Дар идомаи амру фармонҳои иртиҷоӣ, Толибон дар Афғонистон фаъолияти ороишгоҳҳои занонаро манъ карданд.
Ин гуруҳи ифротии ҳоким дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон то кунун занонро аз ҳаққи таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо ва кор дар идораҳои гуногуни давлативу хориҷӣ маҳрум намудааст.
"Як сол боз дар ороишгоҳ кор мекунам. Як-ду рӯз мешавад, ки аз тарафи Толибон иттилоия пахш шуда, ки мехоҳанд, ороишгоҳҳоро бибанданд. Лутфан, аз шумо тақозо мекунам, ин корро накунед, зеро мо барои пайдо кардани якчанд рупия (пул)-и ҳалол инҷо омадем. Мактаб барои занҳо банд, ороишгоҳҳо банд. Ин чӣ гуна ҷомеа аст? Магар зан ҳаққи зиндагӣ кардан надорад?" – гуфт ороишгар Зарафшон.
Ҷойи кори ӯ дар Ҳирот шояд то чанд рӯзи дигар дарашро бибандад, чун ба андешаи Толибон вуҷуди ороишгҳи занона “хилофи қоидаҳои шариат аст”.
Номаи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дар бораи бастани ороишгоҳҳо аз рӯзи 24-уми июн ба ниҳодҳои гуногун фиристода шудааст. Номае, ки аҳволи занонро дар Афғонистон бадтар мекунад.
Ороишгар Ялдо Азизӣ мегӯяд, "кори хубе нест. Ҳама чӣ баста шуд. Ингор, ки зан дар ин ҷомеа ҳеч арзиш надорад. Валлоҳ фикр мекунам, ҳеч арзише надорам, ҳисси ноумедӣ даст додааст."
Толибон баъди расидан ба қудрат дар 2 соли пеш занонро дар Афғонистон аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳо ва кор дар муассисаҳои зиёд маҳрум карданд. Аз манбаи даромаду зиндагӣ ҳам.
Ялдо Азизӣ мегӯяд, "фикр мекунам, ки дар хона биншинам, бекор, бе ҳама чиз, ранҷур ва мариз мешавам. Танҳо умед ҳамин буд, ки саҳар инҷо меомадам. Ба хона, ки равам, шумо ҳам мефаҳмед, бемор мешавам."
Амру фармонҳои иртиҷоии Толибон ба занони афғон хашми ҷомеаи байнулмилалиро барангехт, вале садои касе зоҳиран ба гӯши онҳо намерасад, ки батадриҷ занонро аз ҳуқуқи одии инсониашон маҳрум мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад