Асхат Валитов, ки бо ҳамсари собиқи тоҷикистониаш сари ду фарзанд даъво дорад, дар муроҷиаташ ба Комисари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, даъвоҳояш дар ҳама зинаҳои додгоҳии Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид ва акнун мехоҳад дар додгоҳи байналмилалӣ додхоҳӣ кунад.
Ба иддаои ӯ, баҳсҳоро мақомоти назоратии Тоҷикистон “яктарафа” ва ба манфиати шаҳрванди ин кишвар баррасӣ карда ҳақи падарии ӯро ба тарбияи фарзанд нодида гирифтанд.
Таърихчаи ин баҳс дар он аст, ки Асхат Валитови 44-сола аз Қазоқистон ва Маҳина Азимоваи 26-сола аз Тоҷикистон дар соли 2015 издивоҷ карда, шаш сол дар Алмато зистанд. Соҳиби дугоник шуданд, аммо зиндагии якҷоя дер давом наёфт. Никоҳи онҳо дар моҳи ноябри соли 2021 бурида шуд.
Қарор дар Қазоқистон ва бе ҳузури Азимова қабул шудааст, чун, тавре ҳамсари собиқаш ва баъдан Додгоҳи шаҳри Турсунзода муайян кард, ӯ ҳанӯз 9-уми октябри соли 2021 бо ду кӯдак аз Алмато ба Тошканд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон расид. Валитов иддао дорад, ки кӯдаконаш шаҳрванди Қазоқистон ҳастанд ва Маҳина Азимова онҳоро бе ризояти ӯ ба Тоҷикистон овардааст. Дар шарҳи сабабҳои аз ҳам пошидани оила низ ҳамсарони собиқ назару даъвоҳои гуногун доранд.
Радиои Озодӣ дар гузашта ҳам ин мавзӯъро пайгирӣ карда буд. Асхат Валитов, шавҳари собиқ иддао дорад, ки ҳамсараш ба ӯ “вафодор набуд” ва “нисбат ба фарзандону оила бепарвоӣ мекард”. Маҳина Азимова, зани собиқ иддао мекунад, ки ҳамсараш “даст ба хушунат мезад ва ҳамҷинсгаро буд”.
Асхат Валитов иттиҳоми ҳамҷинсгароиро рад карда, туҳмате номид, ки, ба иддаояш, “барои пирӯзӣ дар мурофиа бофта шудааст”. Маҳина Азимова мегӯяд, “майли ҳамсар ба мардон ва муносибати бади ӯ ва хешовандонаш водор кард, ки фарзандонро гирифта ба Тоҷикистон баргардад”.
Додгоҳи шаҳри Турсунзода ҳукм кардааст, ки бояд ду кӯдак ҳамроҳи модараш дар Тоҷикистон монад. Падараш талош дорад, ки онҳоро ба Қазоқистон баргардонад. Норозигии Асхат Валитов аз ҳукм дар он аст, ки нисбаташ дар додгоҳ нишондоди хато дода ва ӯро аз нигоҳубини фарзандонаш маҳрум кардаанд. Валитов дар номаи шикоятиаш ба СММ чунин навиштааст, додгоҳҳҳои Тоҷикистон ӯро бар асоси “иттиҳоми табъйизомез ҳамҷинсгаро муаррифӣ карда” бо ин роҳ мехоҳад пеши роҳи даъвоҳои ӯро барои фарзандонаш бигирад.
Далер Қурбонов, вакили мудофеи Асхат Валитов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта гуфт, аз рӯи ин баҳс тақрибан ба ҳама зинаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат кардаанд ва аксаран ҷавоби манфӣ гирифтаанд. Вай дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «ман умедвор ҳастам, ки муроҷиати зерҳимояам ба Комисари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ мегардад ва аз мақомотҳои Тоҷикистон дархост мешавад, ки ҳуқуқҳои шаҳрванди Қазоқистон Асхат Валитов дар Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд».
Зимнан ин ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки муроҷиати онҳоро масъулони Созмони Миллали Муттаҳид қабул кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон, маҳалли зисти Маҳина Азимова, рӯзи 11-уми октябри соли 2022 қарор кард, ки кӯдакони ноболиғ бо модар бимонанд ва падарашон то ҳаждаҳсолагии онҳо ҳар моҳ сеяки даромадашро бидиҳад.
Бар асоси қарори додгоҳ, макони зисти кӯдакон, ки Алматои Қазоқистон сабт шудааст, шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон таъин гардад. Дертар Коллегияи Додгоҳи олии Тоҷикистон қарорро бетағйир гузошт.
Маҳина Азимова қарорро одилона мешуморад, вале Валитов ва вакили мудофеи ӯ аз ҷараёни мурофиа ва қарори додгоҳҳои Тоҷикистон комилан норозиянд.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон издивоҷ бо хориҷиҳо зиёд расм нест. Ба ҳисоби миёна соле 300-500 шаҳрванди Тоҷикистон бо хориҷиҳо оила барпо мекунанд. Аксари ин никоҳҳо бо шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва бахусус Узбекистон марбут аст.