Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Арманистон се медал гирифтанд

Акмалиддин Каримов (аз рост), паҳлавони шинохтаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии самбо "Ҷоми президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян", ки 4-уми август дар шаҳри Ереван баргузор шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки бори аввал доир гардид, рақобатҳо аз рӯи ҳафт вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардон ва ду вазн миёни занон сурат гирифт. Тоҷикистонро чаҳор варзишгар дар сабқати мардон намояндагӣ кард.

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик Акмалиддин Каримов (58 кг), Сорбон Латифов (54 кг) ва Бахтовар Замиров (98 кг) бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизапулӣ ба маблағи 3000 доллар мукофотонида шуданд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Бобоҷон Бобоев дар вазни +98 кг мақоми панҷумро касб намуд.

"Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 200 000 долларро ташкил медод. Аз ҷумла, ба ғолиб дар ҳар як вазн 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5000 доллар ва барои ҷойи сеюм 3000 доллар тақдим гардид", - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа миёни мардон:

58 кг

1. Давид Ҳовсепян (Арманистон)

2. Каирбердӣ Ойдинбой (Қазоқистон)

3. Акмалиддин Каримов (Тоҷикистон)

3. Илҳом Фармонов (Ӯзбекистон)

64 кг

1. Максим Манукян (Арманистон)

2. Сардор Олимҷонов (Ӯзбекистон)

3. Сорбон Латифов (Тоҷикистон)

3. Йессентой Имахонов (Қазоқистон)

71 кг

1. Роҳат Жананиет (Қазоқистон)

2. Миндия Лилуашвили (Гурҷистон)

3. Карлен Маҳинян (Арманистон)

3. Арам Ағаҷанян (Арманистон)

79 кг

1. Сорбон Эрназаров (Ӯзбекистон)

2. Феликс Уланбеков (Қирғизистон)

3. Темурхулег Даваадорҷ (Муғулистон)

3. Борис Шатверян (Арманистон)

88 кг

1. Ваҳангн Чалян (Арманистон)

2. Ҷамолбек Асилбекуулу (Қирғизистон)

3. Муҳаммад Азиз (Миср)

3. Мишико Нозадзе (Гурҷистон)

98 кг

1. Арсен Ханджинян (Арманистон)

2. Болат Сафар ((Қазоқистон)

3. Ихтиёр Эшмуродов (Ӯзбекистон)

3. Бахтовар Замиров (Тоҷикистон)

+98 кг

1. Илия Натеа (Руминия)

2. Владимир Гаҷик (Сербия)

3. Георги Кавтарадзе (Гурҷистон)

3. Бекбулот Токтогонов (Қирғизистон)