Пирӯзии дастаи футболи занонаи Хатлон

Дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори Федеросиюни футболи Тоҷикистон баргузор шуд, занони футболбози тоҷик дар ҳайати чаҳор даста ширкат карданд. Дастаи мунтахаби вилояти Хатлон бо 9 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Тими ғолиб дар нахустин дидори худ бар дастаи Душанбе-2 бо натиҷаи 5 бар 0 пирӯз шуда, дар бозии дуввум дастаи Душанбе-1-ро бо натиҷаи 4 бар 0 шикаст дод ва бо ҳамин ҳисоб дар даври охирин бар дастаи «Регар»-и шаҳри Турсунзода ғолиб омад.

Дастаи « Регар», ки бар тимҳои Душанбе-1 ва Душанбе-2 бо натиҷаи якхелаи 2 бар 0 ғалаба кард, бо 6 имтиёз ҷойи дуввумро касб намуд.

Дастаи Душанбе-1, ки танҳо бар тими Душанбе-2 бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз гаштааст, бо 3 имтиёз севвум шуд.



Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзишҳои бостонии зӯрхонаӣ бахшида ба ҷашни 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шурӯъ шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ, ки тӯли ду рӯз идома хоҳанд кард, беҳтарин варзишгарони кишвар ширкат доранд.