Миҷгона Самадова, ки дар мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило ба нимфинал баромада буд, имрӯз, 4-уми октябр, бо Карина Иброҳимова, қаҳрамони Осиё аз Қазоқистон, рақобат кард. Дар ин қувваозмоӣ, ки хеле ҷолибу тезу тунд гузашт, муштзани қазоқ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Муштзани тоҷик бошад, барои ҷои севум бо медали биринҷӣ сарфароз мешавад.
Зимнан, Миҷгона Самадова аввалин шуда дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардидааст.
Ҳамин тариқ, аз ҳафт медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо сетоаш ба риштаи ҷудо, дутоӣ ба кураш ва бокс марбут аст.
Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали тилло ба даст оварда буд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кило медали нуқра гирифт. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ шуд.
Хайрандеш Муродзода дар риштаи кураш дар вазни то 66 кило ва Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Давлат Болтаев дар риштаи бокс дар байни мардон дар вазни то 92 кило соҳиби медали тилло ва Миҷгона Самадова миёни занон дар вазни то 57 кило медали биринҷӣ ба дат оварданд.
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Тоҷикистон бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар байни 37 кишваре, ки дар ин бозиҳо медал гирифтаанд, ҳам аз рӯи сифати нишонҳо ва ҳам аз рӯи теъдоди умумии медалҳо дар ҷои 20-ум қарор дорад.
Дарвоқеъ, Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди Узбекистону Қазоқистон ва пеш аз Қирғизистону Туркманистон ҷойгир шудааст.
Дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин то рӯзи 8-уми октябр идома меёбад, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон беш аз 100 варзишгар дохил аст.
Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 18 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд. |
Ба варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ супурда мешавад.
Инчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрадор, медали нуқра – дуҳуҷрадор ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрадор тақдим мегардад.
Бояд тазаккур дод, Бозиҳои тобистонаи осиёӣ шурӯъ аз соли 1951 дар ҳар чаҳор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ҳоло 34 медал гирифтааст, ки 6-тоаш нишони тилло, 7-тоаш нуқра ва 21-тоаш биринҷӣ мебошад. Аз шаш медали тилло сетоашро Дилшод Назаров дар гурзандозӣ, дутоашро Ҷаҳон Қурбонов ва Давлат Болтаев дар бокс ва яктоашро Сомон Маҳмадбеков дар риштаи ҷудо ба даст овардаанд.