Баҳси миёни Русияву САҲА

Лаҳни баҳси миёни Маскав ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо рӯз то рӯз шадидтар мешавад.

Ин Дафтар чанд рӯз пеш эълом дошт, ки дар мавриди фиристодани нозиронаш ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия дудила аст. Изҳорот дар ин маврид баъд аз он пахш шуд, ки Комиссиюни марказии интихоботии Русия теъдоди нозирони Созмонро то 70 нафар муқаррар ва мӯҳлати ҳузури онҳо дар Русияро маҳдуд кард, аз ҷумла, нозирон фақат се рӯз пеш аз интихобот метавонанд вориди кишвар шаванд. Барои қиёс, интихоботи президентии Русия дар соли 2004-ро 387 нозири Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар назорат мекарданд ва мӯҳлати буду боши онҳо дар кишвар маҳдуд нашуда буд.

Рӯзи панҷшанбе Иттиҳодияи Аврупо низ бо пахши як изҳорот аз мақомоти Русия хост, ки маҳдудият дар назорати интихоботро лағв кунанд.

Аслан ихтилоф миёни мақомоти интихоботии Русия ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ҳанӯз қабл аз интихоботи порлумонии моҳи декабри соли гузашта шурӯъ шуда буд – дар посух ба мушкили дарёфти раводиди Русия масъулини Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз назорати ин маъракаи сиёсӣ сарпечӣ карданд. Ва аммо ин сарпечиро мақомоти Русия чун дастури Вазорати хориҷаи Амрико арзёбӣ карданд ва ҳамон моҳ, яъне моҳи декабр Маскав пардохти ҳаққи узвият дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро коҳиш дод.

Сергей Рябков, раиси бахши равобит бо кишварҳои Аврупои Вазорати хориҷаи Русия ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Маскав Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Дафтари ниҳодҳои демокративу ҳуқуқи башари онро дар бозиҳои ғаразноки сиёсӣ муттаҳам кард. Ӯ афзуд, ки меъёрҳои интихоботии Русия мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалиянд.

Куртис Баден, як тан аз масъулини Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои тулоние, ки ин ниҳод бо ҳамаи 56 кишвари узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, аз ҷумла, Русия кор мекард, мушкиле дар миён набуд. Ӯ афзуд, ки талошҳои Русия барои ҷорӣ кардани меъёрҳои нав барои фардои назорати интихобот хатар дорад:

“Аслан, Русия пешниҳод кардааст, ки ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар пешакӣ муайян ва теъдоди нозиронаш мушаххас шавад ва мӯҳлати будубоши нозирони ҳар кишвар ҳам новобаста ба шароит дақиқ гардид ва ҳамчунин гузориши ҳайат дар бораи натоиҷи интихобот қабл аз нашр аз сӯи комиссиюни доимӣ тасдиқ гардад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар кишвар метавонад ба гузориши Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар дар бораи натоиҷи интихобот вето гузорад, яъне агар ягон интиқод маъқулашон нашавад, онҳо метавонад ба гузориш вето гузоранд. Талошҳои Русия маънои онро дорад, ки назорати интихобот ба як кори беҳуда табдил хоҳад шуд”.

Баден афзуд, ки бояд вазъ дар наздиктарин фурсат ислоҳ шавад, зеро Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар мехоҳад, ки нозиронаш ҳарчӣ зудтар вориди Русия шаванд. Ва аммо ба назар мерасад, ки Маскав тасмими худ дар бораи теъдоди маҳдуди нозирон ва мӯҳлати ҳузури онҳо дар кишварро таҷдиди назар карданӣ нест. Зиёда аз ин, Владимир Путин дар охирин мулоқоташ бо намояндагони Хадамоти федеролии амният ба ҳайси раисҷумҳури Русия аз чекистҳои рус хост, ки аз ҳама гуна, ба гуфтаи ӯ, талошҳои дахолати хориҷӣ ба умури кишвар ҷилавгирӣ кунанд:

“Бояд корҳои дарёфти иттилоъи саривақтӣ дар бораи кӯшиши дахолат ба умури дохилии мо тақвият биёбанд. Ин ба вижа дар марҳалаи интихоботи фелъии президенти Федератсиони Русия зарур аст. Кишвари мо кишвари мустақил аст ва мо иҷоза нахоҳем дод, ки ҷараёни маъракаи интихоботӣ аз сӯи касе аз хориҷ таҳрир шавад”.

Зимнан, дар ин мулоқот бо намоядагони Хадамоти федеролии амният Дмитрий Медведев, муовини аввали сарвазир ва вориси эҳтимолии Путин дар мақоми раисҷумҳури Русия низ ширкат дошт.