Боз як бохти "Вахш"

Охирин даври бозиҳои гурӯҳи «В» дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и пойтахти Русия баргузор шуд. Ҳамлагари «Металлург» Карлсон дар дақиқаи 61-уми бозӣ ҳисобро кушод. Бозигари «Вахш» Индӯст Ҳусейнов дар дақиқаи 77-ум ҳисобро баробар кард. Вале дар дақиқаи 89-ум ба Карлсон муяссар шуд, ки бори дигар тӯбро ба ҳадаф расонда, бозиро ба нафъи «Металлург» анҷом бидиҳад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни «Оқтеппа»-и Актюбинск ва «Нефтчӣ»-и Боку бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. «Нефтчӣ» -- қаҳрамони Озарбойҷон дар ҷадвали гурӯҳи «В» бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Металлург» -- қаҳрамони Латвия бо 6 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт. Ҳарду даста барои ширкат дар давраи дувуми мусобиқот роҳ ёфт. «Оқтеппа» -- қаҳрамони Қазоқистон бо 4 имтиёз дар мақоми севум, «Вахш» -- қаҳрамони Тоҷикистон бидуни имтиёз дар мақоми охирин қарор гирифта, аз ҳуқуқи идомаи мубориза барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод маҳрум гаштанд.

Дар гурӯҳи А, CSKA-и Маскав - қаҳрамони Русия бо 9 имтиёз мақоми аввал ва «Пахтакор»-и Тошканд -қаҳрамони Узбакистон бо 6 имтиёз мақоми дуввумро касб карданд. «Шериф»-и Тираспол - қаҳрамони Молдова ва «Шахтёр»-и Донетск - қаҳрамони Украина бо шаш имтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи С мутаносибан мақоми якуму дуввумро соҳиб шуданд. Дар гурӯҳи D, ФБК «Каунас»-и Каунас - қаҳрамони Литва бо 4 имтиёз дар мақоми аввал ва «Пюник»-и Ереван - қаҳрамони Арманистон бо 3 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифтанд.

Ба ин тартиб, дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ CSKA бо «Металлург», «Пахтакор» бо «Нефтчӣ», «Шериф» бо «Пюник» ва «Шахтёр» бо ФБК «Каунас» рақобат мекунанд.