Дар байни паҳлавонони тоҷик натиҷаи хубтарро Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар вазни беш аз 100 кило мақоми панҷумро касб кард. Ин паҳлавони 25-сола, ки дар рӯзи охирини рақобатҳои инфиродӣ – 13-уми май ба сабқат пардохт, дар даври аввал озод буд.
Ӯ дар даври дуюм бар Мустафо Фофана аз Гвинея пирӯз шуда, дар даври сеюм Муҳаммадумар Муҳаммадумаровро аз Имороти Муттаҳидаи Араб шикаст дод ва ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Раҳимов дар чорякфинал ба паҳлавони ҷопонӣ Кокоро Кагуера ғолиб омада, ба нимфинал баромад.
Дар даври ниманиҳоӣ рақиби Темур Раҳимов варзишгари 34-солаи фаронсавӣ Тедди Ринер буд, ки ғолиби дукаратаи Бозиҳои олимпӣ ва қаҳрамони нӯҳкаратаи ҷаҳон буд. Ринери пуртаҷриба дар ибтидои рақобат бо баҳогузории “иппон” пирӯз шуда, ба финал роҳ пайдо кард.
Темур Раҳимов бошад, шоми шанбе барои ба даст овардани медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон бо Рафаэл Силваи 36-сола аз Бразилия мубориза бурда, ноком шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард. Зимнан, Раҳимов дар мусобиқоти пешини қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд низ дар вазни сангинтарин панҷум шуда буд.
Дар вазни беш аз 100 кг Тедди Ринер аз Фаронса бори даҳум медали тилои қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард. Инал Тасоеви русиягӣ медали нуқраро азони худ кард. Алишер Юсупов аз Узбекистон ва Рафаэл Силва аз Бразилия барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Тибқи низомнома дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Қатар варзишгароне ширкат карданд, ки дар радабандии ҷаҳонии ҷудо (нашри 3-юми апрел) дар 100-гона мавқеъ доштанд.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2023 дар Доҳаи Қатар нӯҳ варзигшгар намояндагӣ кард:
-66 кг - Эмомалӣ Нуралӣ
-66 кг - Шаҳбоз Саидаброров
-73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода
-81 кг - Шодмон Ризоев
-81 кг - Сомон Маҳмадбеков
-90 кг - Комроншоҳ Устопириён
-90 кг - Ҷаҳонгир Маҷидов
-100 кг - Абубакри Акобир
+100 кг - Темур Раҳимов
Дар рақобатҳо дар вазни то 66 кг ду варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров.- ҳунарнамоӣ карданд. Эмомалӣ дар даври аввал намояндаи Сербия Страҳиня Бунчичро шикаст дод, вале дар даври дуюм аз варзишгари Бразилия Виллиан Лима мағлуб шуд. Шаҳбоз низ дар даври аввал намояндаи Имороти Муттаҳидаи Араб Гурам Ҷавшвилиро шикаст дода, дар даври дуюм аз варзишгари Руминия Лусиан Думитреску ноком гардид.
Дар вазни то 66 кило Ҳифуми Абе аз Ҷопон ҷойи аввал, ҳамватанаш Ҷоширо Маруяма ҷойи дуюм, Баскҳуу Йондонперенлей аз Муғулистон ва Валид Хйар аз Фаронса ҷойҳои сеюмро сазовор шуданд.
Дар вазни то 73 кг Беҳрӯзи Хоҷазода дар ду даври аввал бар варзишгари Куба Магдиел Эстрада ва ҷудокори Италия Ҷованӣ Эспосито пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз намояндаи Ҷопон Соичи Ҳашимото шикаст хӯрд.
Медали тило дар вазни то 73 кг насиби варзишгари Швейтсария Нилс Стамп гардид. Медали нуқраро Мануэл Ломбардо аз Италия, медалҳои биринҷиро Соиши Ҳашимотои ҷопонӣ ва Муродҷон Юлдошеви узбекистонӣ гирифтанд.
Дар вазни то 81 кг ду паҳлавони тоҷик - Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев – қувваозмоӣ карданд. Шодмон дар ду давр бар Араб Сибғатуллоҳ аз тими паноҳандагон ва Анри Эгутидзе аз Португалия ғолиб омад, вале дар даври сеюм аз қаҳрамони ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ, ки ин навбат низ унвони қаҳрамониро ҳифз кард, мағлуб шуд. Сомон бошад, дар даври аввал аз намояндаи Доминикан Медисон Корторреал шикаст хӯрд.
Дар вазни то 81 кг медали нуқраро Маттиас Касе аз Белгия, медалҳои биринҷиро Таканори Нагасе аз Ҷопон ва Ҷонван Ли аз Кореяи Ҷанубӣ ба даст оварданд.
Дар вазни то 90 кг ду паҳлавони тоҷик – Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов - рақобат карданд. Дар даври аввал Комроншоҳ бар намояндаи Зеландияи Нав Ноаҳ Валлис, Ҷаҳонгир бошад, бар варзишгари Миср Умар Элрамлӣ дастболо шуданд, вале дар даври дуюм Комроншоҳ аз қаҳрамони олимпӣ Лаша Бекаурии гурҷӣ, ки медали нуқра гирифт, Ҷаҳонгир аз Ноел Ван т Энди нидерландӣ шикаст хӯрданд.
Медали тилоро дар вазни то 90 кг Лука Майсурадзе аз Гурҷистон, медалҳои биринҷиро Маркус Нюман аз Шведсия ва Санширо Мурао аз Ҷопон касб карданд.
Дар вазни то 100 кг Тоҷикистонро Абубакри Акобир муаррифӣ кард. Вай дар нахустин рақобати худ аз Александр Куколҷи сербиягӣ шикаст хӯрд.
Дар вазни то 100 кг Арман Адамян, ки аз Русия аст ва зери парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо ҳунарнамоӣ кард, дар даври ниҳоӣ бар Лукаш Крпалек аз Ҷумҳурии Чех пирӯз шуда, медали тило гирифт. Крпалек медали нуқра, Зелим Котсоев аз Озарбойҷон ва Питер Палтчик аз Исроил барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳа 657 варзишгар (343 мард ва 314 зан) аз 99 кишвари 5 қора иштирок дошт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (5 тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 7 медал (2 тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюмро азони худ кард. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 4 медал (2 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол намуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби як ҷойи панҷум дар зинаи 28-ум қарор гирифт.
Маблағи умумии ҷавоизи молии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар Қатар як миллион евроро ташкил медод. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15 000 евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим гардид.
Дар рақобатҳои даставӣ, ки рӯзи якшанбеи 14-уми май сурат мегирад, барои ҷойи якум 90 000 евро, барои ҷойи дуюм 60 000 евро ва барои ҷойи сеюм 25 000 евро муқаррар шудааст.
Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонии ҷудо ва олимпӣ соҳиби имтиёзҳо шуданд. Аз ҷумла, ғолибон 2000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 1400 имтиёз ва ҷойи сеюм 1000 имтиёз, инчунин барои иштирок 20 имтиёз гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки ягона медалро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон аз Тоҷикистон паҳлавони машҳур Расул Боқиев 16 сол пеш ба даст овардааст. Ӯ соли 2007 дар шаҳри Рио-Де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.