Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси порлумони Туркманистон, ба мақомҳои ин кишвар дастур додааст, ки сӯхторро дар як чоҳи нафт дар минтақаи Қароқум хомӯш кунанд. Пеш аз ин Бердимуҳаммадов дар соли 2010 чунин дархостро бо коршиносон матраҳ карда буд, аммо ба ин кор муваффақ нашуданд.
Акнун тибқи гузоришҳо, Туркманистон барои хомӯш кардани оташ дар ин чоҳ аз Амрико мадад хостааст. Ин чоҳ, ки "Даврозаи дӯзах" номида мешавад, дар 260-километрии Ишқобод, пойтахти Туркманистон, ҷойгир аст.
Ин чоҳ 70 метр дарозӣ ва 20 метр чуқурӣ дорад ва дар ҷараёни истихроҷи газ дар соли 1971 ба вуҷуд омад ва дар он замон заминшиносон барои пешгирӣ аз паҳншавии доираи сӯхтори газ, онро ба оташ кашиданд. Онҳо интизор доштанд, ки сӯхтор тайи чанд ҳафта хомӯш мешавад, аммо беш аз ним қарн мешавад, ки шуълаҳои он аз чоҳ забона мекашанд.
Гардишгарони зиёде аз ин маҳал дидан мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, ин оташ осебҳоеро ба муҳити зист ба бор меоварад ва саломатии сокинони минтақаро ба хатар меандозад.
Мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Туркманистон дар бораи созише гуфтугӯ мекунанд, ки метавонад боис ба ёриҳои молӣ ва фаннии Вашингтон барои пешгирии оташ шавад.
Бар асоси баровардаҳои Созмони байнулмилалии энержӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳоли ҳозир наздик ба 7 дарсади гази Туркманистон зоеъ мешавад.
Гази метан, ки аз он ҳамчун гази табиӣ истифодаи зиёд сурат мегирад, 80 баробар бештар нисбат ба гази карбони диоксид боиси гарм шудани атмосфераи замин мешавад.
Ба ҳамин далел, бисёре аз кишварҳо барои мубориза бо тағйироти иқлим ва амалӣ кардани ӯҳдадориҳои худ, барои коҳиши гази метан талош мекунанд.