Тоҷикистон, мусулмонӣ ва мушкили ҳамҷинсгароӣ

Дар нашри нави барномаи “Ойини мадоро” мавзӯи ҳамҷинсгароӣ аз дидгоҳи дину ахлоқ баррасӣ шуд.
Дар ин барнома Толибшоҳи Сайидзода, муҳаррири ҳафтаномаи “Миллат”, Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари мустақил, Қиёмиддин Авазов, раҳбари бахши ҷавонони ҲНИТ ва Киромиддин Гулов, раҳбари созмони “Имконоти баробар” иштирок карданд.
На дини ҷомеаи Тоҷикистон ва на ахлоқи ҷомеаи Тоҷикистон инро қабул надорад...


Гардонанда: То ҷое медонем, ин мавзӯъ дар аҳди Шӯравӣ матраҳ набуд ё ҳадди ақалл одамон дар ин бора сӯҳбат намекарданд ё намедонистанд. Ин падида дар Тоҷикистони имрӯз чӣ гуна пайдо шуд?

Толибшоҳи Сайидзода
Толибшоҳи Сайидзода:
“Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ мекунем, 99 дарсад мусулмонанд ва дастуру раҳнамои мо Қуръон аст. Ҳамҷинсгароӣ ё ҳамҷинсбозӣ дар чаҳор сураи Қуръон маҳкум ва мазаммат шудааст. Худованд дар сураи “Ҳиҷр” гуфтааст, мо болои он қавм, азоби илоҳиро овардем. Шаҳри онҳоро зеру забар кардем ва боли онҳо санг борондем. Ҳашт моҳ қабл дар “Миллат” матлабе навишта будам бо номи “Марду мард: кадоме зан, кадоме шӯ?” Он вақт ин масъала набуд, вале ҳушдор дода будам, ки рӯзе мешавад, ки болои ҷомеаи мусулмонии тоҷики мо ҳамин падида меояд. Ин ҳама кори ҳомиёни ҳуқуқи башар аст. Аввал гендер, яъне баробарии зану мардро оварданду ҳоло ҳамҷинсгароиро болои мо бор мекунанд. Ба болои ин қадар мушкиле, ки миллати тоҷик дорад, боз як мушкили дигар илова шуд. Аммо барои як ҷомеаи суннатӣ, ҷомеаи мусулмонӣ ин шармандгист. Ҳатто худи Ғарб намедонад, ки аз ин ботлоқ чӣ гуна берун ояд. Мо қабул дорем, ки марду зан алоқа дошта бошанд. Ҳич як одами солим ва пойбанд ба ахлоқи башарӣ ҳамҷинсгароиро қабул надорад.”

Саъдии Юсуфӣ: “Назари ман дар кулл ин аст, ки ҷомеаи имрӯзи тоҷик машғули хеле аз мушкилҳост: мушкили маводи мухаддир, мушкили танфурӯшӣ... Аммо ба назари ман, ин мушкиле, ки ҳоло матраҳ мешавад, аз он мушкилҳо бояд ҳисобаш ҷудо бошад. Барои он ки аз мавзӯъҳоест, аз қабл дар зеҳни мардуми мо будааст. Яъне, вақте Қуръони карим дар ин бора гап мезанад, маълум мешавад, мавзӯъест, ки ки дар зеҳни мардум пешакӣ ҳаст. Вале мавзӯъҳои хатари ҷаҳони муосир, аз ҷумла СПИД, чизи наванд. Инҳо
Ман нагуфтам, ки ин беморист. Ин як амали нангину муҳлик аст, ки хатараш аз терроризму ифротгароӣ бадтар аст...
чизҳое буданд, мардум намедонистанд. Инҳо мушкили ҷаҳони наванд, ки мардум бо он рӯ ба рӯ шуданд. Аммо вақте дар бораи ҳамиҷинсгароӣ гап мезанед, ин собиқаи зеҳнӣ дар мафкураи мардум ҳаст. Шумо меоед як гуноҳи навро мехоҳед расонаӣ кунед ё машҳур кунед. Албатта, на дини ҷомеаи Тоҷикистон ва на ахлоқи ҷомеаи Тоҷикистон инро қабул надорад. Ҳатто гап задан дар бораи ин масъаларо қабул надоранд. Ягона пуштибонаш дар ҷаҳони муосир пуштибонҳои ҳуқуқӣ аст. Бубинед, эъломияи ҳуқуқи башар ин масъаларо ҳамчунин ҳаққи инсон эътироф кардааст. Вале дар ҷомаеи суннатии Тоҷикистон нигоҳи мардум ба масоил аз нуқтаи назари ҳуқуқи башар нест, балки аз нуқтаи назари дину ахлоқ аст. Барои ҳамин, ҷомеа ин масъаларо қабул намекунад.”

