Акбари Турсон - номзад ба мақоми раиси Пажӯҳишгоҳ

Акбари Турсон, донишманди тоҷики муқими Амрико

Акбари Турсон яке аз номзадҳо ба мақоми раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттист.
Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ин хабарро таъйид кард ва гуфт, "яке аз номзадҳо ба ин мақом узи вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, профессор Акбари Турсон аст. Аммо ҳанӯз зуд аст дар ин бора чизе гуфтан. Зеро қарори ҳукумат лозим аст."

Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
Бо ин ҳол, ҷаноби Илолов аз номзадии Акбари Турсон истиқбол кард ва афзуд, "шахсан номзадии Акбари Турсонро хуб қабул дорам. Зеро вай шахсияти хеле маъруф, номдоре аст, чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни кишвар. Олими хеле босамар ва серкор ҳастанд. Фикр мекунам, ки баргаштани ӯ ба Тоҷикистон барои мо натиҷаи хеле хубе аст. Солҳои дароз дар Амрико кор кардааст. Сатҳи байналмилалии ташкили корҳои илмиро аз худ кардааст ва агар ба ин мақом пазируфта шавад, инро қабул дорам."

Номзадии Акбари Турсон ба мақоми раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ин донишманди тоҷики муқими Амрико дар ду соли пеш бо Эмомалӣ Раҳмон дар Ню–Йорк мулоқот ва пешниҳоди худ дар робита ба ислоҳоти Академияи илмҳоро ироа карда буд.



Ин аст, ки раисҷумҳур дар моҳи ноябри соли гузаштаи 2010 барои ислоҳоти сохторӣ дар ин ниҳоди илмӣ фармон дод.

Акбари Турсон ҳангоми сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон дар Ню-Йорк
Бар асоси фармони раисҷумҳур даҳ пажӯҳишгоҳи илмӣ дар панҷ пажӯҳишгоҳ ба ҳам мутаҳҳид шуданд. Охири моҳи гузашта раҳбарони чаҳор пажӯҳишгоҳ аз сӯи раисҷумҳур таъйин карда шуд, вале то ҳол ба мақоми раиси Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улум нафаре таъйин нашудааст.

Ба ин далел, соҳибназарон мегӯянд, шояд номзади аслӣ ба ин мақом Акбари Турсон бошад ва мақомот омадани ӯро аз Амрико интизоранд.

Дар зимн, Акбари Турсон, аз олимони саршиноси Тоҷикистон, аст, ки дар авохири солҳои ҳаштодум ва оғози солҳои навадуми қарни гузашта раёсати Институт ё Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатти Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Ин олими тоҷик наздики 15 сол ахир дар Амрико ба сар мебарад.