Хулосаи нашрияҳои ин ҳафта

Мушкили бебарқӣ, тасмим барои тағйири номи "милиса" ва муносибат бо кишарҳои абарқудрат аз мавзӯъҳои муҳими нашрияҳост.
"Ҷумҳурият" дар матлабе сару садоҳо дар бораи барқфурӯшӣ ба Афғонистону Покистонро беасос хондааст. Ин нашрия навиштааст, "аҳолии кишвар бояд огоҳ бошанд, ки ин мушкилот муваққатист, дигар бозгашт ба зимистон ғайриимкон аст ва дар рӯзҳои наздиктарин вазъи таъминоти пурра бо барқ барқарор хоҳад шуд."
Соддалавҳии тоҷиконаамонро партофта, дар миёни онҳо дӯст накобем, зеро ҳеҷ кадом қудратҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон дӯсткобӣ наомадаанд...


"Озодагон" дар матлабе зери сарлавҳаи "Табиат бо "Барқи тоҷик" соз намегирад?", навиштааст, "бори аввал нест, ки чунин ваъдаҳо дода мешавад ва баъдан вазъ бештар нигаронкунанда мегардад. Чаро масъулони "Барқи тоҷик" бозрасӣ ё маълумоти дурустро ба роҳбарияти олии кишвар пешниҳод намекунанд ва мардумро пешакӣ аз қатъ шудани нерӯи барқ огоҳ намесозанд?"

"БАШАР БА КАЙҲОН, МО ДАР ҒАМИ РӮШНОӢ"

"Миллат" ин мавзӯъро дар матлаби "Ҷаноби олӣ, вазири энергетика ва раиси "Барқи тоҷик"-ро ҷавоб диҳед" ошкоро навиштааст, ки "аз мансаб биравед! Агар ҷуръаташро надоред, пас, ногузир аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунем, ки мардумро аз раҳбаронпи бемасъулияте, ки боиси бӯҳронӣ шудани вазъ шудаанд, халос кунад." Нашрия менависад, «айб аст, ба Худо айб. Башар роҳ ба кайҳон меҷӯяду киштии кайҳонӣ месозад, мо бошем, пойтахти кишварро бо рӯшноӣ таъмин карда наметавонем."

ДАР МИЁНИ ЧОР ДАРЁ...

"Нигоҳ" муносибати кишварҳои хориҷӣ бо Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, "аксари тоҷикистониён ба ин назаранд, ки ҳеҷ давлате бо Тоҷикистон сиёсати дӯстона надорад. Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, низ гуфтааст, "имрӯз мо мисли нимаи асри 19 дар остонаи Бозии бузург миёни абарқудратҳо қарор гирифтаем. Оқибати он ба чӣ меанҷомад, ҳоло гуфтан мушкил аст. Ин вобастагӣ дорад ба дипломатия ва ҳушёрии сиёсии худи мо. Онҳо дунболи манфиатҳои худ ҳастанд, мо ҳам бояд дунболи манфиатҳои худ бигардем ва ин соддалавҳии тоҷиконаамонро партофта, дар миёни онҳо дӯст накобем, зеро ҳеҷ кадом қудратҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон дӯсткобӣ наомадаанд."

МАРЗ ВА ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР
Ин моддаҳои заҳрнок ангезандаи бемориҳои роҳи нафас, ҷигар, пӯст, асаб ва ғайраҳо будаанд...


"Имрӯз нюс" дар матлабе ба мавзӯи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пардохта навиштааст, ки "имрӯзҳо садҳо кило маводи мухаддир аз марзи Афғонистон ба Тоҷикистон ба кишвари мо интиқол меёбад, ки дар баъзе мавридҳо сарҳадбонони тоҷик бар ивази чанд сад доллар ба қочоқчиён барои ворид намудани маводи мухаддир ба хоки мо ҳамкорӣ мекунанд". Аммо ба навиштаи нашрия, "Хушнуд Раҳматуллоев, сардори шӯъбаи матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллӣ гуфтааст, ки ин гуна маълумотро дар даст надорад."

"ПОДОШИ ХИДМАТ"

"Азия-Плюс" назари Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилиро дар мавриди парвандаи Сафаралӣ Сангов, ки пайвандонаш мегӯянд, вай дар асари латукӯби маъмурони пулис ба ҳалокат расидааст, дар мусоҳибае овардааст. Ҷаноби вазир гуфтааст, "ман он ҷо (ҳангоми боздошт) набудам ва чизе гуфта наметавонам. Мехоҳам кормандони худро бовар кунам, аммо бигузор тафтишот сурат бигирад ва он вақт ҳама чизро маълум хоҳем кард. Агар онҳо гунаҳкор бошанд, ман онҳоро муҳофизат намекунам. Шуморо бовар мекунонам, ки ҳар кас "подоши хидматаш"-ро мегирад."