Гардонанда: Дар ин ҷо намояндаи созмони “Имконоти баробар” ҳастанд, ки номи ин созмон пас аз ташкили як давраи омӯзишӣ барои хабарнигорон дар бораи инъикоси масъалаи марбут ба ҳамҷинсгароӣ рӯи забонҳо омад. Мешавад гӯед, ки ҳоло мардуми атроф ба ин гурӯҳ чӣ гуна муносибат доранд ва оё ҳамҷинсгароён худро ошкор мекунанд?

Киромиддин Гулов: “Гуфтанӣ ҳастам, ки мо тамоми рӯз онҳоро қабул намекунем. Бештари онҳо тавассути телефон занг мезананд. Худро ошкор намекунанд. Инҳо гурӯҳи пӯшида ҳастанд. Шахсоне ҳастанд, ки вазифаи хуб доранд ва ба мо занг мезананд. Онҳо фақат барои маълумот гирифтан занг мезананд. Дар ин ҷо қайд карданд, ки тоҷикон ин масъаларо қабул надоранд. Чунки мо дини дигар, урфу одатҳои дигар дорем. Аммо кишвари мо мусулмонӣ нест. Мо мусулмонем, аммо кишвари мо мусулмонӣ нест...”

Cаъдии Юсуфӣ
Саъдии Юсуфӣ:
“Не, мо кишвари мусулмонӣ ҳастем. Фақат системаи давлатдории мо системаи давлатдории дунявӣ аст.”

Киромиддин Гулов: “Вале ба феҳрасти кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид нигарем, Тоҷикистон дар қатори кишварҳои демократӣ ҷо гирифтааст, ки ин кишварҳо ҳуқуқи инсон дар ҷои аввал меистад. Ҳар як нафаре, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунад, бояд ҳуқуқи дастрасӣ ба чизеро дошта бошад. Агар ҳамин гуна гурӯҳ бошад, пас агар хоҳанд, бояд маълумот бигиранд, дастрас кунанд.”

Толибшоҳи Сайидзода: “Воқеан ин мушкил болои Тоҷикистон аз Ғарб омадааст. Ин мушкилро бадхоҳони миллати тоҷик ба ин ҷо овардаанд. Ман мавқеи худро муайян кардам ба муқобили ҳамҷинсгароӣ. Ин як амали нангин аст. Ман нагуфтам, ки ин беморист. Ин як амали нангину муҳлик аст, ки хатараш аз терроризму ифротгароӣ бадтар аст.”

Гардонанда: Мегӯем, ки ҷомеа дар ҳоли ҳозир ҳузури ҳамҷинсбозонро қабул надорад, ба далоили ахлоқу дину оини мусулмонӣ. Вале дар ҳоле ки ин мавзӯъ матраҳ мешавад ва ба сӯҳбати хосу ом табдил меёбад, имкон дорад, ки мардум чи хеле ки бо нашъамандиву СПИД канор омаданд, бо ин гурӯҳ низ канор оянд?

Саъдии Юсуфӣ: “Агар ин мавзӯъ расонаӣ шаваду сару садоҳо зиёд гардад ба мавзӯъҳои обшустаи матбуот табдил хоҳад ёфт. Аммо боз ҳам маҳкум кардан ва адами мақбулияташ ҳамон гуна боқӣ хоҳад монд. Ин ки ҷомеаи Тоҷикистон рӯзе биёяд ва ин масъаларо қабул кунад, баъид аст.”
Дини ислом мегӯяд, касе ба ҷуз Худо ин ҳақро надорад, ки ҷони бандаеро бигирад. Ҳамаи мо мусулмонем ва инро хуб медонем...


