Чаро барқарор кардани Ню Орлинз тӯл мекашад?

Ҷойс Дэйвис: Ҳоло бахши бузурги Ню Орлинз комилан хароб шуда ва дар як вазъи табоҳ аст. Ман як ҳафта қабл ба он шаҳр сафар доштам ва интизор набудам, ки чунин вазъиятро мебинам. Масалан, минтақаеро, ки хоҳари ман он ҷо зиндагӣ мекунад, тақрибан пурра об зер кардааст. Табақаи аввали хонаи хоҳарам пур аз об аст. Аз оби олуда, аз ҳавои олуда бӯи баде ба вуҷуд омадааст. Ман танҳо аз нафас кашидани он ҳаво ба бемории роҳи нафас гирифтор шудам. Хоҳари ман дар рӯи ҳавлияш ҳавзи оббозӣ дошт. Ҳоло ин ҳавз бо оби касифи сабзранг пур аст ва дар даруни он намедонам, чиҳо мегарданд. Арзёбии куллӣ ин аст, ки ҳоло ҳавои минтақа якҷо бо хоки он - ҳама ба касофат олуда шудаанд.

Барги Сабз: Ҳанӯз дар рӯзҳои аввали баъди тӯфони Катрина табибон изҳори ташвиш мекарданд, ки дар ин минтақа эҳтимол бемориҳои хатарноки сироятӣ пайдо хоҳанд шуд. Оё ин пешгӯӣ дуруст баромад?

Ҷ. Д. Бале, тибқи хабарҳо, баъзе кормандони нахустин гурӯҳҳои наҷот ба бемориҳо мубтало шуданд ва ҳоло ин масъала мавриди пажӯҳиш қарор дорад. Аз тӯфон танҳо чаҳор моҳ гузашта ва ҳанӯз паёмадҳои куллии он таҳқиқ мешавад. Бале, баъзе бемориҳо ҷой доранд.

Б.С. Вақте дар ягон кишвари дигар офати табиӣ рӯй медиҳад, Амрико аз нахустин кишварҳоест, ки ба кӯмаки осебдидагон мешитобад. Тасаввури бисёриҳо ин аст, ки Амрико кишвари сарватманд аст, пул дорад ва паёмадҳои тӯфони Катринаро ба осонӣ бартараф мекунад. Магар ҳамин тавр нест?

Ҷ.Д. Ҳоло мардуми аёлати осебдидаи Луизина низ маҳз ҳамин саволро медиҳанд. Онҳо мепурсанд, куҷост кӯмак барои мо? Албатта, он ҷо корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Масалан, кӯчаҳо аз он ҳама касофоти об-оварда поккорӣ шудаанд. Вале ҳанӯз барқарор кардани биноҳо имконнопазир аст. Вақте шумо аз кӯчаҳои шаҳр мегузаред, пушти ҳам хонаҳои кӯчидаву мошинҳои чаппашударо мебинед. Манзараи аз ҳама ғамангезе, ки ман дидам чунин аст: дар бисёр ҳавлиҳо лавҳаҳое зада шудаанд, ки дар онҳо ҳайатҳои вижа санаи тафтиши ҳавлӣ, хисорот ва теъдоди шахсони мурдаро сабт кардаанд. Шаҳр аз чунин лавҳаҳои ғамангез пур аст. Хоҳари ман мегӯяд, тахмин мешавад, ки байни харобаҳо шояд ҳанӯз ҷасадҳои одамон боқӣ монда бошанд. Фикри ман ин аст, ки расидагӣ ба паёмади чунин офати густардаи табиӣ дар ҳар кишваре, ки набошад, душвор аст. Ман итминон дорам, ки ҳукумати федералии Амрико барои Ню Орлинз барномаи махсуси барқарорсозиро таҳия мекунанд. Ҳукумат ҳанӯз чунин барномаро омода накардааст. Вале амрикоиҳо мунтазири он мебошанд.

Б.С. Барқарор кардани зарари моддӣ ҳанӯз танҳо як тарафи кор аст. Ҳатман, тӯфони Катрина ба мардуми ин минтақа паёмадҳои шадиди равонӣ низ дошт?

