Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон. Мушкили соҳа чист ва роҳи ҳал кадом аст?

10-уми август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар саросари кишвар чорабиниҳои варзишӣ доир мешавад.

Рӯзи варзишгарон дар кишвар дар ҳоле таҷлил мешавад, ки айни замон дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус ҷараён дорад, бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзад. Ҳоло варзишгарони тоҷик бо касби 6 медал (1 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо мақоми даҳумро соҳиб шудаанд.

Варзишгарони тоҷик, инчунин имсол дар Бозиҳои XIX Осиё, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок менамоянд. Тоҷикистонро дар ин чорабинии бузурги қитъавӣ беш аз 100 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Иштироки варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, ҷудо, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.

Варзиш ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад ва варзишгарон ва дастаҳои мунтахаби кишвар дар мусобиқоти бонуфуз натиҷаҳои баланд нишон дода, ба ин васила обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор иншооти гуногуни варзишӣ, аз он ҷумла зиёда аз 120 варзишгоҳ, наздики 7000 майдончаи варзишӣ, зиёда аз 1700 толори варзишӣ, қариб 90 ҳавзи шиноварӣ ва ҳудуди 780 маҷмааи варзишӣ мавҷуданд.

Дар баробари муҳайё намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ низ қабул шудаанд.

Роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи варзиши тоҷик

Вале бо вуҷуди пешравиҳо, мушкилот дар соҳа зиёд аст ва ҳалли масъалаҳо бе кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.

Ҳоло дар кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ду самтро пеш мебарад. Қаблан, сайёҳӣ низ ба он шомил буд. Таҷрибаи ташкили ниҳоди алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳӣ нишон дод, ки мақомоти ҷудогона метавонад соҳаро тезтар рушд диҳад ва натиҷабахш бошад.

Таҷдиди мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, яъне ба сохтори нав – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон - табдил додани он ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонда, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеаҳои зиёд эҷод кардааст.

Фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хеле заиф гардидааст, зеро ба вазифаи роҳбарӣ кадрҳои соҳаи ҷавонон таъин шудаанд, ки мутахассиси соҳаи варзиш нестанд ва дар ин самт таҷрибаи кофӣ надоранд.

Бинобар ин, коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон бояд сохтори алоҳидаи соҳаи варзиш фаъолият намояд, зеро ниҳоди ҷудогона метавонад ин самтро пурра ва самаранок идора бикунад. Ин иқдом ҳам ба нафъи варзиши тоҷик, ҳам ба нафъи варзишгарон буда, сатҳи касбият боло меравад.

Ҳамчунин маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда, дар ҷумҳурӣ Маркази омодагии олимпӣ бунёд карда шавад.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои варзиши касбии тоҷик дар ду соли охир нигаронкунанда аст. Соли 2021 варзишгарони кишвар натавонистанд дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал бигиранд, ҳол он ки дар се Олимпиадаи пешин – Пекин – 2008 ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ), Лондон – 2012 як медали биринҷӣ ва Рио-де-Жанейро як нишони тилло ба даст оварда буданд. Зимнан, дар Олимпиадаи Токио – 2020 аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.

Соли 2022 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (Куния, Туркия) бе медали тилло баргашт, дар ҳоле ки варзишгарони кишварҳои минтақа – Узбекистон 40 нишони тилло, Қазоқистон 19 тилло, Қирғизистон 7 тилло ва Туркманистон 3 медали тилло гирифтанд.

Инчунин, варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки наметавонанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст оранд. Илова ба ин, соли гузашта ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои қаҳрамонии Осиё мушарраф нашуд.

Хотиррасон мекунем, ки пас аз пирӯзии варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ соли 1995 (Ҳётеборг, Шведсия), дигар касе аз Тоҷикистон то имрӯз дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.