Гузориш мегӯяд, ки ба эҳтимоли қавӣ чунини таҳаввулот дар натиҷаи фишори афзояндаи байналмилалӣ болои Эрон имконпазир шудааст. Аммо саволе, ки матраҳ аст, ин аст, ки то куҷо Ғарб фишорро болои Эрон барои хатми ғанисозии ураниум идома медиҳад ва ё ин ки муттафиқони аврупоии вай ҳамакнун бо андешаи кам будани хатари Теҳрон фишанги фишорро заъифтар мекунанд?
Гузориши арзёбикунандаи барномаи ҳастаии Эрон, ки аз ҷониби 16 хадамоти кашфи ИМА таҳия шудааст, мегӯяд, ки барномаи аслиҳаи ҳастаии Теҳрон соли 2003 баста шуда ва то имрӯз масдудшуда боқӣ мемонад. Ин барои нахустин бор аст, ки коршиносони иктишофии Амрико дар чунин ҳассостарин мавзӯъ ба тавофуқи назар расидаанд, дар шароите, ки Эрон ба ғанисозии ураниум идома медиҳад. Аммо бо вуҷуд ин, Вашингтон мегӯяд, ки масдудшавии барномаи аслиҳаи ҳастаии Эрон чаҳор соли пеш ҳанӯз маънои онро надорад, ки Теҳрон аз талошҳояш дар ин самт даст кашидааст. Мушовири амниятии раиси ҷумҳурии Амрико Стефан Ҳадли гузориши мазкурро рӯзи душанбе чунин ташреҳ дод, ки гузориш заминаи умед барои ҳалли дипломатии масъала бидуни истифода аз нерӯро фароҳам меорад ва маъмурияти ИМА ҳам феълан дар паи ҳамин чиз аст.
Вай гуфт, гузориш хулоса мекунад, ки мо стратегияи дурустро ихтиёр намудаем: фишори афзояндаи байналмилалӣ ҳамроҳ бо арзёбии роҳи ҳалли манфиатнок барои эрониҳо. Дар ин байн кафолат дода мешавад, ки ҷаҳон ҳеҷ гоҳ бо Эрони дорои силоҳи атомӣ рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.
Ҳадли гуфт, гузориш ҳокӣ аз он аст, ки Вашингтон стратегияи дурусти фишор болои Эронро барои хатми ғанисозии ураниум дунбол кардааст. Аммо дар чунин шароит саволи аслӣ ин аст, ки оё вокуниши аврупоиҳо, муттафиқони Буш дар ин барнома ба гузориш чӣ гуна хоҳад буд. То ҳол ду раҳбари аврупоӣ - садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфтаанд, ки дар самти мутақоидсозии давлатҳои аврупойӣ ва ширкатҳои мухталиф барои хатми сармоягузории Эрон гом мебардоранд.
Ҳеннер Фӯртиг, як коршиноси умури Эрон дар донишгоҳи мутолеъоти Ховари Миёна дар Ҳамбурги Олмон, гуфт, ки эҳтимолан баъди ин гузориш мунаққидони Меркел ба бозгардони мавқеи пешинаи Олмон дар масъалаи Эрон пофишорӣ хоҳанд кард. Вай афзуд, дар миёни сарвазир Меркел ва вазири хориҷа Штенмайер тафовути афзоянда ба чашм мерасад. Мусоҳибаи имрӯзаи Штенмайер дар робита ба сиёсати Олмон нисбати Эрон бозгӯкунандаи омезиши музокирот, пешниҳоди мухталиф ва фишор буд. Мавқеи вай то андозае бар хилофи нахуствазир мебошад. Ба гуфтаи Ҳеннер Фӯртиг, дар ҳоле, ки мавқеи вай аз фишори бештар болои Эрон иборат аст, Штенмайер бештар ҷонибдори музокирот ва ироаи пешниҳоди бештар ба Эрон аст. Вай хостори нигаҳ доштани иртибот бо Эрон ва кам кардани фишор мебошад.
Дар Фаронса дар робита бо масоили Эрон баҳси камтар сурат мегирад. Аммо баъди нашри гузориш, Денис Баучард, таҳлилгари масоили минтақайӣ аз донишгоҳи равобити байналмилалӣ дар Париж, мегӯяд, ки ҳамакнун вазъ хеле тағйир хоҳад кард. Вай меафзояд, бидуни шубҳа, дар миёни сиёсатмадорон баҳси зиёд ба миён меояд, чунки онҳо хатароти иқтисодии таҳримоти навро арзёбӣ мекунанд. Шумори муайяни ширкатҳои тиҷоратии Фаронса мисли Олмону Итолиё дар Эрон фаъолият мекунанд ва баъзеи онҳо муддати дароз аст, ки он ҷо ҳастанд.
Баучард гуфт, нахустин вокуниш ин мешавад, ки мехоҳанд таъйиди маълумоти гузориши хадамоти кашфи Амрикоро дарёфт кунанд. Вай афзуд, ки дар сурати тасдиқшавии хулосаҳои ин гузориш боз ҳам онҳо хоҳанд донист, ки дар асл дар Эрон чӣ мегузарад. Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳо аз дохили Эрон, гуфта мешавад, ки мақомоти ин кишвар аз натиҷаҳои гузориши амрикоиҳо қаноатманд шудаанд. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ Манучеҳри Муттакӣ аз ин гузориш истиқбол карда гуфтааст, ки ҳамакнун ИМА дидгоҳҳои худро воқеъбинона арзёбӣ кардааст.
Ҳоло пешгӯиҳои таҳлилгарон ин аст, ки бо назардошти гузориши нав, ҳамакнун дар ростои эъмоли таҳримоти нави СММ болои Эрон - Чину Русия боз ҳам оҳистатар ҳаракат хоҳанд кард, чунки ин ду кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ва дорои ҳақи вето, ҳамеша хостори ҳалли дипломатии қазия будаанд.