«Вахш» ва «ХИМА» ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд

Бозиҳои гурӯҳии мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии тимҳои "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ва "ХИМА"-и Душанбе ба поён расид.

Дар ин мусобиқот даҳ дастаи футболи лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон дар ду гурӯҳ рақобат карданд. Ба гурӯҳи «А» СКА «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Саройкамар»-и Панҷ ва «Гвардия»-и Душанбе ва ба гурӯҳи «Б» се дастаи шаҳри Турсунзода - «Регар-ТадАЗ» - 1, «Регар» ТадАЗ - 2 ва «Динамо» ТадАЗ, ҳамчунин «ХИМА»-и Душанбе ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дохил буданд.
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳҳо ба таври зайл аст:
гурӯҳи «А»
Б Ғ М Б Т И
1.Вахш» 4 3 1 0 9-2 10
2. «СКА «Помир» 4 2 1 1 10-7 7

3. «Парвоз» 4 2 0 2 8-8 6
4. «Саройкамар» 4 2 0 2 8-8 6
5. «Гвардия» 4 0 0 4 4-14 0

гурӯҳи «Б»
Б Ғ М Б Т И
1. «ХИМА» 4 4 0 0 20-3 12
2. «Регар» ТадАЗ-1 4 3 0 1 19-5 9

3. «Тоҷиктелеком» 4 2 0 2 9-8 6
4. «Динамо» ТадАЗ 4 1 0 3 8-13 3
5. «Регар» ТадАЗ-2 4 0 0 4 5-32 0

Бар асоси низомномаи мусобиқот ғолибони ҳарду гурӯҳ - «Вахш ва «ХИМА» дар бозии ниҳоӣ байни худ рақобат мекунанд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар мақоми дуввум қарор гирифтаанд - СКА «Помир» ва «Регар» ТадАЗ-1 барои ҷойи севвум талош меварзанд. Ҳарду бозии ҳалкунанда рӯзи 2 ноябр дар варзишгоҳи CSKA-и Душанбе барпо мешавад.