Тоҷикистон аз кӣ ва чӣ қадар қарздор аст?

Дар аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи Тоҷикистон дар назди кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои молиявии ҷаҳон 871 миллион долларро ташкил медод, аммо феълан ин рақам ба 918 миллиону 430 ҳазор $ баробар шудааст. Лариса Сариева, сардори департаменти қарзҳои берунаи вазорати молияи Тоҷикистон дар ин робита ба радиои Озодӣ гуфт, сабаби афзоиш ёфтани ҳаҷми қарзи хориҷӣ ин аст, ки имсол Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва бонкҳои молиявӣ беш аз 90 миллион доллари амрикоӣ қарзи боимтиёз гирифтааст, аммо ҳудуди 40 миллионашро бозпас гардонидааст:

Ин ниҳодҳо ба Тоҷикистон қарз додаанд:

Бонки Ҷаҳонӣ - ҳудуди 317 миллион $
Иттиҳодияи Байналмилалии Рушд - 27, 9 миллион,
Бонки Осиёии Рушд - 16, 5 миллион,
Сандуқҳои молиявии Кувайт ва Арабистони Саудӣ - 8, 4 миллион,
Бонки Исломӣ - беш аз 4 миллион


Лариса Сариева мегӯяд, вазорати молия як нақшаи бозгардонии қарзҳои берунаро матраҳ кардааст, ки тибқи он Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи ноябри соли ҷорӣ ба бозгардондани қарзҳои худ шурӯъ хоҳад кард. Масалан, то охири соли 2005 Тоҷикистон 13 миллион доллари қарзашро дар назди Ӯзбекистон бозпас мегардонад.

Дар ҳамин ҳол, Ғафурҷон Расулов, корманди вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми қарзҳои берунаи Тоҷикистон то он замоне ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд нашавад, афзоиш хоҳад ёфт ва пардохти пурраи он берун аз имкон хоҳад буд:

«Қарзҳо меафзояд, чунки Тоҷикистон ба қарзҳои хориҷӣ ниёз дорад. Лекин вақте ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд шуд, ҳатман як қисми муайяни он барои пардохти қарзҳо сарф мешавад. Як роҳи дигари коҳиш додани қарзҳо ин аст, ки шарту шароити қарзҳо тағйир дода шавад, корхонаҳои муштарак бештар шавад, истеҳсоли маҳсулот ва сармоягузорӣ, ки дар Тоҷикистон зиёд шуд, ин мусоидат мекунад барои кам шудани қарзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.»

Ва аммо Аслами Муллофайзӣ, масъули бахши иқтисоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бар ин назар аст, ки қарзҳои боимтиёзе, ки аз хориҷи кишвар гирифта мешавад, ба таври босамар истифода намегардад ва аз ин рӯ қарзҳои Тоҷикистон дар назди кишварҳои хориҷӣ коҳиш намеёбад. Оқои Муллофайзӣ ба унвони далел мегӯяд, танҳо бо ин ки Тоҷикистон маркази кайҳоншиносии «Окно»-ро ба ихтиёри Русия дод, тавонист аз 350 миллион доллари қарзаш халос хӯрад.

Ҳамзамон, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктор дар риштаи иқтисод мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, бо бонкҳои Ҷаҳонӣ, Исломӣ ва Осиёии Рушд ҷиҳати ботил кардани як миқдори қарзҳо гуфтушунид анҷом диҳад. Вале оқои Умаров ҳалли ҷанбаи дигари ин масъаларо аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон афзалтар мешуморад:

«Муҳимтар ин аст, ки як мониторинге бошад, аз болои истифодабарии қарзҳо, яъне ҳамин қарзҳое, ки мо аз хориҷи кишвар гирифтем ва мавриди истифода қарор додем, онҳо чи тавр ва барои кадом корҳо равона шудааст, ба иқтисоди мамлакат, ба ҷамъият чи додааст. Ин хеле муҳим аст. Ба ақидаи ман, дар Тоҷикистон ба сатҳи самаранокии истифодабарии ҳамин қарзҳо чандон машғул нестанд.»

Коршиносони масоили иқтисодӣ бар ин назаранд, ки қарзҳои берунаи Тоҷикистон имкон дорад тайи панҷ-даҳ соли оянда комилан пардохт гардад. Ба андешаи онҳо, ин дар сурате имконпазир аст, ки нирӯгоҳҳои Роғун ва Сангтӯда комилан бар кор андохта шавад ва ба манбаъи асосии даромади Тоҷикистон табдил ёбад. Пасон Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷи кишвар, қарзҳои худро пардохт кунад.