Қиёмиддин Авазов: “Ҳар як махлуқеро, ки Худованд офаридааст, инҳо ҷуфти худро доранд. Онҳо аз наринаву модина иборатанд. Ҳатто набототу ҳайвонот ҳам наринаву модинаи худро дорад. Аз ин рӯ, масъалаи ҳамҷинсбозӣ ҳам аз нигоҳи шариат ва ҳам аз нигоҳи ақл дуруст намегирад. Зеро дар пайи он фалсафаи издивоҷ, ки такмили байни зану мард аст, аз байн меравад.”

Гардонанда: Дуруст аст, ки мавзӯи ҳамҷинсгароӣ аз қабл дар дини ислом маҳкум шудааст. Аммо то ҷое огоҳем, қонунҳои Тоҷикистон барои ҳузур ва фаъолияти ин гурӯҳ роҳро боз мондааст. Дар ин маврид чӣ назаре доред?

Қиёмиддин Авазов: “Аслан ин мавзӯъ маҳкумшуда аст. Ҳам аз лиҳози ақидаи мо, ҳам аз лиҳози Қуръону суннат. Вале аз лиҳози таҷрубавӣ метавонанд аз дигар давлатҳо бубинанд, ки ин масъала чӣ нафъе дорад. Вақте бо яке аз намояндаҳои сафорати Амрико сӯҳбат доштем, дар ин бора пурсидем. Вай бо як таабассуме гуфт, ки нафъе надорад. Вале мо ҳуқуқ ва дархости шаҳрвандонро ба назар гирифтем.”

Толибшоҳи Сайидзода: “Шумо дар ин ҷо ишора кардед, ки то соли 1998 дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ шуда буд. Ин ҷазо бори дигар дар қонун ворид карда шавад. Барои як салафӣ ва таблиғӣ аз 8 то 10 сол ҷазо муайян мешавад. Барои касоне, ки ҷомеаро фосид мекунанд, ахлоқи мардумро коста мекунанд, бар зидди арзишҳои инсониву мусулмонӣ қадам мебардоранд, чаро ҷазо набошад? Ин чиз имрӯз саҳлу сода менамояд. Фардо бубинед, ки дар хиёбони Рӯдакӣ онҳо гиридиҳамоӣ мекунанд. Он вақт ба мушкили сахте мепечем.”

Гардонанда: Аммо, фикр мекунед, мақомот то куҷо омодаанд, ки алайҳи гурӯҳи ҳамҷинсгароён ҳукм ҷорӣ кунанд?

Толибшоҳи Сайидзода: “Фикр мекунам, ки мақомот омодааст ва қабул мекунад. Ҳич кас аз мақомот ин чизҳоро намехоҳад.”

Киромиддин Гулов: “Тоҷикистон пеш аз он ки чунин қонунро қабул кунад, бояд аз ҳама санадҳои умумиҷаҳонӣ даст кашад. Ин фикри ман аст.”

Саъдии Юсуфӣ: “Ман бо ин нуқтаи назар чандон розӣ нестам. Намедонам, дар ҷумҳурии мо оё қонуни ахлоқ қабул шудааст ё на. Аммо агар ин қонун қабул шавад, аслан ин мушкил ҳалли қонунии худро пайдо мекунад, бидуни ин ки ин ҷаноб мегӯяд, Тоҷикистон бояд аз эъломияҳое, ки бо онҳо мувоифқат кардааст, даст кашад. Дар ҷумҳурии мо қонуни ахлоқ қабул шавад, ин масъала ҳал мешавад. Коре, ки дар ҷумҳурии арабии Миср шудааст. Дар Миср ҳам мисли Тоҷикистон сохти давлатдории секулярӣ аст, дар он ҷо дар Қонуни асосӣ ягон муҷозот муайян нашудааст, вале ин масъала бо қонуни ахлоқи Миср мухолифат дорад. Ин нуктаро ҳам бояд зикр кунем, ки дар бисёре аз кишварҳои исломӣ барои чунин амал ҳукми қатл муайян шудааст. Масалан, дар Эрон, Арабистони Саудӣ, Яман, Судон ва Мавритания. Дар Афғонистон дар замони Толибон ва дар Ироқ дар замони Саддом Ҳусейн ин ҳукм буд. Албатта, имрӯз ин ҳукмро бекор карданд дар ин ду давлат. Вале боз ҳам ҷазо муайян шудааст. Қатл не,
Пӯшида мондани ин масоил дар ҷомеае мисли Тоҷикистон ба суди ҷомеа аст. Ин ҳамзамон дар ҷилавгирӣ аз зиёдшавии он метавонад саҳм бигузорад...
ҷазо.”

