Сенатори амрикоӣ Чарлз Грейслӣ аз қароргоҳи Радиои Озодӣ дар Прага боздид намуда, ба суолҳои РО дар бораи як идда масъалаҳои муҳимми байнулмилаливу дохилӣ посух дод.
Сенатори ҷумҳурихоҳ Чарлз Грейслӣ яке аз аъзои бонуфузтарини Маҷлиси Болоии Конгресси ИМА ба шумор меравад. Ӯ аз аёлати Айова намояндагӣ мекунад, Грейслӣ бори аввал дар соли 1980 сенатор интихоб шуда, то кунун дар фаъолияти кумитаҳои молия, кишоварзӣ, адлия, буҷҷет ва андози Сенат саҳмгир аст.
Солҳои 2005 – 2006-ум Грейслӣ дар маҷмаи порлумонии паймони НАТО ширкат варзида, бо қонунгузорони аврупоӣ аманиятӣ байнулмилалӣ ва мубориза бо террроризм, силоҳи куштори ҷамъӣ ва таҳдидҳо ба беҳдошти саросариро баҳс кардааст.
Сенатори ҷумҳурихоҳ Чарлз Грейслӣ мегӯяд, ҳар инсон сарфи назар аз он, ки дар кадом гӯшаи олам таваллуд шудааст, бояд дар озодӣ ба сар барад. Ҳамин афроди озод ҷамъ шуда бо машварат ба хулоса меоянд, ки кадом шакли давлатдориро интихоб кунанд, интихоби раҳбарон чӣ гуна сурат гирад ва агар Шумо ба беҳбуди вазъи иқтисодии он ҷомеа таваҷҷӯҳ дошта бошед, мебинед, ки ҷомеаи аз нуқтаи назари сиёсӣ озод рушди иқтисодии бештар дорад. Бо ишора ба беҳбуди вазъи иқтисодии мардуми Русия сенатори амрикоӣ мегӯяд: «Феълан ба шарофати болоравии нархи нефт вазъи иқтисоди Русия назар ба 10 соли пеш беҳтар аст. Вале агар тахмин намоем, ки қимати нефт поин мешавад, пас метавон пешбинӣ кард, ки дар чунин ҳол, бесарусомонии пешин низ метавонад, эҳё шавад ва ё ҳадди ақалл сатҳи зиндагӣ поин равад. Эҳтимол имрӯз вазъи Русия дар муқоиса бо солҳои навадуми қарни гузашта ва ё давраи Шӯравӣ қадре беҳтар шуда бошад, вале дар қиёс бо кишварҳои зиёд ва аз ҷумла Португалия қобили муқоиса нест. Ман Португалияро мисол овардам, зеро боре президенти Русия Владимрр Путин гуфта буд, ки барои расидан ба сатҳи зиндагии Португалия ба Русия даҳ сол лозим хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, ман аз мардуми Русия даъват мекунам, ки баҳри озодии сиёсӣ талош варзанд. Онҳо набояд беҳбуди кӯтоҳмуддати иқтисодӣ ва суботро пазируфта, рушди дарозмуддати иқтисодӣ ва озодии сиёсиро, ки иқтисодро тавсеа мебахшад, фаромӯш кунанд».
Вақтҳои ахир бисёриҳо, аз ҷумла дар Амрико, Маскавро ба ақибнишинӣ аз роҳи демократӣ мутаҳҳам мекунанд. Баъзеҳо ҳатто дар бораи душмании эҳтимолии Вашингтону Маскав ҳарф мезанад. Аммо сенатор Чарлз Грейслӣ бар ин назар аст, ки Қасри Сафед ва Кремл заковату нерӯи кофӣ доранд, ки душманиро канор гузоранд: «Ман фикр намекунам, ки имрӯз Маскаву Вашингтон душ ман шудаанд. Зеро онҳо имрӯз нерӯи кофӣ доранд, ки аз хусумат ҷилавгирӣ кунанд. Шояд дар даврони Шӯравӣ, ба вижа солҳои ахири Шӯравӣ, мо онҳоро душман мепиндоштем, вале он замон онҳо аз пешбинии мо заифтар баромаданд. Аз ин рӯ, Поп ва Роналд Рейган саъй намуданд, ташвиқи наҳзати демократия дар Аврупои шарқӣ ва Русияро оғоз шавад. Шояд ин амал девори Берлин, пардаи оҳанин ва низоми Шӯравиро зудтар аз байн бурда бошад. Сарфи назар аз ҳар чиз робит бояд идома дошта бошад. Аммо ман фикр намекунам, ки мо ба Путин ва дигар афроди рус барғғалат итминон диҳем, ки мо аз бозгашти арзишҳои Шӯравӣ қаноатманд хоҳем буд. Ба ақидаи ман агар Шумо барои ҳуқуқи шаҳрвандии худ ва барои озодӣ мубориза мебаред, давлати таъқибкунанда низоми хуб нест. Ба фикрам мо бояд возеҳ намоем, ки моро Путин бори дигар ба аҳмақ намудани мо муваффақ мешавад. Агар имрӯз ман ба чашмони Путин назар кунам, ман афсари КГБ-ро мебинам ва хоҳам дид, ки низоми Шӯравӣ эҳё мешавад».