Дар Тоҷикистон зарари расида аз селро ҳисоб мекунанд

Комиссияи ҳукуматӣ дар назди пули харобшуда дар ноҳияи Нуробод

Як комиссияи вижаи ҳукуматӣ барои ҳисоби зарари расида аз сел ба ноҳияи Нуробод рафтааст.

Ҳафтаи гузашта сел дар ин ноҳия хонаҳои сокинон дар чанд деҳа ва роҳу пулҳои мошингузарро хароб кард. Як сокини деҳаи Яхаки Нуробод низ нопадид шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 21-юми май хабар дод, ки як ҳайат аз дафтари сарвазир ба ин ноҳия сафар карда, бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ масъалаи бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва “саривақт кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехатар”-ро машварат доранд.

“Инчунин масъалаҳои оғози сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида ва расонидани кӯмаки моддӣ баррасӣ шуданд,”—гуфта шудааст дар хабарномаи КҲФ.

Ҳанӯз мақомот ҳаҷми зарари расида аз сел ба сокинонро эълон накардаанд.

Дар як моҳи ахир бар асари боронгариҳои зиёд садҳо сокин дар Тоҷикистон зиён диданд ва роҳу пулҳо хароб шуд. Мақомот мегӯянд, зарари расида ба сокинонро ҳисоб доранд ва ҳанӯз натиҷаи ниҳоӣ эълон нашудааст.

Танҳо дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Восеъ сел ба 60 манзили зист осеб расондааст.

Субҳон Усмониён, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Восеъ мегӯяд, “рӯзи 18-уми май дар баландкӯҳҳои Балҷувон, Ховалинг ва Мӯъминобод борони аз меъёр зиёд борид ва сел ба Восеъ ҷорӣ шуда, ба сокинон зиён расонд.”

Ҳоло дида мешавад, ки мақомот соҳили рахнашударо баста, маҷрои обро дуруст мекунанд.

Мақомот мегӯянд, сокиноне, ки аз сел зарар дидаанд, дар маконҳои хатарзо хона сохтаанд.

Ҳамкори мо ба деҳаи аз сел зиёндидаи Восеъ рафт. Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сел Чорбоғи Восеъро вайрон кард

Маъмулан, дар моҳи апрел ва май дар Тоҷикистон бар асари боронгарии сахт сел меояд. Ҳамасола сел садҳо манзили зистро хароб ва ба сокинон зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Сокинон мегӯянд, агар мақомот соҳили рӯдхонаҳоро дуруст маҳкам кунанд, мумкин аст, харобиҳои сел камтар шавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Харобиҳо ва хатари сел ба чанд ноҳияву шаҳри Тоҷикистон Таҳдиди пайваста. Дар Тоҷикистон чӣ гуна бо офатҳои табиӣ мубориза мебаранд?Оби дарёи Панҷ дар ҳудуди Фархор баланд шудааст. Хатараш чист?Сокинони баъзе аз гӯшаҳои Душанбе аз оби ошомиданӣ маҳруманд