Киромиддин Гулов: “Дини ислом мегӯяд, касе ба ҷуз Худо ин ҳақро надорад, ки ҷони бандаеро бигирад. Ҳамаи мо мусулмонем ва инро хуб медонем. Чизи муҳими дигар ин аст, ки аслан замина барои матраҳ кардани мавзӯи ҳамҷинсгароён кадом буд. Ин мавзӯъро онҳое набардоштаанд, ки азияти маънавӣ мекашанду мавриди масхараи гурӯҳе қарор мегиранд ва худро барои он ки ҷомеа онҳоро қабул надоранд, мекушанд. Чаро ҳоло дар ин бора сӯҳбат карданро оғоз намудаанд, барои мо ҳам норӯшан аст.”

Гардонанда: Ба ҳар ҳол, то куҷо ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон бузург аст. Ё ҳамон тавре ки ишора карданд, ин мавзӯъ беш аз ҳад бузург намоиш дода мешавад ё чизи дигар?

Қиёмиддин Авазов: “Пеш аз он ки ин чизҳо вуқӯъ шавад, сарфи назар аз он ки ҳаст ё нест, бояд мақомот як ҷазо муайян кунанд. Илова ба ин, дар муқобили инҳо, чизҳои ахлоқие ҳастанд, ки роҳи онро банд мекунем. Мисли ҳалқаҳои дарсие, ки буданд. Бар асоси қонуни наве, ки қабул мешавад, ҳалқаҳои дарсӣ баста мешаванд. Мо фарзанди худро аз хурдсолӣ аз таълимоти ахлоқӣ бозмедорем. Гузашта аз ин, мо бояд иҷоза надиҳем, ки ин масъаларо дар шуури мардум биандозанд.”

Гардонанда: Киромиддин, шумо гуфтед, ки ду сол инҷониб аз ҳоли ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон огоҳед. Оё маълум аст, ки онҳо чӣ қадаранд?

Киромиддин Гулов: “Хабарнигорон баъзе рақамҳоро аз худашон менависанд. 58 ҳазор нафар ҳаминҷинсгарое, ки дар кадом нашрияе навишта шуда буд, воқеият надорад. Мо бо ин нуқтаи назар розӣ ҳастем, ки аслан набояд дар ин бора тарғиб карду чизе гуфт. Дар ин ҷо дар бораи созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ гуфтанд. Ба созмонҳои ғайридаватӣ ҳич кас нагуфтааст, ки ин масъаларо бардоранд. Мушкил дар он аст, ки баъзе одамон надониста ин масъаларо мебардоранд.“

Гардонанда: Фикр мекунед, аз чӣ роҳе мешавад аз густариш ё афзоиши ин гурӯҳ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард?

Саъдии Юсуфӣ: “Пӯшида мондани ин масоил дар ҷомеае мисли Тоҷикистон ба суди ҷомеа аст. Ин ҳамзамон дар ҷилавгирӣ аз зиёдшавии он метавонад саҳм бигузорад. Чаро? Набояд фаромӯш кунем, ки ҷомеаи суннатии мусулмон ҳастем, ки аз худаш қоидаҳо ва нормаҳои ахлоқии собит дорад.

Гардонанда: Манзуратон ин аст, ки дар ин бора чизе гуфта нашавад?

Саъдии Юсуфӣ: "Ин баҳсҳо пӯшида бошанд, беҳтар. Набояд онро расонаӣ кард."

Толибшоҳи Сайидзода: “Бисёр қонунҳои шадид ҷорӣ кардан зарур аст...”