Нигарониҳо аз ҳамлаи Исроил ба охирин паноҳгоҳи фаластиниён

Кишварҳои ҳамсояи Исроил ва калидӣ дар гуфтугӯҳои миёни "Ҳамос" ва Исроил аз паёмадҳои фалокатбори ҳамла ба ҷануби шаҳри наздимарзии Ғазза – Рафаҳ ҳушдор дода, аз Исроил хостанд, дар ин макон амалиёти низомӣ анҷом надиҳад.

Садҳо ҳазор фаластинӣ дар ин макон паноҳанда шудаанд ва ин ҷо шаҳраке аз хаймаҳои паноҳандагон бунёд шудааст.

Исроил иддао дорад, ки раҳбарони "Ҳамос" дар ин макон пинҳон шудаанд. Рӯзи 10-уми феврал Исроил ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳри сераҳолии Рафаҳ сар кард. Ҳарчанд Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфта буд, ки аз низомиён хостааст, қабл аз ҳамла ба ин минтақа садҳо ҳазор нафарро ба ҷойи амнтар кӯч диҳанд, аммо бино ба хабарҳо дар ҳамлаҳои ахир, даҳҳо фаластинӣ, аз ҷумла чандин кӯдак кушта шудаанд.

Нетаняҳу дар бораи нақшаи амалиёт дар Рафаҳ тафсилот надодааст. Аммо изҳороти ӯ дар ин бора нигарониҳои зиёд ба бор овард.

Беш аз нисфи аҳолии 2,3 миллионии Ғазза дар Рафаҳ паноҳанда шудаанд. Аксаран пас аз ҳамлаи Исроил ба Ғазза ва дастури Исроил ба ин ҷо кӯчидаанд. Ин охирин паноҳгоҳи онҳо дар марзи Ғазза бо Миср аст ва мардум дигар ҷойи амне барои рафтан надоранд.

Самеҳ Шукрӣ, вазири корҳои хориҷии Миср гуфтааст, ки амалиёти Исроил дар Рафаҳ, барои мардуми фаластин бо “фалокат пешгӯинашаванда” анҷом хоҳад ёфт. Дар сурати идомаи ҳамаи Исроил ба ин минтақа Фаластиниён маҷбуранд, вориди хоки Миср шаванд. Миср ҳушдор дод, ки вуруди иҷбории фаластиниҳо ба хоки ин кишвар созишномаи Сулҳ бо Исроилро халалдор мекунад.

Яке аз кишварҳои дигари калидии минтақа - Қатар ҳам аз паёмади фоҷеабори ин тасмими Исроил ҳушдор додааст. Арабистони Саудӣ ҳам аз эҳтимоли “фалокати ҷуброннопазир” нигаронӣ кард. Амрико аз Исроил хост, бидуни кафолати амнияти ғайринизомиён дар Рафаҳ амалиёти низомӣ анҷом надиҳад. Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон низ дар саҳфааш дар шабакаи X аз оқибатҳои бади ин тасмими Исроил гуфт.

Бо ин ҳама Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил гуфт, барои нобуд кардани 4 бахши низомии “Ҳамос” бояд ба Рафаҳ ҳамла кунад. Вай таъкид кардааст, ки агар Исроил ба Рафаҳ ворид нашавад, “ҷангро бой медиҳад”

Бо вуҷуди интиқоду нигарониҳои шадид Исроил ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Рафаҳро идома медиҳад. Бино бар иттилои мақомоти тандурустӣ, шаби шанбе дар пайи се ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Рафаҳ 28 нафар, аз ҷумла даҳ кӯдак кушта шудааст.

Аз оғози ҷанги охир миёни "Ҳамос" ва Исроил дар Навори Ғазза, ки рӯзи 7-уми октябри соли гузашта оғоз шуд, то кунун 1200 исроилӣ ва наздик ба 30 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд. Аксари кушташудаҳо занону кӯдакон ҳастанд.