Мухолифини ҳукумати Қирғизистон аз натиҷаҳои интихоботи ахири порлумонӣ норозиянд ва пирӯзии чашмгири ҳизби ҳокимро зери суол мебаранд.
Тибқи пешгӯиҳо, ин ҳизб тақрибан ҳамаи 90 курсии порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Ҳизби «Отамакон»-и раиси собиқи Жогорку Кенеш ё порлумони кишвар Умарбек Текибоев андаке бештар аз 9 дар сади раъйҳои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Ва аммо ин ҳизб ба иҷрои дигар аз талабҳои қонуни интихобот – дарёфти ҳадди ақалли ним дарсади раъйҳо дар ҳар яке аз 7 вилоят ва ду шаҳри бузурги кишвар – муваффақ нашудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки даҳ ҳизби боқимонда, ки дар интихобот ширкат доштанд, дар гузаштани садди 5-дарсадӣ комёб набудаанд.
Сиёсатмадорон ва таҳлилгарони маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки мақомот талоши дар кишвар ба роҳ мондани системи яккаҳизбиро доранд ва ин раванд, ҳушдор медиҳанд онҳо, Қирғизистонро аз роҳи демократӣ канор бурда онро ба сафи дигар кишварҳои худкомаи Осиёи марказӣ шомил мекунад.
Ва аммо ба назар мерасад, ки ҳизби «Оқ жол» ба яккаҳизбӣ дар кишвар мухолиф нест: масъулини ҳизб ба Маскав ишора мекунанд, ки ҳизби «Единная Росия»-и раисиҷумҳур Владимир Путин аз се ду ҳиссаи курсиҳои Думаи давлатиро соҳиб шудааст. Кубатбек Бейболов, яке аз фаъолони ҳизби «Отамакон», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳизб натоиҷи пешакии интихоботро қабул надорад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбарони ин ҳизб мақомотро дар он муттаҳам кардаанд, ки ба истилоҳ одамони худро вакили порлумон таъйин намудаанд. Онҳо ва дигар раҳбарони аҳзоби мухолифи ҳукумат аз далелҳои зиёди тақаллубу қонуншиканӣ ҳарф мезнананд ва ҳушдор медиҳанд, ки ҷонибдорони худро ба майдонҳои Бишкек мекашанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2005 маҳз баъд аз интихоботи порлумонӣ аҳзоби мухолиф алайҳи раисиҷумҳури пешин Аскар Оқоев бархостанд ва бар асари намоишҳои эътирозӣ Оқоев аз маснадаш барканор шуд.
Нозирони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон низ раванди интихоботро интиқод карда, аз қонуншиканиҳои зиёд ёдовар шуданд.
Толейкан Исмоилова, раиси созмони ғайриҳукуматии «Ҷомиъаи шаҳрвандӣ алайҳи фасод», мегӯяд: «Муҳимтар аз ҳама, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон – ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан – аз сӯи мақомот бо роҳи зурӣ забт карда шуд ва ҳазорон шаҳрвандони Қирғизистон натавонистанд ному насаби худро дар рӯйхати интихобкунандагон пайдо кунанд».
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ эълом дошт, ки ин интихобот мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат нагирифтааст ва он дар қиёс бо интихоботи соли 2005-ум қадаме ба ақиб буд. Ҳайъати нозирони ин созмон интихобот ба Жогорку Кенешро чун «маъракаи имконоти аздастрафта» арзёбӣ кардааст.