Ҷ.Д. Бале, ин саволи бисёр хуб аст. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки Амрикоиҳо сарватманд ҳастанд. Вале воқеият ин аст, ки ҳамаи амрикоиҳо пулдор нестанд. Дар Ню Орлинз ва Луизиана мардуми нодор зиёд буданд. Онҳо ҳама чизи худро аз даст додаанд. Онҳо узви ширкатҳои бима, ё суғурта набуданд, ки ҳоло зарари амволи харобшударо пардозад. Ин одамон ҳоло дар дохили кишвари худ муҳоҷир мебошанд. Ашхоси нисбатан доро узвияти ширкатҳои бимаро доштанд, вале барои онҳо низ пуле, ки ширкати бима мепардозад, кофӣ нест. Ҳатто онҳое, ки пул доранду хонаи худро барқарор мекунанд, дар оянда - дар муқобили тӯфонҳо ҳеҷ бима ва ҳеҷ замонат нахоҳанд дошт. Ню Орлинз дар минтақаи поин аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва ҳар сол мавсими тӯфони баҳрӣ меояд. Дигар ҳеҷ ширкати бима ҳозир нахоҳад шуд, ки ин хонаҳоро суғурта кунад. Дар ин ҷо мушкилӣ хеле зиёд аст. Ҳоло пажуҳиш мешавад, ки оё аслан ин минтақа барқарор карда шавад ё на. Ҳоло вазъи олудагии муҳит, ҳаво ва обро месанҷанд. Албатта, қисмати қадимиву таърихӣ - Қисмати Фаронсавии шаҳр, ки дар баландӣ ҷойгир аст, осеб надидааст. Вале аксари заминҳои атрофи он хароб шудаанд.

Б.С. Ню Орлинз макони ҳайвоноти камёби хокиву обӣ низ буд. Оё олами ҳайвонот дар чӣ вазъ аст?

Ҷ.Д.Ҳамаи онҳо зарар дидаанд. Зеро об олуда шуд, нафт ба об рехт. Мо ҳанӯз тамоми зарари расидаро арзёбӣ карда наметавонем. Мардуми Ню Орлинз хӯроки аз моҳиву дигар ҷонварони баҳрӣ таҳияшударо дӯст медоранд. Ҳоло ин бахш зарари ҷиддӣ дидааст. Барои донистани тамоми таъсири тӯфон ба муҳити атроф вақти зиёд ба кор аст. Вале тибқи маълумоте, ки ман дар даст дорам, вазъият дар ин самт хуб нест.

Б.С. Оё ин офати табиӣ шахсан дар рӯҳияи худи шумо чӣ таъсир гузоштааст?

Ҷ.Д. Ин барои хонаводаи мо вақти душвор буд. Вале худоро шукр, касе аз мо кушта нашуд. Ман дар Ню Орлинз хешу табор дорам ва қариб ҳамаи онҳо хонаи худро аз даст додаанд. Вале мо хуш ҳастем, ки мо танҳо моликияти худро аз додем, на ҷони худу наздикони худро.

Б.С. Бисёриҳо Ню Орлинзро бо мусиқии ҷаз, хӯроки пурмасолеҳ ва мардуми онро чун мардуми зиндадилу пурҳаракат мешиносанд. Оё ин офати табиӣ ба он зиндадилӣ, умуман ба рӯҳияи мардум чӣ таъсир гузоштааст?

Ҷ.Д.Зимни сафар ба Ню Орлинз ба назари ман чунин расид, ки тамоми шаҳр дар як рӯҳияи ғамолуда, дар як рӯҳияи мотам буд. Ман худам дар ин шаҳр ба дунё омада ва ҳамон ҷо ба воя расидаам ва медонам, ки аслан ғамзадагӣ як бахши мусиқии ҷази мо буд. Мо дар маросими мотам мусиқии оҳистаи ҷаз менавозем, ин мусиқӣ аввал ғамнок аст, вале тадриҷан рӯҳияи одамро боло мебарад. Ҳоло мардуми Ню Орлинз низ умед доранд, ки ин вақт замони мотам аст, вақти мусиқии оҳистаи ҷаз аст ва тадриҷан ин мусиқӣ тундтар ва шодтар мешавад... яъне рӯзҳои беҳтар фаро мерасанд.