Манучеҳр Ҷалилов, узви дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҳайъати дувуми бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Маскав (Русия) шомил гардид.
Ин ҳимоятгари 17-сола, ки дар бошгоҳи «Локомотив» дарси маҳорат омӯхтааст, соли гузашта дар ҳайъати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи ҷанубӣ ҳунарнамоӣ карда буд. Дар айни ҳол ӯ дар ҳайъати дувуми «Локомотив» таҳти раҳбарии сармураббӣ Ринат Билолиддинов дар як мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Гвадалахараи Мексика иштирок дорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки сармураббии ҳайъати асосии «Локомотив» собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе Рашид Раҳимов таъйин шудааст. Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки солҳои 90-уми қарни ХХ дар ҳайъати «Локомотив» як зумра шогирдони футболи тоҷик, чун Муҳсин Муҳаммадиев, Ҳаким Фузайлов, Юрий Батуренко, Игор Черевченко ва дигарон, таҳти раҳбарии сармураббӣ Юрий Сёмин (собиқ сармураббии дастаи «Помир») муваффақона ҳунарнамоӣ кардаанд.
Воқиъан тӯли ду рӯз аст, ки дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, дар шаҳри Анталияи Туркия тамрин карда, ба мусобиқаи анъанавии «Ҷоми Аркадий», ки дар инҷо 2-вуми феврал шурӯъ мешавад, омодагӣ мебинад. «Регар» ТадАЗ дар гурӯҳи «В» бо тимҳо аз Гурҷистон, Кореяи ҷанубӣ ва Руминиё рақобат хоҳад кард.