"Беназир дарвоқеъ беназир буд..."

Беназир Бҳутто ҳангоми сухан дар нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти ИМ, Билл Клинтон дар Кохи Сафед, 11 апрели соли 1995.

Ҳилларӣ Клинтон, яке аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи президентии Амрико ба таҳқиқи байнулмилалии қатли хонум Бҳутто, ки 27-уми декабр дар Равалпиндӣ кушта шуд, даъват кард.
Мақомоти Покистон ин пешниҳодро рад карданд ва сарпечии онҳо сабаби боз ҳам бештар шудани шубҳаву гумонҳо гардид.

Таҳлилгарон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бар ин назаранд, ки мумкин аст, кушандагони Беназир Бҳутто ҳаргиз ошкор нашаванд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки аввал созмони Ал-Қоида масъулияти ин кушторро бар дӯш гирифт ва дертар ин хабарро рад кард ва ҳамчунон фарзияҳо дигари ин суиқасд низ дар Покистон дар ҳоли чархишанд, бештари хашму ғазаб бар сари президент Парвиз Мушарраф ва ҳукумати ӯ сарозер хоҳад шуд.

Шаҳид Саъдуллоҳ, сардабири рӯзномаи покистонии "The News" чопи Лондон, мегӯяд, дар ҳоле ки, ба ақидаи ӯ, пеш аз ҳама бояд шубҳа ба тундравони мазҳабӣ соя афканад, ҳукумати Мушарраф ҳадафи осонтари гумонҳо қарор гирифтааст. Ба ақидаи ҷаноби Саъдуллоҳ ин фарзияҳо ба ваҳдати нирӯҳои солими Покистон ва ягонагии онҳо дар мубориза бо терроризм кумак намекунад. Нозирони маҳаллӣ изҳори таассуф мекунанд, ки баъзе фактҳои воқеӣ ба осиёи ин шубҳаву гумонҳои зидди ҳукумат об мерезад. Чунончи, Бҳутто борҳо шикоят карда буд, ки ҳукумат дониста ба таъмини амнияти ӯ эътибор намедиҳад. Дар ҳақиқат ҳанӯз дар ҳамлаи гузашта дар моҳи октябр дар Карочӣ Бҳутто базӯр ҷон ба саломат бурда буд. Дар он ҳамла аз 130 то 150 нафар кушта шуданд.

Вале Равалпиндӣ аз Карочӣ фарқи зиёд дорад. Ин шаҳр аз ҳимояи бештари нирӯҳои амниятии Покистон бархӯрдор аст ва ситоди марказии артиши Покистон дар ин ҷо воқеъ аст. Сояи тардид дар рӯи ҳукумати Мушарраф боз аз он лиҳоз ғафстар мешавад, ки дарҳол баъд аз ҳамла ба Бҳутто ва инфиҷори худкушонаи шахси ҳамлавар, маҳалли воқеъа аз тарафи нирӯҳои полис бо обпошҳо шустушӯ шуда, далелҳои шайъии имконпазири ҳамла аз байн бурад шуд. Инчунин дар бемористоне, ки Беназир он ҷо даргузашт ҳеч гуна амалиёти колбадшикофӣ ва осебшиносӣ ба амал наомад. Тибқи гузоришҳо, мақомоти полис ва ҳукумат баргузории чунин амалро дархост накардаанд.

Ба ақидаи коршиносон, ҳарчанд шубҳа бештар ба рӯи ҳукумати Мушарраф фуруд меояд, хадамоти иктишофии Покистон, артиш ҷудо аз ҳукумат мавриди тардид қарор меёбанд. Аммо гуфта мешавад, холигоҳи азими сиёсӣ пас аз даргузашти Бҳутто ва дилсардии Навоз Шариф аз ширкат дар интихобот зиёдтар ба манфиати нирӯҳои дигарест, ки аз ҳизбу гурӯҳҳои тундрави мазҳабгаро таркиб ёфтаанд. Хадамоти иктишофии Покистон ва бархе аз ниҳодҳои Вазорати умури дохилии ин кишвар бо ин гурӯҳҳо ҳанӯз аз замони "ҷиҳод" алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкории наздик доштаанд ва намояндагони ин хадамот аз мушовирон ва ҳамкорони наздики ҷунбиши Толибон буда, дар дохили Афғонистон низ даст ба амалиёти гуногун задаанд.

Бар ҳар тартиб доғе ҳам ба рӯи ҷаҳони ислом афтод, ҳарчанд маълум нест, ба дасти кӣ, ҳам саҳнаи сиёсии Покистон ва шояд ҳамаи Осиё аз назокат маҳрум гардид, зеро Беназир воқеъан беназир буд...