "гапдаро" бинанд."
НОМА БА САФИРИ АМРИКО
"Миллат" дар "Нома ба сафири мӯҳтарами Иёлоти Муттаҳидаи Амрико", навиштааст, ки "ҳудуди 20 соли ҳамкорӣ бо Амрикои қудратманд натиҷа ин шуд, ки Тоҷикистон аз доштани ҳатто як рӯзнома барои дарозмуддат маҳрум шавад. Сутунмӯҳраи матбуоти миллӣ, ки дар ҷанги таҳмилӣ каф хӯрда буд, дигарбора мусоидати нодурусту барғалати шумо онро шикаст. Шумо ё бояд ба тамоми матбуот ҳамкорӣ кунед ва ё аз саҳна хориҷ шавед, то ба таври худҷӯш ин матбуот рушд кунад."
Ин матлаб дар посух ба номаи Кен Гросс, сафири Амрико дар Душанбе навишта шудааст, ки ҷаноби сафир дилсардии худро аз чопи мақолаи "Бозор Собир: "Ленинободиҳо миллат сохта натавонистанд, инҳо ҳам наметавонанд, агар..." баён кардааст.
"БАҲСҲОИ НАҲЗАТӢ"
"Озодагон" дар "Баҳсҳои наҳзатӣ", матлабе, ки ба мавзӯи ширкат накардани ҲНИТ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 ихтисос дорад, навиштааст, ки "Муҳиддин Кабирӣ ширкат накардан дар интихоботи президентиро мавқеи имрӯзаи ҳизб дониста ва онро вобаста ба ҳолати феълии ҷаҳон ва Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Эҳтимол соли оянда ё замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, дар соли 2013, ин тасмим дигар шавад. Ба таври дигар, раиси ҲНИТ муамморо печидатар кард. Мавқеъгирии ин ҳизб агар то охир чунин бимонад, яъне дар интихоботи президентӣ иштирок намекунем, аз он нерӯҳои дигари сиёсии мамлакат нафъи бештар мебардоранд."
НИГОҲЕ БА МАДРАСАҲО
"Наҷот" ба баррасии фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ба хусус мадрасаҳои таърихӣ дар қаламрави Тоҷикистон пардохта ва нақши ин ҷойҳоро дар ривоҷи илму адаби халқи тоҷик муҳим арзёбӣ кардааст. Нашрия таваҷҷӯҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони ватаниро барои ободии мадрасаҳои воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон муҳим дониста ва онро омили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ унвон кардааст.
Афзун бар ин нашрия навиштааст, "аз ҷониби давлат таъсис додани мадрасаҳо дар маҳалҳо аз аҳамият холӣ набуда, ҷавононро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро бозмедорад."
КУШТОР Ё ХУДКУШИИ ПИРОВ?
"СССР" матлаберо зери сарлавҳаи "Куштор ё худкушии полковник Пиров..." чоп кардааст, ки муаллифи он Бахтиёр Пиров, фарзанди бузурги шодравон Саъдулло Пиров, раиси бахши аамнияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Ин матлаб ба марги мармузи Саъдулло Пиров бахшида шуда ва фарзандаш иддаои Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилӣ, дар бораи бар асари худкушӣ фавтидани падарашро беасос медонад ва менависад, ки "хулосаи тиббӣ - экспертизаи 8 тан аз мутахассисон аз Генпрокротура ҳамин шуд, ки марги полковник Пиров Саъдулло маҷбурист!" Ба ин далел муаллиф навиштааст, ки "ман на танҳо ҳамчун фарзанди Саъдулло Пиров, балки табиб ва номзади илми тиб, гуфтаниам, ки падари ман худкушӣ накардааст."
"Азия-Плюс" низ мусоҳибаи Абдулло Пиров, бародари марҳум Саъдулло Пировро чоп кардааст, ки мегӯяд, "вай ягона бародари ман буд ва ӯ худкушӣ накардааст." Абдулло Пиров афзудааст, "натиҷаи ташхис аз он далолат медиҳад, ки бародари ман нахуст сахт зарб хӯрда ва баъдан ё бо банд ва ё бо чизи дигар буғӣ карда шудааст."
МАҲБУБТАРИН ВА БЕҲТАРИН КАСБ
"Вечерний Душанбе" натиҷаи назарпурсиеро мунташир кардааст, ки дар миёни бархе аз хатмкардагони мактабҳои пойтахт гузаронида шуда ва ҳадаф аз он мушаххас кардани маҳбубтарин ва беҳтарин касбҳо будааст. Аз 120 шогирди мактабҳо, ки дар ин назарпурсӣ иштирок кардаанд, 45 дарсад гуфта, ки мехоҳанд табиб шаванд, 35 дарсади дигар ҳуқуқшиносиро ихтиёр кардаанд, 15 дарсади дигар иқтисодчӣ ва 5 дарсади дигар ихтисосҳои мухталифро беҳтар донистаанд.
Шумо ё бояд ба тамоми матбуот ҳамкорӣ кунед ва ё аз саҳна хориҷ шавед, то ба таври худҷӯш ин матбуот рушд кунад...

Аз ҷониби давлат таъсис додани мадрасаҳо дар маҳалҳо аз аҳамият холӣ набуда, ҷавононро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро бозмедорад...
"БАҲСҲОИ НАҲЗАТӢ"
"Озодагон" дар "Баҳсҳои наҳзатӣ", матлабе, ки ба мавзӯи ширкат накардани ҲНИТ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 ихтисос дорад, навиштааст, ки "Муҳиддин Кабирӣ ширкат накардан дар интихоботи президентиро мавқеи имрӯзаи ҳизб дониста ва онро вобаста ба ҳолати феълии ҷаҳон ва Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Эҳтимол соли оянда ё замони баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон, дар соли 2013, ин тасмим дигар шавад. Ба таври дигар, раиси ҲНИТ муамморо печидатар кард. Мавқеъгирии ин ҳизб агар то охир чунин бимонад, яъне дар интихоботи президентӣ иштирок намекунем, аз он нерӯҳои дигари сиёсии мамлакат нафъи бештар мебардоранд."
НИГОҲЕ БА МАДРАСАҲО
"Наҷот" ба баррасии фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ба хусус мадрасаҳои таърихӣ дар қаламрави Тоҷикистон пардохта ва нақши ин ҷойҳоро дар ривоҷи илму адаби халқи тоҷик муҳим арзёбӣ кардааст. Нашрия таваҷҷӯҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони ватаниро барои ободии мадрасаҳои воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон муҳим дониста ва онро омили рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ унвон кардааст.
Афзун бар ин нашрия навиштааст, "аз ҷониби давлат таъсис додани мадрасаҳо дар маҳалҳо аз аҳамият холӣ набуда, ҷавононро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро бозмедорад."
Абдулло Пиров афзудааст, натиҷаи ташхис аз он далолат медиҳад, ки бародари ман нахуст сахт зарб хӯрда ва баъдан ё бо банд ва ё бо чизи дигар буғӣ карда шудааст...