Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ дар ҷойи даҳум аст

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Беларус ҷараён дорад, бо касби 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо мақоми даҳумро соҳиб шудааст.

Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзанд.

Лоиқ Қутбиддинов дар риштаи ҷудо дар вазни то 55 кило миёни писарон бо медали нуқра сарфароз гашт. Мадина Қурбонзода дар сабқати ҷудо миёни духтарон дар вазни то 48 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Боз як медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар намуди куштии фарангӣ ё юнонию румӣ байни писарон дар вазни то 60 кило соҳиб гашт.

Ба назари коршиносон, варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо дар риштаҳои бокс, куштии озод ва юнонию румӣ, инчунин самбо имкон доранд, ки медал бигиранд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар панҷ рӯзи бозиҳо 125 медал (59 тилло, 43 нуқра ва 23 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро азони худ кардааст.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Беларус бо касби 94 медал (24+24+46) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 38 медал (8+13+17) дар ҷойи севум мебошанд.

Дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон (4+6+14), Арманистон (1+1+1), Қазоқистон (0+3+9), Туркманистон (0+2+5), Ветнам (0+2+1) ва Қирғизистон (0+1+6) дар байни даҳгонаи аввал пеш аз Тоҷикистон қарор доранд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо, ки 20 намуди варзишро дарбар мегирад, варзишгарони 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон иштирок менамоянд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир шудааст.

Ёдовар мешавем, аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.