Дар рӯзи ҷаҳонии ҳифзи оила, ки рӯзи 15 май дар саросари олам ва Тоҷикистон ба таври мутантан таҷлил гашт, дар ҷамоати деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз як оилаи иборат аз панҷ фарзанди хурдсол бесаробон монд.
Ҷисми нимҷони обастани Шамъигул Аҳмадоваи 38-соларо, наздикон пиёда рӯйи замбари тиббӣ 3 килолметр роҳро паймуда, аз деҳаи Мурғаки ҷамоати деҳоти Сағирдашт 250-километрии ҷанубу шарқи пойтахти кишвар, ба беморхонаи маркази ноҳияи Тавилдара оварданд, ба умеде, ки духтурони ин ноҳия Шамъигулу фарзандашро аз панҷаи марг мераҳонанд. Аммо ҳайҳот!
Мувофиқи нақли хешовандони Шамъигул, духтурони ноҳияи Тавилдара, ӯро қабул накарда, дар нимашабӣ пас гардондаанд.Олим Ҷаҳлонов яке аз хешовандони Шамъигул мегӯяд, вақте ӯро ба бемористони ноҳияи Дарвоз оварданд, аз ҳуш рафта буд. Оғои Ҷаҳлонов афзуд, шояд ӯро, ё кӯдаки батнашро имкони наҷот додан буд, агар ягона кати ҷарроҳии беморхонаи мазкур, банд намебуд ё имкони пайдо кардани духтури дигаре даст медод: "Мо 3 километр роҳро пиёда ва бо мошин тай карда ӯро ба ин ва он беморхона бурдем, ки аз ҳол рафт, дар беморхона кати ҷарроҳӣ банд буд ва дигар наҷот дода нашуд вайро, Шамъигул ва кӯдакаш ҳарду мурданд."
Самирон Солеҳова яке аз хешовандони дигари Шамъигул гуфт, тайи солҳои ахир маргу мири занону кӯдакон дар ин мавзеи кӯҳдоман ба маротиб афзудааст. Вай мегӯяд, то ҷое хабар дорад, танҳо дар соли гузашта беш аз 20 нафар кӯдак ва ҳамчунин занони ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ки аз камхунӣ ва бемориҳои дигар ранҷ мебурданд, ҳангоми ҳамл фавтидаанд.
Вай мегӯяд: "Бисёр шароит вазнин аст, на барқ ҳаст, на роҳ ҳаст, на духтур ҳаст, барои ҳамин ҳам ин хел воқеаҳо биёр рух медиҳад, ба қарибӣ як зани дигар ҳам мисли Шамъигул аз камхунӣ таваллуд карда натавонист ва ӯро ҷарроҳӣ ҳам карда натавонистанд ва бо кӯдакаш вафот карданд."
Хонум Солеҳова ҳамчунин афзуд, мушкили дигаре, ки дар муассисаҳои беҳдоштии ин минтақаи кӯҳӣ сабаби маргу мири беморони зиёд мегардад, аз як ҷониб нарасидани мутахассисон бошад, аз ҷониби дигар набудани барқ ва роҳ будааст. Мусоҳибони ман гуфтанд, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад ва касеро аз масъулин дар сар андешаи ободиву рушди деҳоти кӯҳистони кишвар набошад, кӣ медонад, боз чандин занони дигар ҳамқисмати Шамъигул ва чандин тифли дигар мисли кӯдаки батни вай олами рӯшанро надида, синаи хокро маскан мекунад.