Аз замоне ки Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳурии ғабргарои Гурҷистон, дар соли 2003 дар натиҷаи инқилоби садбаргӣ сари қудрат омад, дар муносибатҳои миёни Русияву Гурҷистон иттиҳомоти мутақобил нақши тақрибан асосиро ишғол кард. Ва ҳоло ҳам, вақте Гурҷистон ғарқи шадидтарин бӯҳрони сиёсӣ шудааст, мақомоти Тифлис боз ҳам ангушти иттиҳомро ба ҷониби Маскав мегардонанд.
Худи Саакашвилӣ, аз оғози раҳпаймоиҳои мухолифон дар кишвараш, ниҳодҳои истихборотии Русияро дар ташкили эътирозҳо муттаҳам кард. Ин рӯйдодҳо баъдан мунҷар ба даргириҳо миёни полис ва эътирозгарон шуд. Полис барои парокандакунии тазоҳургарон аз обзанҳо ва гази ашковар истифода бурд ва дар натиҷа беш аз 500 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Саакашвилӣ он замон гуфта буд, ки эътирозҳоро ҷонибдорони Русия ташкил кардаанд ва ин як кӯшише барои анҷоми як табаддулоти давлатӣ будааст.
Дар ҳоле ки изҳороти шадид дар муносибатҳои Москаву Тифлис аллакай ба як чизи маъмул мубаддал шудаааст, таҳаввулоти тоза ба оташи равобити миёни ду кишвар равғани бештар рехт.
Мақомоти Масква ҳамаи иттиҳомотро як моҷароҷӯӣ унвон дода, латукуби тазоҳургарони осоиштаро “демократияи гурҷӣ” номид.
Дар посух раҳбари Гурҷистон ҳамтои русаш Владимир Путинро дар кӯшиши тақсим кардани кишвараш ба мисоли ҷазираи Қибрис айбдор кард: “Ҳоло ман мехоҳам ба шумо чизеро бигӯям, ки то ба ҳол дар ин бора гуфта набудам. Соли гузашта, зимни нишасти сарони кишварҳои муштарак ул манофеъ, президент Путин, дар хилват ва хеле маҳрамона, ба ман гуфт, ки Русия дар Абхазистон Қибриси нав ташкил хоҳад кард.”
Маскав минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро дар баҳси деринаашон бо Тифлис пуштибонӣ мекунад. Саакашвилӣ, ки кӯшиш дорад ҳукумати марказӣ ин минтақаҳоро дубора зери итоати худ бигирад, Маскваро муттаҳам кард, ки бо додани шаҳрвандии Русия ба сокинони ин минтақаҳо ба якпорчагии кишвараш таҳдид мекунад.
Давид Бакрадзе, вазири ҳалли низоъҳои Гурҷистон, ҳафтаи ҷори Русияро айбдор намуд, ки ҳузури низомиашро дар қаламрави Абхазистон тақвият мебахшад. Вай гуфт Русия ба Абхазистон аз тариқи бандари Очамчира дар Баҳри Сиёҳ тонкҳо, мушакҳо, тупҳо, зиреҳпушҳо ва беш аз 200 сарбоз, ки аксарияташонро чеченҳо ташкил мекунанд ворид кард. Чеченҳо дар ҷанги миёни Тифлис ва Абхазистон нақши калидиро бозидаанд ва ҳоло Гурҷистон ҳузури онҳоро дар Абхазистон ҳамчун таҳқир арзёбӣ мекунад.
Вазири корҳои хориҷаи Русия иттиҳомоти Бакрадзеро рад намуда гуфт, артиши кишвараш танҳо барои таъмини сулҳ ва дар чаҳорчуби салоҳиятҳои аз СММ гирифтааш амал мекунад.
Аммо саволи ин ки оё воқеан ҳам иттиҳомоти Гурҷистон роҷеъ ба мудохилаи Маскав ба умури Тифлис то куҷо метавонад, асос дошта бошад, андешаест, ки аз амалкардҳои Русия маншаъ мегирад. Як таҳлилгари гурҷӣ ба ин фикр мувофиқ аст. Темур Якобашвилӣ гуфт: “Ҷосусони Русия талош доранд ба равандҳои дохилӣ таъсир расонанд. Нақзи созишномаҳои байналмилалӣ ва дуҷонибаро аз ҷониби Русия мешавад ҳамчун ҳуҷуми ошкори он ба Гурҷистон арзёбӣ кард. Русия ҳатто пинҳон намекунад ки аз тариқи идораи равандҳои сиёсӣ ва нуфузаш ба пешвоён ва ҷумбишҳои мухталифи сиёсӣ мехоҳад режими кунунии гурҷиро иваз кунад.”
Бидуни шак, Русия, баъд аз сари қудрат омадани Саакашвили ва ваъдаҳои вай дар бораи шомил кардани кишвараш ба паймони низомии НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, бо Гурҷистон сахтгирона бархӯрд мекунад, ва манъи фурӯши шароби гурҷӣ, оби минералӣ, меваҷот ва ғайра дар қаламрави Русия аз ин шаҳодат медиҳанд.
Баъзе сиёсатмадорони рус даст доштани ниҳодҳои истихборотии кишварашонро дар умури Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ инкор намекунанд, аммо иртиботи ниҳодҳои истихборотии Русия ба таҳаввулоти ахири Гурҷистон ҳатто барои таҳлилгарони ғарбӣ шубҳанок ба назар мерасанд.