ДОДСИТОНӢ ДАР БОРАИ РАҚИБОВҲО


"Наҷот" бо Ҳасан Бобоев, додситони ноҳияи Файзобод, мусоҳиба анҷом додааст. Додситони Файзобод гуфтааст, "парвандаи Атобулло Рақибов аз ҷониби прокурор ва прокуротура оғоз нашудааст ва дар оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ман ягон ташаббусе надоштам." Аммо бо ин ҳам ҷаноби Ҳасанов гуфтааст, "Рақибов дар замини ғайриқонунӣ ишғолкардааш худсарона манзил бунёд кардааст. Мувофиқи қонун дар чунин ҳолатҳо замин бояд ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад. Вале ин талаботи қонун аз ҷониби Рақибов бо якравии хос инкор карда шуд, ки нисбат ба вай оқибати номатлуби ҳуқуқӣ ба бор овард."

"Пайкон" иқдомот барои полис ном гирифтани милисаи тоҷикро пайравӣ ба Русия хонда ва аз забони Ашрафиддин Ҷалилён, як тан омӯзгор, навиштааст, ки "гап сари ном нест. Аммо «полис» ном гирифтани милисаи тоҷик чизеро тағйир намедиҳад."

КӢ ЗАХИРА КУНАД: ТОҶИР Ё МАРДУМ?
Парлумони кишвар Кӯлобро ба ҳайси водии тобеи Қӯрғонтеппа нигаҳ дошта, фикр мекунам, мардуми ин вилоятро таҳқир мекунад...


"Фараж" дар посух ба даъвати президенти Тоҷикистон барои захираи дусолаи маҳсулоти ғаллагӣ навиштааст, ки "соҳибкорон бояд орд захира кунанд, зеро мардуми одӣ чунин имконро надоранд." Нашрия меафзояд, "дар ҳоле ки дар кишвар маоши ҳадди аққал 80 сомониро ташкил дода, нархи як халта орд то ба 150 сомонӣ расидааст, оё имкони захира намудани маҳсулоти ғаллагӣ барои ду соли ояндаро дорад?" Ин аст, ки ба навиштаи нашрия "ин таъкиди президент на ба мардуми оддӣ, балки ба соҳибкороне, ки бевосита ба савдои орд машғуланд, тааллуқ дорад."

ШАҲР Ё ВИЛОЯТИ КӮЛОБ?

"СССР" дар матлабе зери номи "Агар Кӯлоб вилоят нашавад..." навиштааст, ки "19 сол муқаддам боевикҳои вақт мақоми вилоят будани Кӯлобро таи як фармони кӯчагӣ барҳам заданду дигар ин шаҳри азими ҷумҳурӣ бо 10 ноҳияи анқариб дастнораси атрофаш, рӯ ба вайрона овард." Муаллифи ин матлаб Аҳмади Иброҳим дар идома менависад, ки "парлумони кишвар Кӯлобро ба ҳайси водии тобеи Қӯрғонтеппа нигаҳ дошта, фикр мекунам, мардуми ин вилоятро таҳқир мекунад!" Ба навиштаи Аҳмади Иброҳим, "ҳукумати марказӣ ин ҳақиқати бебаҳсро бояд дарк кунад, ки мо сокинони ин водӣ, ки дар таҳкими ҳукумати конститутсионӣ, 19 сол муқаддам, ҳазорон ҷавонро дар майдони корзор гузоштаем, як чиз мехоҳем: вилоят!"

БОЗИЧАҲОИ ЗАРАРОВАРИ ЧИНӢ

"Вечерний Душанбе" аз фурӯши бозичаҳои хатарноки истеҳсоли Чин дар бозорҳо ва дӯконҳои кишвар хабар додааст, ки ба навиштаи нашрия дар таркиби онҳо моддаҳои кимиёвии зараровар ба саломати инсон будааст. Ба навиштаи нашрия "дар пайи санҷиши баргузоркардаи Маркази беҳдоштии вазорати тандурустӣ ва ташхис муайян шудааст, ки дар таркиби ин бозичаҳо меъёри кофии фенол - моддаи заҳрдори кимиёвӣ панҷ маротиба бештар будааст, ки барои ранг кардани ин бозичаҳо истифода шудааст. Ин моддаҳои заҳрнок ангезандаи бемориҳои роҳи нафас, ҷигар, пӯст, асаб ва ғайраҳо будаанд." Аммо нашрия менависад, дар муддати солҳои 2007 то 2010, бештар аз 440 бозича аз нуқтаҳои фурӯш гирифта шудаанд.