Абубакр Ҳусейнзодаи 22 - сола рӯзи 4-уми август дар шароити номаълум, дар қисми ҳарбӣ ҳалок шудааст.
Додситонии ҳарбии вилояти Суғд таҳқиқи марги наваскари нерӯҳои марзбониро шурӯъ карда, дар робита ба ин қазия ду нафар, як фармондеҳ ва сарбоз ба ҳабс гирифта шудаанд.
Бино бар иттилои Додситонӣ, онҳо дар “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳам мешаванд. Ба айбдоршавандаҳо то 17 соли зиндон таҳдид мекунад.
Як муфаттиши Додситонии ҳарбии Суғд рӯзи 22-юми август, бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишоти пешакӣ идома дорад ва “ба хотири халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот аз овардани номи боздоштшудаҳо ва ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунем”
Мурод Ҳусейнов, падари сарбози фавтида рӯзи сешанбеи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт ӯро ҳамчун ҷабрдида ба Додситонии ҳарбии вилоят даъват намуданд, аммо ӯро фақат бо сарбозе, ки дар марги Абубакр гумонбар аст, рӯ ба рӯ кардаанд: “пурсидамаш, ки чӣ шуд, чаро писари ман ҳалок шуд? сарашро намебардошт ба чашми ман нигоҳ намекард, дастонашро бардошта, ҳамин хел шуд, ҳамин хел шуд такрор карду дигар ҳарфе назад. Ба дигар ҳарфҳои ман ҷавоб намедод, хомуш меистод. Ман аз муфаттиши парванда хоҳиш мекунам ин ҳолатро бо ҷиддият баррасӣ кунанд”- гуфт, падари Абубакр.
Ҷасади Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола, сарбози қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Масчоҳро, рӯзи 5-уми август ба пайвандонаш супурдаанд.
Мақомот расман ҳодисаи марги сарбозро шарҳ надодаанд, вале ҳангоми супурдани ҷасад, сардори қисми марзбонӣ гуфтааст, Абубакр “дар долони бинои қисми низомӣ ногаҳон афтод ва мурд.” Падари сарбози фавтида ба ин бовар надорад ва мегӯяд, дар пушти сараш “доғи зарби сахт” намудор буд.
Ба гуфтаи пайвандон, Абубакр Ҳусейнзода соҳиби як фарзанд буда, баҳори имсол пас аз хатми Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд, довталабона ба артиш рафта буд. Ӯ ният доштааст, ки пас аз хидмат дар бонкҳои маҳаллӣ кор кунад.
Мурод Ҳусейнов, падари сарбози фавтида, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш дар қисми марзбонӣ, воқеъ дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчоҳ хидмат мекард. “Як ҳафтаи охир бисёр афсурда буд ва зиёд хоҳиш мекард, ки ӯро ба дигар қисми низомӣ кучонем. Вақте рӯзи 4-уми август тағояш ба дидораш рафтааст, сардораш гуфтааст, ки Абубакр дар беморхона аст ва каме баъдтар аз маргаш хабар додаанд,”-гуфт ӯ.
Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳодисаи нав нест. Дар гузашта ҳам дар натиҷаи тасодуфу муноқиша ба ҳалокат расидани аскарон мушоҳида шудааст.
То кунун даҳҳо сарбозу хидматчиёни ҳарбӣ барои латту кӯби ҳамхидмат ё зердастони худ муҷозот шудаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд.