Абдуҷаббор дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 98 кило мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Аҳмад Гасанови русиягӣ, ки дар даври ниҳоӣ ҳамватанаш Дмитрий Елисеевро мағлуб намуд, ғолиб шуд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ муовини сардовари ин мусобиқа, довари дараҷаи байнулмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев хабар дод. Ӯ гуфт, “дар Гран-прии самбои Қазон варзишгарон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд. Мусобиқот дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон ва занон, инчунин дар намуди самбои размӣ миёни мардон сурат гирифт. Аз 21 вазн дар 19-тоаш мизбонон – варзишгарони Русия ва дар 2 вазн намояндагони Беларус ғолиб шуданд. Тоҷикистонро шаш паҳлавон дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо танҳо Абдуҷаббор Сафаров медал гирифт”.
Ба гуфтаи оқои Абдуллоев, Гран-прии самбо дар Қазон дувумин давраи мусобиқот ба шумор мерафт. Давраи аввал дар шаҳри Уфаи Бошқирдистон баргузор шуда буд.
Ба ин тартиб, ғолибону ҷоизадорони ду давраи мусобиқот дар даври севум ва ниҳоии Гран-прии самбо, ки моҳи декабри имсол дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.
“Бузургтарин мусобиқоти имсола дар риштаи самбо қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, ки рӯзҳои 9-12-уми ноябр дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван – доир мегардад. Дар ҳамин ҳол зӯртарин паҳлавонони мо ба ин мусобиқот омодагӣ мебинанд”, - иброз дошт дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон Маҳмуд Абдуллоев.