"Вахш" ва "Регар" барои Ҷоми Олӣ рақобат мекунанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, барои аввалин бор бозии ду дастаи беҳтарин - қаҳрамони мамлакат ва барандаи ҷоми кишварро барои дарёфти Ҷоми олӣ ё Суперкубоки Тоҷикистон баргузор намояд. Ин бозӣ миёни «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рӯзи 9 март доир хоҳад шуд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки дастаҳои футболи CSKA-и Маскав, «Каунас»-и Каунас, «Нефтчӣ»-и Боку ва «Пюник»-и Ереван барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Иттиҳод роҳ ёфтанд. Чаҳор бозии давраи дувуми мусобиқот дар маҷмааи варзишии «Олимпик»-и Маскав баргузор шуд. CSKA - и Русия бар «Металлург»-и Латвия бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кард. Бо ҳамин натиҷа «Пюник»-и Арманистон ҳайати дувуми «Шахтёр»-и Украинаро шикаст дод. Дар ду бозии дигари чаҳорякниҳоӣ дастаи ғолиб бо пеналти ё задани зарбаҳои ёздаҳметра муайян шуд. Дар дидори «Нефтчӣ»-и Озарбойҷон ва «Пахтакор»-и Узбакистон вақти асосӣ ва иловагӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра бозигарони Озарбойҷон маҳорати хубтар зоҳир карда, бо натиҷаи 4 бар 2 дастболо шуданд. Дар бозии «Каунас» -и Литва бо «Шериф»-и Молдова низ вақти асосӣ ва иловагӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид. Ва аз рӯи пеналти «Каунас» бо натиҷаи 5 бар 3 пирӯзӣ ба даст овард. Ба ин тартиб дар ду бозии нимниҳоӣ, ки рӯзи ҷумъаи 20 январ баргузор мешавад, CSKA бо «Каунас» ва «Нефтчӣ» бо «Пюник» рақобат хоҳанд кард.