Барои нахустин бор маросими ботантанаи супурдани ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” - яке аз маъруфтарин ҷоизаҳои олами синамо лағв шуд. Рӯзи якшанбе, 13 январ, номи барандагони ин ҷоизаи Глобуси тиллоиро дар як нишасти хабарӣ дар меҳмонсарои Беверлӣ Ҳилз эълон карданд. Ва дар ин нишаст нафаре аз ситораҳои синамо ширкат надоштанд.
Филми бритониёвии “Товон” аз сӯи ҳакамон беҳтарин филми соли гузашта эътироф шуд.
Ситораи Ҳолливуд Кейт Бланшетт ба ҷоизаи беҳтарин нақши дуввумдараҷа дар филми “Ман ин ҷо нестам” сазовор гардид.
Ҷоизаи бонуфуз дар бахши “Беҳтарин хонуми ҳунарманд дар филм – мазҳака ва ё мюзикл” ба Марион Коийяр лоиқ дониста шуд – ҳакамон бо ин ҷоиза нақши ӯ дар филми “Зиндагии пурҷило”-ро қадр кардаанд.
“Глобуси тиллоӣ” барои беҳтарин нақши дуввумдараҷаи мардона ба Ҳавиер Бардем барои филми “Ба мӯйсафедон ҷой нест” супурда хоҳад шуд. Ҳунармандони маъруф Филип Сеймур Ҳофман, Ҷон Траволта, Том Вилкинсон ва Кейсӣ Аффлек низ дар рӯйхати довталабони ин ҷоиза буданд.
Миёни филмҳои мазҳакавӣ “Суинни Тодд – сартароши васвосӣ” беҳтарин эътироф шудааст.
“Глобуси тиллоӣ” барои беҳтарин таҳияи филм ба Ҷулиан Шнабел барои филми «Скафандр ва шабпарак” супурда мешавад.
Маросими ботантанаи супурдани ҷоизаҳои “Глобуси тиллоӣ” бар асари коршикании филмнависҳои Ҳолливуд лағв гардид, ки боло бурдани ҳаққуззаҳмати худро талаб доранд. Ин ҷоиза аз сӯи Анҷумани хабарнигорони хориҷии Ҳолливуд таъсис шудааст ва ҳар сол барои шоҳкориҳо дар бахши синамову телевизион супурда мешавад.