Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Сингапурро шикаст дод

Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бозии байнулмилалии дӯстона тими миллии Сингапурро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА - 8-уми сентябр - дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуд.

Нимҳимоятгар Муҳаммадҷон Раҳимов дар нимаи авали дидор, дар дақиқаи 6-ум, ҳисобро кушод. Голи дувумро дар замони изофа (90+3) ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов ба самар расонд.

Дар дақиқаи 73-юми бозӣ, сардовар Мунир Ал-Катирӣ (Индонезия) бозигари мизбонон Адам Свандиро барои муқобили Табрез Исломов дағалона бозӣ карданаш аз майдон хориҷ кард.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Сингапур чунин буд: Далер Баротов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрез Исломов, Холмурод Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Парвизҷон Умарбоев (капитан ё сарвони даста), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Далер Имомназаров, 86), Абубакр Сулаймонов (Комрон Турсунов, 46), Вайсиддин Сафаров (Муродалӣ Ақназаров, 90+1), Нуриддин Ҳамроқулов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 71).

Ин бозии чаҳорум ва нахустини дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Сингапур ба шумор мерафт. Дар ду бозӣ футболбозони тоҷик (1:0 ва 2:0) ва дар як дидор бозигарони Сингапур (2:0) ғолиб шудаанд. Як бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расидааст.

Бозии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир гардид, бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Тими миллии Тоҷикистон ба Сингапур бо шумули 19 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – рафта буд.

Бинобар ширкати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, як қатор бозигарон ба тими миллӣ даъват нашуданд.

Ҳамчунин, ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол» - ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар, бархе аз бозигарони бошгоҳи Душанбе дар бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сингапур иштирок накарданд.

Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар байни 208 тими миллӣ дар ҷои 110-ум ва Сингапур дар ҷои 158-ум қарор доранд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур:

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Хатлон»-и Бохтар), Далер Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Табрез Исломов («Истиқлол»-и Душанбе), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд), Холмурод Назаров, Муҳаммадҷон Насков (ҳарду аз «Равшан»-и Кӯлоб);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА-и Душанбе), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»-и Ҳисор);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Равшан»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»-и Фархор), Масрур Ғафуров («Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Бозии дӯстона

8-уми сентябр (ҷумъа)

Сингапур – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 6 (0:1), Ваҳдат Ҳанонов, 90+3 (0:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Адам Сванди, 73 (Сингапур).

Сингапур, Варзишгоҳи «Бишан»