“Пайдо шудани хокбодҳо аз ҳарорат, набудани бориш ва самту суръати шамол вобаста аст. Ба Тоҷикистон хокбодҳо асосан аз самти ҷанубу ғарб меоянд," -- гуфт Сангин Самиев, намояндаи Оҷонси обуҳавошиносӣ рӯзи 1-уми феврал.
Муҳаббат Каримова, сокини 35-солаи Душанбе мегӯяд, дар як соли охир дар пайи хокбодҳо саломатиаш осеб дид. Ба гуфтааш, дар моҳи январи имсол низ хокбод дар фазои Душанбе буд.
"Бисёр азият мекашам. Биниям маҳкам мешавад ва нафасгирӣ душвор. Тапиши дил босуръат мешавад. Беҳол шуда, хӯрок хӯрдан ҳам намехоҳам,” – гуфт ӯ.
Пизишк Нурулло Исломов тасдиқ мекунад, ки дар рӯзҳои хокбод муроҷиати сокинон ба бемористонҳо зиёд мешавад: "Онҳо асосан аз бемории роҳҳои нафас шикоят мекунанд."
Бо дарназардошти равандҳои тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ва кам шудани боришу биёбоншавии минтақаҳо такрори рӯзҳои рекордии хокбориш дар фазои Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.
Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, рӯзи якуми феврал дар нишасти матбуотӣ барои пешгирӣ аз такрори чунин ҳолат хоҳони эҳёи тӯқайзорҳо ва боғу бешазорҳо шуд.
Аммо Ҳасан Асоев, коршиноси мустақил, эҳтимоли барқарор кардани тӯқайзорҳоро ба шакли пештара аллакай ғайриимкон донист. Ба гуфтаи вай, дар солҳои Шӯравии пешин тақрибан 760 ҳазор гектар тӯқайзор ба заминҳои кишоварзӣ табдил ва шодоб карда шудаанд.
“Шинондани дарахту растаниҳои маҳаллии мутобиқ ба ин ё он маҳал метавонад шиддати таъсири хокбодҳоро кам кунад," – гуфт ӯ.
Ҳар сол созмонҳои байнулмилалӣ барои ҳалли масоили муҳити зист дар Тоҷикистон кумак мекунанд. То куҷо самарбахш истифода шудани онҳо зери суол аст, чун шаффофият дар харҷи онҳо дида намешавад.
Сабур Абдуллоев, донишманди тоҷик, ки солҳои дароз таъсири хокбодҳоро дар фазои Тоҷикистон омӯхтааст, пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тағйири иқлим сабаб шудааст, гарду хоке, ки аз биёбонҳои дур ба Тоҷикистон меояд, муддати дароз дар ҳаво бимонад.